Пайвандҳои дастрасӣ

Питирим: Тоҷикҳо беш аз дигарон ба Ислом содиқтар будаанд


Питирим - роҳиби калисои "Николи муқаддас" дар пойтахти Тоҷикистон

Питирим - роҳиби калисои "Николи муқаддас" дар пойтахти Тоҷикистон

Роҳиби православ дар Душанбе мегӯяд, ки дар 50 соли аввали мавҷудияти калисои ортодокс дар пойтахти Тоҷикистон ҳамагӣ як тоҷики мусулмон ба ин дин гироиш кардаасту бас.

Пайравони православ, як фирқаи дини масеҳӣ, дар Тоҷикистон рӯзи якуми май Иди Фусҳо ё Пасхаро таҷлил карданд. Даҳҳо нафар аз православҳои Тоҷикистон шаби 30­ апрел ба 1 майро дар калисо дар интизори пайдо шудани Оташи муқаддас дар Байтулмуқаддас рӯз намуданд.

Субҳи якуми май низ пайравони ин шохаи дини масеҳӣ гурӯҳ-гурӯҳ ба калисои ортодокси "Николи муқаддас" дар Душанбе омаданд. Иди Фусҳо барои православҳо "ҷашни ҷашнҳо" ва ё муҳимтарин маросими диниашон аст, ки баъди анҷоми рӯздарории 49-рӯза таҷлил мешавад.

Галина Илишенко, сокини шаҳри Душанбе, ки барои таҷлили Фусҳо ба калисои “Николи муқаддас” дар Душанбе омад, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, онҳо то анҷоми ҳафта ҷашни Фусҳоро таҷлил мекунанд. "Мо дар ин ҷашн дастархони худро ҳатман бо кулич ва тухмҳои рангкардашуда оро

медиҳем. Тухм, ки дар дарунаш ҳаёт вуҷуд дорад, рамзи ҳаёти ҷовидон аст. Баъдан нафароне, ки то ин замон рӯзадор буданд, имкон пайдо мекунанд, аз ширу гӯшт ва моҳӣ истеъмол кунанд," – афзуд ӯ.

Насрониҳои православ дар рӯзи Фусҳо нахуст дар калисо шамъ мегузоранд ва баъдан усқуф ба кулич, як навъи ширинии идона ва тухмҳои рангкардаи онҳо оби муқаддас мепошад, ки танҳо пас аз он православҳо аз он истеъмол мекунанд. Пас аз шамъгузорӣ ва шунидани дуову ниёиши усқуф дар калисо, парвославҳо ба мазори гузаштагонашон мераванд ва сари қабри онҳо гул мегузоранд, чунки зиёрат аз марқади эшон ҳам яке аз суннатҳои иди Фусҳо будааст.

Роҳиби калисои “Николи муқаддас”-и Душанбе падар Питирим дар суҳбат бо Озодӣ рӯзи 1 май гуфт, ҷашни Пасхаро дар ин калисо чанд ҳазор нафар пайравони православ таҷлил карданд. “Ин чанд ҳазор онҳое, ҳастанд, ки бояд ҳамеша дар калисо бошанд. Аммо ибодаткунандагони доимии калисои мо ҳамагӣ 300 нафаранд,” – гуфт ӯ

ва афзуд, “барои ҳамин, дар ҳамаи ҷамъомадҳо ба ҳозирин мусулмонҳоро мисол меорам, ки рӯзҳои ҷумъа қариб 90 дарсади мардонаш дар масҷид ҳозир мешаванд. Дар мо ҳамагӣ 10 дарсад ва ё аз ин ҳам камтари одамон ба калисо меоянд.”

Имсол аз зуҳури расмии фирқаи провослави масеҳият дар кишварҳои Осиёи Миёна ва аз ҷумла Тоҷикистон 145 сол пур мешавад. Пас аз он ки Осиёи Миёна ба ҷузъе аз мустамликаи Русияи подшоҳӣ табдил ёфт, 4 майи соли 1971 епархияи Туркистон таъсис ёфтааст, ки калисоҳои дар ҳудуди имрузаи Тоҷикистон қарордошта ҳам тобеи он будаанд.

Аммо падар Питирим мегӯяд, Русияи подшоҳӣ ҳеч гоҳ сиёсати ба зӯр ҷалб кардани аҳолии маҳаллиро ба ин шохаи дини масеҳӣ пеш намебурд: “Ҷалби мусулмонон ба масеҳият натанҳо ташвиқ намешуд, балки мамнуъ эълон шуда буд. Ин сиёсати дурст буд, чунки ин кор метавонист муноқишаи байни динҳоро ба вуҷуд орад. Ин аст, ки дар тӯли 50 соли аввали фаъолияти калисо аз шумори аҳолии маҳаллӣ 15 нафар

узбак, 13 нафар туркман ва 18 нафар қирғиз ба масеҳият гаравиданд. Аммо ҷолиб ин аст, ки аз шумори тоҷикон танҳо як нафар ба ин дин гаравидааст. Аз ин ҷиҳат тоҷикон аз ҳама бештар ба дини анъанавии хеш - Ислом содиқ будаанд”.

Дар Тоҷикистон ба ҷуз аз калисои православ, калисои фирқаҳои дигари масеҳият, аз ҷумла католикҳо ва протестанҳо ва Адвентистҳои рӯзи ҳафтум арзи вуҷуд доранд. Аммо дар муқоиса бо ҳамаи шохаҳои дини масеҳӣ пайравони шохаи православӣ, ки асосан русҳоянд, дар Тоҷикистон бештар ҳастанд. Тибқи омори нуфусшумории охир дар Тоҷикистон 34 ҳазор русҳо зиндагӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG