Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нақши ангушти раъйдиҳандагон ва коҳиши арзиши гаравпулӣ аз пешниҳоди тозаи фаъолони сиёсии Тоҷикистон аст.

Ба андешаи фаъолони сиёсии Тоҷикистон, то интихоботи парлумонии кишвар фурсати кофӣ дар пеш аст ва дар ин муддат бояд Қонуни интихоботи парлумон таҳрир шавад. Ин пешниҳод дар ҷаласаи соланаи САҲА дар Душанбе садо дод ва иштирокдорони нишаст ба баргузории интихоботи шаффоф ва демократӣ дар кишвар даъват карданд.

Фаъолони сиёсӣ дар ҳоле ба баргузории интихоботи одилонаи парлумонӣ даъват карданд, ки соли 2010 ба гуфтаи нозирон ин маърака бо нақзи ҳуқуқи номзадҳо ва раъйдиҳандагон сурат гирифт.

Ҳамчунин пешниҳод шуд, гаравпулии интихоботӣ поин бурда шавад, то иштироки довталабҳо аз табақаҳои нодор дар интихоботҳои Тоҷикистон имконпазир шавад.

Илҳом Ёқубов, аз масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфт : «Гаравпулӣ дар интихоботи парлумонии соли 2010 барои ҳар довталаб 8 хазор сомонӣ (баробари 200 маоши ҳадди аққал) буд. Сентябри имсол ин маблағ боз ҳам афзоиш меёбад. Ин маблағ барои аксар ҷавонони тоҷик, ки мехоҳанд дар интихобот нерӯи худро озмоянд, гарон аст».

Бархе аз иштирокдорони ҷаласа гуфтанд дар ҷараёни ислоҳи қонуни интихоботи парлумонӣ зарур аст, ки шаҳрвандони бидуни дипломи мактаби олӣ низ ҳақи ширкат дар интихоботи парлумониро пайдо кунанд.. Ба гуфтаи онҳо, як қисми шаҳрвандони тоҷик бинобар сахтии рӯзгор ва муҳоҷирати корӣ имкони таҳсил дар макотиби олиро надоранд ва бояд давлат барои онҳо низ ҳақи баробар бо нафарони соҳибдипломро фароҳам оварад.

Дар ҷаласаи солонаи намояндагии САҲА дар Душанбе дар мавзӯи рушди инсон (2-3 июл) доғтарин масъалаҳои марбут ба таъмини ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, озодии баён ва мушкилоти расонаҳои интернетӣ, озодии виҷдон ва ақида, адолати додгоҳӣ, муқобала бо терроризм ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, манъи шиканҷа, таъмини меъёрҳои демократии интихоботӣ ва иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин нишаст намояндагони мақомоти давлати Тоҷикистон, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, бархе аҳзоби сиёсӣ, ҳуқуқдонҳову вакилони мудофеъ ширкат доштанд. Пешниҳоди иштирокдорони нишаст дар заминаи ислоҳ ва беҳбуди вазъи таъмини ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ба САҲА ва намояндагони мақомоти давлати Тоҷикистон ироа гардид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG