Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси обу энержӣ ва вазъи Афғонистон дар дидори Дачич бо Раҳмон


Раиси амалкунандаи САҲА кӯмак ба беҳбуди вазъи амниятии Осиё Марказӣ ва мусоидат ба ҳалли масоили мавҷудаи минтақаиро аз ҳадафҳои аслии ин созмон арзёбӣ кард.

Ивитса Дачич, раиси амалкунандаи Созмони амнияти ва ҳамкории Аврупо пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбеи 1-уми апрел дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, “дар ин мулоқот масоили умдаи кишварҳои минтақа матраҳ шудааст.”

Аз ҷумла ба гуфтаи ин мақоми баландапояи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, баҳси об, масоили энержӣ, муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру силоҳ ва ҳам таъмини амният дар Афғонистон ва тахдидҳои афзояндаи “Давлати исломӣ” ба Осиёи Марказӣ, аз масоили умдаи мавриди гуфтугӯ дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷии кишвар буданд.

Ҷаноби Дачич афзуд, “ман барои аввалин бор аст, ки дар ин симат ба Тоҷикистон ташриф овардам ва ният дорам ҳамингуна аз кишварҳои дигари минтақа низ дидан намоям. САҲА қабл аз ҳама бояд барои кишварҳои Осиёи Марказӣ чун шарик дар самти таҳкими амният ва муносибот бошад. Ва набояд ба масоили дохилии ин кишварҳо мудохила намояд.”

Аммо дар ин баробар ҷаноби Дачич вазъи Укаринаро мушкили рақами яки САҲА ном бурд ва гуфт, ин созмон талош дорад ба ҳайси миёнрав ба масъала мунсифона расидагӣ кунад. Вай дар идомаи сӯҳбаташ афзуд, “ҳадафи мо иҷроиши қарордоди Минск аст ва ҷонибҳо, бояд омода боҳанд, ки ин қарордодро иҷро кунад. Зеро аз таҷрибае, ки мо дорем, мутамаин ҳастем, ки ин гуна низоъро танҳо бо роҳи мусолиматомез мешавад ҳал кард.”

Боздиди Ивитса Дачич, раиси амалкунандаи САҲА, ки ҳамзамон муовини аввали раиси ҳукумат ва вазири корҳои хориҷии Сербия аст, рӯзи гузашта аз Тоҷикистон оғоз шуд. Раиси амалкунандаи САҲА дар нимаи дуюми имрӯз бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷӣ дидору гуфтугӯҳо анҷом дод.

Ивитса Дачич бар иловаи баррасии равобиту ҳамкориҳои САҲА бо Тоҷикистон, ҳамчунин густариши муносибот миёни Сербия бо ин кишвари Осиёи Марказиро баҳс намудааст. Ҷаноби Дачич, дар мавриди дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Сербия гуфт, “ин кишварҳо бо ҳам дӯст ҳастанд ва мо бояд қабл аз ҳама гуфтугӯи сиёсиро рушд бидиҳем, сафарҳои дуҷонибаро дар сатҳи олӣ ба роҳ монем ва муносиботи тиҷоратиро, густариш бахшем. ”

Ивитса Дачич мизони табодули моло коло миёни Тоҷикистон ва Сербияро дар ҳоли ҳозир нокофӣ арзёбӣ кард. Дар ҳоле ба таъкиди муовини ҳукумат ва вазири корҳои хориҷии Сербия, миёни ин кишвар ва Тоҷикистон имконоти фаровони ба роҳ мондани ҳамкории муштарак, вуҷуд дорад.

Сафари Ивитса Дачич - раиси амалкунандаи САҲА, муовини аввали раиси ҳукумат, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия, фардо, 2 апрел ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG