Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳайати парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар сафаре ба Тоҷикистон масъаалҳои марбут ба беҳбуди равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ, рушди демократияву матбуоти озод, ҳуқуқи инсонро баррасӣ кард.

Бино бар хабари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон сафари ҳайати порлумонии САҲА аз Шведсия ва Дания ба Тоҷикистон муваффақиятомез будааст.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон муҳтавои аз мулоқоти ин ҳайат бо бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои хориҷӣ, Сироҷиддин Аслов, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров хабар дода, мегӯяд гуфтугӯ дар ин нишастҳо дар се самти асосӣ - сиёсию амниятӣ, иқтисодию экологӣ ва рушди инсонӣ ҷараён гирифт.

Бино ба иттилои ин манбаъ, «таваҷҷуҳи зиёд ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, тақвияти муҳофизат ва идораи марзи давлатии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, бартарафсозии мушкилоти ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, поксозии қаламрави Тоҷикистон аз мина ва дигар моддаҳои тарканда ва рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ зоҳир гардид».

Аммо дар иттилоияи расмии ҳайати аврупоӣ, ки аз сӯи Кент Ҳарстед, узви Кумитаи дифои парлумони САҲА раҳбарӣ мешуд ва пас аз вохӯрӣ бо мақомоти Тоҷикистон дастраси «Озодӣ» гашт, омадааст, ки дар мулоқот бо мақомот, намояндагони ҷомиаи шаҳрвандиву расонаҳои хабарӣ вазъи Афғонистон ва таъсири он ба Тоҷикистон, беҳбуди равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ, рушди демократияву матбуоти озод, ҳуқуқи инсон ва ғайра баррасӣ шуд. Ҳамчунин аз қавли Кент Ҳарстед хабар дода шудааст, ки ҳайати аврупоӣ бахусус аз нобаробарии ҷинсӣ, шароит барои мухолифони сиёсӣ ва маҳбусон изҳори нигаронӣ кардааст.

Мулоқоти ҳайати парлумонии САҲА бо намояндагони ҷомеаи маданӣ, ҳарчанд ба гуфтаи сарони бархе аз созмонҳои ғайридавлатӣ, дар доираи хеле маҳдуд сурат гирифт, ба масъалаҳои умда бахшида шудааст. Қироншоҳ Шарифзода, котиби Шӯрои матбуоти Тоҷикистон гуфт, дар мулоқот бо парлумониёни САҲА «се масъалаи муҳим матраҳ шуд: дастрасӣ ба иттилоот, бахусус аз манобеи расмӣ ҳанӯз ҳам дилхоҳ нест, монеагузориҳо ба сомонаҳои милливу хориҷӣ ҳамоно давом дорад ва гуфтем, ки муносибати мақомоти давлатӣ ба расонаҳои, ба истилоҳ ҳукумативу мустақил ҳамоно духӯра аст. Хулоса, фикри ҳама асосан сари ҳамин се нукта мутамарказ буд.»

Шокирҷон Ҳакимов, доктори улуми сиёсӣ, мегӯяд, яке аз стратегияҳои САҲА амният дар дохили кишварҳои узви созмон аст ва масоили бисёрҳизбӣ, равандҳои демократӣ ва ҳуқуқи башару вазъи зиндонҳоро дар ҳамбастагӣ бо он мебинанд: «Аз ин хотир, имрӯз онҳо лозим донистанд, ки дар робита бо вазъи муносибатҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон, хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ва авомили дигар ин масъалаҳоро ба баррасӣ гиранд. Хуб маълум аст, ки ба назари ман, Афғонистон барои мо хатар нест.»

Дар ин иттилоия аз мулоқоти ҳайати парлумониҳои Данияву Шведсия мулоқот бо аҳзоби сиёсӣ зикр нашудааст ва дар суҳбат бо «Озодӣ» раҳбарони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳеҷ гуна мулоқоте бо ҳайате аз САҲА надоштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG