Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Беларус хоста шуд, ки Шабнамро ба Тоҷикистон надиҳад


Акси Шабнам Худойдодова

Акси Шабнам Худойдодова

Иттиҳодияи Аврупо аз мақомоти Беларус хостааст, ки Шабнам Худойдодова -- узви боздоштшудаи “Гурӯҳи 24” дар ин кишварро ба ҷониби Тоҷикистон надиҳад.

Иттиҳодияи Аврупо аз мақомоти Беларус тақозо кардааст, ки Шабнам Худойдодова -- шаҳрванди Тоҷикистон ва узви боздоштшудаи созмони сиёсӣ, аммо мамнӯи "Гурӯҳи 24"-ро ба Душанбе таслим накунад. Худойдодова 12 июни соли ҷорӣ бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар роҳи оҳани Брест-Восточний аз сӯи марзбонҳои Беларус дастгир шуд ва то кунун дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебарад.

Иттиҳодияи Аврупо дар изҳороти рӯзи 2 июлаш аз боздошти ин фаъоли "Гурӯҳи 24" дар Беларус изҳори нигаронӣ карда ва, инчунин, аз Тоҷикистон хостааст, ки вазифаҳояш дар назди ин созмонро ба пуррагӣ иҷро кунад. Дар изҳороти Иттиҳодияи Аврупо аз Тоҷикистон талаб шудааст, роҳро барои баёни андешаҳои алтернативӣ боз намояд.

Шабнам Худойдодоваи 29-сола, шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо сабаби дар пайгарди байнулмилалӣ буданаш дар Беларус боздошт шуд, ҳоло аз мақомоти ин кишвар ҳаққи паноҳандагӣ дархост кардааст. Қаблан мақомоти Беларус гуфта буданд, истирдоди ӯ дар миён аст.

Масъули анҷумани "Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ" Надежда Атаева, ки аввалин шуда хабари боздошти Худойдодоваро пахш кард, мегӯяд, ин ҷавонзан дар пайи пахши матнҳои танқидӣ дар ҳаққи ҳукумати Тоҷикистон ва узвияташ дар "Гурӯҳи 24" маҷбур шуд аз Русия фирор карда, ба Беларус ба хотири додани аризаи паноҳандагӣ ба Созмони Милал сафар кунад. Аз рӯи қонунҳои Беларус, дар сурати аризаи паноҳандагӣ додани шаҳрванди хориҷии боздоштшуда ва муттаҳам дар ҷиноят дар Ватани худ, бояд то анҷоми таҳқиқ ва содир шудани қарори мақомот мунтазири қарори мақомот бимонад.

Дар ҳамин ҳол, модари Шабнам – Ҷамила Худойдодова дар Кӯлоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сохторҳои қудратӣ шурӯъ аз моҳи январи имсол ба хонаи онҳо омада, дар бораи узвияти духтараш “дар кадом гурӯҳе” хабар додаанд ва аз ӯ хостаанд, ки духтарашро ба Тоҷикистон баргардонад. Ин модари 5 фарзанд мегӯяд, то ҳол мушаххас намефаҳмад, ки духтари ӯ дар кадом ҷиноят гунаҳкор аст.

Худи Шабнам Худойдодова модари як духтарчаи шашсола аст, ки дар тарбияи модаркалонаш дар Кӯлоб аст. Ӯ бо ҳамсари худ ҷудо шуда, солҳои охир дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳамроҳ бо хоҳари калониаш Мижгона бо парастории афроди пиронсол пул кор мекард ва аз ин ҳисоб ба модару кӯдакаш ёрӣ мерасонд. Се соли охир ӯ ба Тоҷикистон наомада ва бори охир модарашро як сол пеш дар Санкт-Петербург дида будааст.

Ба иттилои Мижгона Худойдодова, хоҳари калонии Шабнам, дар фурсати холӣ аз кор ӯ тавассути интернет аз рӯйдодҳои Тоҷикистон бохабар мешуд ва “фикру андешаҳои худро дар бораи ноадолатиҳо дар ин кишвар нашр мекард”, гоҳе бо раҳбарони мухолифин ҳам тавассути интернет сӯҳбатҳо анҷом медод. Ба гуфтаи Мижгона Худойдодова, Шабнам ҳеҷ гоҳ рӯбарӯ бо ин афрод мулоқот накардааст.

Дар Тоҷикистон “Гурӯҳи 24” бо қарори Додгоҳи олӣ созмони экстремистӣ эълон шуда, пайравонаш дар сурати боздошт ҳабс мешаванд. То кунун чанде аз аъзо ва тарафдорони “Гурӯҳи 24” дар Тоҷикистон боздошт ва ҳукми зиндон гирифта, дар оғози моҳи июн Эҳсон Одинав, маъруф бо имзои мустаори "Сарафрози Оламафрӯз", аз фаъолони интернетии "Гурӯҳи 24" низ нопадид гардидааст. Вай бо иттиҳоми рахна задан дар почтаи электронии яке аз сафоратҳои Тоҷикистон ва шикастани қуфли почтаи нашрияи "Вечерка" аз тарафи Интерпол ҷустуҷӯ мешуд.

XS
SM
MD
LG