Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нақши нимранги нозирони САҲА дар интихоботи Тоҷикистон


Нозирони байнулмилалӣ дар интихоботи гузаштаи порлумонии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Нозирони байнулмилалӣ дар интихоботи гузаштаи порлумонии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

То ҳол нозирони САҲА ҳеч яке аз интихоботҳои Тоҷикистонро демократӣ, шаффоф, озод ва одилона наномидаанд. Пас чаро ҳар дафъа дар ин маърака ширкат мекунанд?

Аз омодагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ва ба хусус Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари ин созмон барои ширкат дар интихоботи соли ояндаи порлумонии Тоҷикистон дар ҳоле хабар дода мешавад, ки ин созмони байналмилалӣ аз назорат дар интихоботи Узбакистон худдорӣ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки масъулони КМИРТ мегӯянд, ки САҲА барои назорати интихоботи порлумонии моҳи феврали соли ояндаи Тоҷикистон бештар аз сад нозирро мефиристад.

Абдуманнон Додоев

Абдуманнон Додоев

Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 2 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ширкати нозирони САҲА дар интихоботи порлумонии навбатӣ, бо даъвати расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сурат мегирад. Ҷаноби Додоев афзуд, бо таваҷҷӯҳ ба он ки ҳеҷ интихоботе дар кишварҳои дунё бидуни камбудӣ доир намешавад ва даъвати нозирони байналмилалӣ, ба хусус САҲА ба интихоботи Тоҷикистон низ ба хотири ислоҳи камбудӣ ва навоқиси интихоботист.

Ин масъули КМИР мегӯяд, Тоҷикистон омодааст, ба назару пешниҳоди беғаразонаи нозирони хориҷӣ гӯш бидиҳад. Ин аст, ки ба гуфтаи ӯ, дар моҳи апрели соли ҷорӣ Комиссияи Марказии Интихобот ва Райъпурсии Тоҷикистон, аз 25 тавсияи ин созмон 18 тавсияи онро ба порлумон пешниҳод ва дар санадҳои меъёрӣ ворид кардааст.

НОЗИРОН ДАР ИНТИХОБОТ ЧӢ КОР МЕКУНАНД? Ҷаноби Додоев мегӯяд: “Онҳо омада, шаффофии интихоботи моро назорат мекунанд. Ин хуб аст. Мо сиёсати дарҳои боз дорем. Албатта, ягон интихобот бе камбудӣ намешавад, вале камбудӣ аз камбудӣ фарқ дорад. Мо аз пешниҳодҳои САҲА бархеро пазируфтем ва боз биоянд, назарашонро гӯш мекунем. Аммо мавқеи онҳоро фаҳмидан душвор аст. Дар интихоботи Молдова моро даъват накарданд, вале инҳо онро шаффоф гуфтанд.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки созмонҳои ғарбӣ, ба хусус Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо муддати 20 соли ахир зимни ширкат дар интихоботҳои Тоҷикистон боре ҳам натоиҷи онро демократӣ эътироф накардаанд.

Нигина Абдуллоева, корманди дафтари САҲА дар Душанбе низ мегӯяд, ин созмон нозирони худро ба интихоботи порлумониии Тоҷикистон ҳатман мефиристад. Зеро ба гуфтаи масъулони дафтари САҲА, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ин созмони байналмилалӣ аст ва назорат дар раванди баргузории интихоботи порлумонии Тоҷикистон имкон хоҳад дод, то иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии ин кишвар рӯшан шавад.

ЧАРО БАҲОИ НОЗИРОНИ САҲА ТАЪСИРГУЗОР НЕСТ? Намояндагони ҳизбҳои мухолифи ҳукумат мегӯянд, САҲА дар Тоҷикистон сиёсати дугонаеро пеш гирифтааст. Онҳо мегӯянд ин созмон бо як даст гузориши танқидӣ аз интихоботҳо менависад ва бо дасти дигар ҳамкориҳои густардаро бо ҳукумат ба роҳ мемонад.

Муҳаммадалии Ҳайит

Муҳаммадалии Ҳайит

Маҳмадалии Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, “Ҳадаф аслан манофеи геополитикии кишварҳои аврупоист. То вақте, ки манфиатҳои онҳо дар Тоҷикистон беосеб аст, онҳо интихоботро ҷиддӣ намегиранд. Интихоботро ҳамчун як васила истифода мекунанд. Ҳарчанд, ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳои ҷиддиашонро напазирад ҳам, онҳо хомӯшона боз назорат мекунанд.”

ПЕШРАФТ Ё РАСМИЯТПАРАСТӢ? Чанде аз пешниҳодҳои муҳими САҲА, аз ҷумла ширкати нозирони аҳзоб дар қитъаҳои райдиҳӣ ба ҳангоми шумурдани райъҳо аз ҷумлаи даҳҳо тавсияҳои муҳими САҲА буд, ки ба қавли ин масъули ҲНИТ то ҳол ба қонунгузории Тоҷикистон ворид нашудааст. Муҳамадалии Ҳайит мегӯяд,ин шеваи кор обрӯйи САҲА-ро дар ҷомеаи Тоҷикистон коҳиш додааст.

Аммо Усмон Солеҳ, намояндаи Ҳизби ҳокими Халқии Демократии Тоҷикистон мегӯяд, ин далел, ки САҲА ҳар вақт даъвати Тоҷикистонро мепазирад ба маъноест, ки онҳо пешравиро дар равандҳои сиёсӣ мушоҳида мекунанд. “Дар ҳоле, ки САҲА аз ширкат дар интихоботҳои бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ, назири Узбакистон худдорӣ мекунад, ширкаташ дар интихоботи Тоҷикистон ба маънии эътирофи он ва боло рафтани имиҷи сиёсии Тоҷикистон аст.”

Аммо аз сӯи дигар танҳо ҳизбҳои сиёсӣ нестанд, ки то рафт ба ояндаи маъракаҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон дилсард мешаванд. Худи САҲА низ дар қатори 25 тавсияи тағйир ба раванди маъракаҳои сиёсӣ ҳукуматро аз таваҷҷуҳи ками шаҳрвандон ба интихобот огоҳ кард. Дар интихоботҳои гузашта бархе овоздиҳандаҳо ба ҳавзаи интихоботӣ нарафтанд, бархи дигар ба ҷойи худ калони хонаводаро ба интихобот мефиристанд. Танқидҳое, ки аз ҷониби нозирони САҲА садо медиҳанд, хеле кам ба пешрафти раванд мусоадат кардаанд ва шояд аз ин ҷост, ки бархе аз коршиносон ширкати онҳоро дар интихобот бештар як расмият меноманд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG