Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии САҲА аз маҳудшавии дастрасӣ ба торнамои “Азия Плюс”


Дуня Миятович гуфт, “маҷрои озоди иттилоъ набояд баста шавад"

Дуня Миятович, масъули вижаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии баён аз масдуд шудани дастрасӣ ба торнамои хабаргузории “Азия Плюс” ибрози нигаронӣ кард.

Ӯ дар як баёнияи расмӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хост, маҳдудияти дастрасӣ ба ин торнамо ва дигар торнамоҳои хабарӣ дар Интернетро аз байн бардорад. Дастрасӣ ба торнамои “Азия Плюс” ба далоили номаълум имрӯз дар Тоҷикистон номумкин шуд, вале аксарият ҳадс мезананд, ки ин кори мақомот ба амалиёти махсусе иртибот дорад, ки дар шаҳри Хоруғ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ сурат мегирад.

Дуня Миятович гуфтааст, номумкин шудани дастрасӣ ба торнамои Радиои “Азия Плюс” “як таҳаввулоти таассуфангез аст ва бори аввал ҳам нест, ки торнамоҳо дар Тоҷикистонро масдуд мекунанд.” Ба гуфтаи Дуня Миятович, “бо вуҷуди нигарониҳои амниятӣ, набояд маҷрои озоди иттилоъ баста шавад ва амният бе матбуоти озод буда наметавонад.” Дар идомаи баёния ӯ гуфтааст, “Мардум бояд иттилоъ аз манобеъи гуногун дастрасӣ дошта бошад ва матбуот бояд тавонанд доир ба мушкилот гузориш диҳанд, ҳатто агар масъалаи ҳассоси амниятӣ бошад.

Таври маълум дар шаҳри Хоруғ маркази вилояти Бадахшон, амалиёте алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ идома дорад ва ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, дар ҷараёни ин амалиёт 42 нафар, аз ҷумла, 30 ҷангӣ ва 12 нафар аз кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 40 нафар аз аъзои гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла 8 шаҳрванди Афғонистон, ки узви ин гурӯҳ буданд, боздошт шудаанд. Ин гурӯҳҳоро бо раҳбарии Толиб Аёмбеков ба қатли генерал Абдулло Назаров, сардори раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Бадахшон муттаҳам мекунанд, ки рӯзи 21 дар наздикии шаҳри Хоруғ кушта шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG