Пайвандҳои дастрасӣ

САҲА: "Раванди демократия дар Украина ақиб андохта шуд"


Валбурга Ҳабсбург Дуглас, раҳбари нозирони интихоботии САҲА

Валбурга Ҳабсбург Дуглас, раҳбари нозирони интихоботии САҲА

Нозирони байналмилалӣ ба шеваи баргузории интихоботи Украина, ки рӯзи якшанбе доир шуд, баҳои манфӣ додаанд.

Валбурга Ҳабсбург Доуглас, раҳбари нозирони интихоботии САҲА (ОБСЕ) дар нишасти хабарие дар Киев гуфт, ин интихобот раванди демократия дар Украинаро ба "ақиб" баргардонд. Ба қавли ӯ, мақомоти расмӣ аз ҳизби ҳокими Украина бо истифода аз мавқеи идории худ дар натиҷаҳои интихобот таъсир расондаанд.

Хонум Дуоглас ҳамчунин изҳор дошт, ки дар матбуот ҳизбҳои сиёсӣ ба таври нобаробар таблиғ шуда, шаффофияти сармоягузорӣ дар маъракаи интихобтӣ дида намешуд. Дар интихоботи парлумонии Украина шумориши баргаҳои раъй ба поён нарасидааст. То ҳол ҳизби ҳокими президент Виктор Янукович дар сафи пеш қарор дорад. Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, ҳизби вай бо номи “Минтақаҳо” 35 дарсад раъй ба даст овардааст.

“Баткившина” ё ҳизби “Сарзамини падарӣ”-и Юлия Тимошенко --нахуствазири пешин, ки дар зиндон ба сар мебарад, бо 22 дарсади овозҳо дар мақоми дувум аст. Ҳизби Коммунист бо 15 дарсад дар зинаи севум қарор дорад. Ҳизби “Удар” ё “Зарба”-и Виталий Кличко --қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи бокс 13 дарсад ва ҳизби “Свобода” бо 8 дарсад дунболи ҳам омадаанд.

Мариана Драч

Мариана Драч

Аммо интихоботи кунунӣ аз интихоботи пешини парлумонии Украина бо чӣ фарқ мекунад ва чаро ин интихобот демократияи ин кишварро мумкин аст зери суол барад? Дар мусоҳибае бо мо Мариана Драч, таҳлилаги умури Украина дар Радиои Озодӣ, дар ин бора изҳори назар кард.

Драч: "Ин падида, ки дар Украина демократия ба мушкил гирифтор шудааст, дуним соли пеш мушоҳида шуда буд. Вақте Виктор Янукович дар ин кишвар ба қудрат расид, нозирони байналмилалӣ дар ин замина аз вай интиқод мекарданд. Ҳоло “Ҳизби Минтақа”-ҳои Янукович бештари курсиҳоро дар парлумон ишғол мекунад, вале то ҳол рӯшан нест, ки оё дар парлумон аз 3 ду ҳиссаи овозҳоро ба даст орад. Дар бораи сарнавишти демократия дар Украина бояд бигӯем, ки агар ин ҳизб бо муттаҳидонаш аз 3 ду ҳиссаи ороро ба даст оранд, дар он сурат онҳо метавонанд Қонуни Асосиро тағйир диҳанд ва раисиҷумҳурро дар пралумон интихоб кунанд."

-Оё то ҳол нозирони байналмилалӣ ё созмонҳои байналмилалӣ дар бораи тарзи баргузории интихобот изҳори назар кардаанд?

Драч: "Нуктаи муҳиме, ки Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ба он арҷ мегузоранд, арзёбии САҲА мебошад. Имрӯз нозирони ин созмон натиҷаҳои арзёбии худро эълон карданд, вале он ниҳоӣ нест. Дар ин эъломия гуфта мешавад, ки ин интихобот шаффоф набудааст ва душвориҳое дорад, ки ба масъалаҳои сармоягузории ҳизбҳои сиёсӣ дар маъракаи интихоботӣ вобаста аст. Мушкили дигар, таблиғи нобаробари маъракаи интихоботии ҳизбҳо дар воситаҳои ахбори умум дониста мешавад. Гузашта аз ин, нозирон мегӯянд, ки табақаи олигарх ё нухбагони иқтисодӣ ба раванди интихоботи таъсири қаввӣ расондаанд. Дар ниҳоят, ақидаи нозирон он аст, ки Украина сазовори интихоботи беҳтаре буд, нисбат ба ин интихоботе, ки баргузор шуд."

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG