Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобати филмҳои хориҷӣ барои дарёфти ҷоизаҳои Oscar


Академияи синамогарони Амрико феҳрасти филмҳои довталаб ба дарёфти ҷоизаи олии Оскар дар бахши беҳтарин филми хориҷиро нашр кард. Ба иттилоъи Hollywood Reporter, аз миёни 61 филми пешниҳодшуда, имсол ғайримаъмул нӯҳтояшро барои муҳокима ва довталабӣ интихоб гардид.


Одатан ҳакамон танҳо ба панҷ филми истеҳсоли мамолики хориҷ иҷозаи ширкат дар озмунро медод. Зимнан филмномаҳои «Об» аз Канада, «Пас аз тӯй» - Дания, «Авеню Монтен» - Фаронса, «Зиндагии дигарон» - Олмон, «Рӯзҳои шараф» - Алҷазоир, «Лабиринти Пан» - Мексико, «Китоби сиёҳ»-и Ҳуланд, «Бозгашт»-и Испаниё ва «Витус»-и Суис муддаиёни аслии ҷоизаи «Оскар» мебошанд. Дар марҳалаи дуввум кумитаи вижаи иборат аз 30 довар панҷ филми ниҳоиро интихоб мекунад, исми довталабони 79-умин ҷоизаи бонуфузи «Оскар» 23-юми январ эълом хоҳад шуд. Маросими супурдани ҷоизаҳо 25-уми феврали соли равон баргузор мешавад.



Лоиҳаи тавофуқномаи байнидавлатии Тоҷикистону Бритониё оид ба пахши барномаҳои родиёи Би Би Си дар қаламрави Тоҷикистон ояндаи наздик барои баррасӣ ба ҳукумати ин кишвар ирсол мешавад. Кумитаи родиё телевизиони Тоҷикистон мегӯяд, дар ин тавофуқнома мушаххас гуфта шудааст, ки ҳаққи пахши барномаҳои Би Би Си рӯйи мавҷи ФМ-ро кӣ бояд пардохт кунад, номгӯи барномаҳо ва мӯҳтавои аслии он чист.



Ёдрас менамоем, ки пахши барномаҳои БиБиСи рӯйи мавҷи ФМ дар ҳудуди Тоҷикистон як соли қабл мутаваққиф шуда буд. Сабабашро мақомоти расмӣ дар адами қарордоди байниҳукуматии Тоҷикистону Бритониё унвон карданд. Мудохила ба қазияи БиБиСи дар Тоҷикистонро ҳафтае пеш вазири хориҷаи ин кишвар Ҳамрохон Зарифов зимни мулоқот бо намояндагони диплумосии мамолики ғарбӣ ваъда дода буд.


Ширкати синамои Warner Bros.-и Амрико тасмим дорад дар бораи марги корманди собиқи Хадамоти амниятии Русия Александр Литвиненко филм созад. Ин ширкат бо пардохти маблағи ҳангуфте ба Алан Коуэлл, хабарнигори нашрияи The New York Times дар Лондон, китоби мавсум ба «Саргузашти Саша: ҳаёт ва вафоти ҷосуси рус»-ро, ки ҳоло менависад, моли худ кард ва филномаи ҷадид аз рӯйи ин асар таълиф мешавад. Китоби мазкур давоми соли ҷорӣ интишор хоҳад шуд.

Марги Литвиненко ба истилоҳ манбаъи илҳом барои сенариянависон шуд. Ҳоло ширкатҳои азими синамо барои сенарияи филме оид ба зиндагиномаи корманди пешини хадамоти амниятии Русия маболиғи зиёдеро омодаанд пардохт кунанд. Ширкати дигари маъруфи Ҳолливуд - Columbia Pictures низ гуфт, мехоҳад филмномаи худро оид ба Литвиненко ба навор гирад. Сенарияи ин филм аз рӯйи китоби ҳамсари Литвиненко Марина ва дӯсти ӯ Александр Голдфарб навишта мешавад. Ин китоб «Марги муртад» ном дорад. Columbia Pictures аллакай ба муаллифони он ним миллион доллари амрикоӣ ҳаққи қалам додааст.


Марҳалаи аввали озмуни ҷумҳурии овозхонони тоҷик - «Навои дил» натиҷагирӣ шуд. 15 сарояндаи эстрадӣ аз миёни 171 нафар ғолиби озмун эълом шуданд. Аз ҷумла гурӯҳҳои «Авасто» бо суруди «Ёри ҷонам», «Дилноз» - «Ёр бигӯям», «Шамс» - «Миҷгонсиёҳ», >«Вазир» ва Ҷӯрабек Муродов - бо суруди «Зулайхо», «Шабдез» ва Дилноз Акрамова - «Фардо» ва ҳунармандон Манижаи Давлат, Самад Ғанӣ, Шабнами Сурайё, Давлат Назрӣ, Жанна Шаинян ва Зафар Абдуалимов, инчунин Кирилл Камбаров, Мидей, Бахтовар, Сабина Шамсед ва Манижа Ҳамроева соҳиби ҷоизаи «Навои дил» хоҳанд шуд. Расми тақдими ҷоиза рӯзи 9-уми феврал дар назар аст, пас аз як рӯзаш барномаи ҳунарии ғолибони озмун дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад.



Филмномаи нави оид ба Адолф Ҳитлер, ки ҳафтаи гузашта нахустин бор намоиш дода шуд, дар бозори синамои Олмон пешгом шудааст. Аввалин мазҳакаи олмонӣ, ки ба пешвои миллатгароён бахшида шудааст, аз рӯйи нуфуз ва пазириш ҳатто аз филмҳои маъруфу серхаридор, мисли «Казино Роял» дар бораи Ҷеймс Бонд, ва «Шабе дар осорхона» пеш гузашт.


Дар филми "Фюрери ман". "Ҳақиқати воқеии зиндагиномаи Ҳитлер" коргардон Дани Леви оид ба айёми тифлии канслери Олмон ҳикоят мекунад. Ба андешаи Леви, Ҳитлери хурдсол аз бемории энурез азият мекашид, баъдтар ба маводди мухаддир моил шуд.


Таҳиягари филм ҳамчунин сусткамарии Ҳитлер ва ин ки ӯ наметавонад хостаҳои маъшуқааш Ева Браунро бароварда созад, барҷаста нишон медиҳад.
Филми нав аз сӯйи мунаққидон ба гунаҳои мухталиф арзёбӣ шуд. Ҷамъияти яҳудиёни Олмон изҳор кардааст, ки манзури ом шудани мазҳакаи «Фюрери ман» метавонад ангезаҳои зиддияҳудиро афзун кунад. Ба гуфтаи ин созмон, саҳнаи раддимарзкуниҳо, қатли миллионҳо нафар аз дасти миллатгароён дар Аврупоро намешавад мазҳака гуфт, балки ин филм вокунишҳои ғайриинтизор метавонад ба бор орад.
XS
SM
MD
LG