Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Давлати исломӣ": Умар Матин "сарбози" хилофат буд (ВИДЕО)


Акси Умар Матин, ки худаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштааст.

Акси Умар Матин, ки худаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштааст.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" мегӯяд, ҷавони афғоне, ки 49 нафарро дар як клуби ҳамҷинсгароён дар шаҳри Орландо кушт "сарбози" ин гурӯҳи ифротгаро будааст.

Гурӯҳи террористии Давлати исломӣ мегӯяд, фарди мусаллаҳе, ки рӯзи 12-уми июн дар мудҳиштарин тирандозӣ дар таърихи Амрико 49 нафарро дар як клуби шабонаи ҳамҷинсгароён дар шаҳри Орландои аёлати Флорида кушт, яке аз “сарбозони” гурӯҳ будааст.

Дар гузоришҳои пешин гуфта мешуд, ки теъдоди қурбониёни ҳамла 50 нафар будааст, вале маъмурони пулиси Орландон рӯзи 13-уми июн гуфтанд, ки дар ҳамла 49 нафар ва дар маҷмӯъ бо ҷавони тирнандоз 50 нафар кушта шудаанд.

Пол Висопал, маъмури махсуси FBI Хадамоти таҳқиқоти федеролии Амрико гуфт, ҳуввияти 48 қурбониро маълум кардаанд ва ба аъзои хонаводаи 24 нафар аз ҳодиса хабар додаанд. Мақомоти интизомии Амрико гуфтанд, Умар Матин, ҷавони афғонтабори тирандоз, ки дар Амрико ба дунё омадааст, қабл аз ҳамла ба клуби шабона ба идораи пулис занг зада ва гуфтааст, ки ба гурӯҳи Давлати исломӣ изҳори садоқат мекунад. Умар Матинро маъмурони пулис се соат баъд аз шурӯи куштор дар куштанд.

Гурӯҳи Давлати исломӣ аз тариқи радиояш бо номи Ал-Баён эълон кард, “Яке аз сарбозони Хилофат, бо таҷовуз ба амнияти Амрико ба ҷамъомади салибиҳо дар шаҳри Орландои Флорида роҳ ёфт ва пеш аз кушта шуданаш, бештар аз сад нафари онҳоро ба ҳалокат расонд.”

“Аъмоқ” –хабаргузории вобаста ба гурӯҳи Давлати исломӣ рӯзи 12-уми июн гуфт, ҳамла дар Орландоро, “ҷангҷӯи Давлати исломӣ анҷом додааст.” Аммо бо вуҷуди ин баёнияҳо худи Давлати исломӣ масъулияти кушторро бар ӯҳда нагирифтааст.

Пулиси Амрико гуфт, ки Умар Матин бо истифода аз автомати AR-15 ва туфанги дастӣ фурсати кӯтоҳе пеш аз соати дуи бомдод ба клуби шабона ҳамла карда ва сипас муштариёни клубро барои се соат гаравгон мегирад ва сипас дар тирандозӣ бо маъмурони амниятӣ кушта мешавад.

Панҷоҳу се нафар дар ин ҳодиса захмӣ шуданд ва вазъи бисёре аз онҳо, ки чанд тирӣ хӯрдаанд, бисёр вазнин аст. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ҳамла ба Орландоро “амали террористӣ ва зодаи нафрат” номид. Ӯ гуфт, ки мақомот, “тамоми ҳодисаро меомӯзанд” ва таҳқиқот дар ин замина идома дорад. Вале гуфт, ӯ, “мақомот ҳанӯз дар бораи ангезаҳои аслии куштор ба хулосаи мушаххас нарасидаанд.”

Кишварҳои гуногун аз саросари ҷаҳон ба Амрико дар робита ба ин куштори мудҳиш изҳори тассалият мекунанд. Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон ин ҳамларо маҳкум кард ва гуфт, “ҳадаф гирифтани мардуми осоишта ҳеҷ гуна тавҷеҳ” надорад. Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, ҳамла дар Орландо нишон медиҳад, ки “терроризм дину марз ва ё ҷуғрофиёро намешиносад ва терроризм бояд аз байн бурда шавад.”

Ҳукумати шаҳри Пориси Фаронса гуфт, ки манораи Эйфел шаби 13-уми июн ба нишони зикри хайри ёди қурбониёни фоҷиаи Орландо ба ранги тирукамон рӯшан карда мешавад ва дар онҷо парчамҳои Амрико ва парчамҳои тирукамон парафшонӣ мекунанд. Парчамҳои тирукамон ва рангинкамон рамзи ҷомеаҳои ҳамҷинсгароён аст. Моҳи ноябри соли гузашта дар ҳамлаи ҷангҷӯёни Давлати исломӣ ба як толори мусиқӣ, ресторану барҳо дар пойтахти Фаронса 130 нафар кушта шуданд.

Малика Элизабетаи дуввум ва Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё, ба Амрико изҳори тасаллият карданд ва Ангела Меркел, садри аъзами Олмон гуфт, муҳим аст, то “зиндагии бозу ботаҳаммул” идома кунад. Шӣ Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин ба Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико занг зада ва ба ӯ изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Бо вуҷуди онки Умар Матин ба гурӯҳи Давлати исломӣ изҳори садоқат кардааст ва бо вуҷуд онки ин гурӯҳ ҷавони ҳамлаварро “сарбози” гурӯҳ хондааст, вале мақомоти Амрико мегӯянд, ки ҳеҷ далели собит дар бораи иртиботи мустақими Умар Матин бо тундравони хориҷӣ пайдо накардаанд. Маълум нест, ҷавони афғон оё аз хориҷ аз гурӯҳҳои ифротӣ дастур ва омӯзиш гирифта буд, ё бо илҳом гирифтан аз ақидаҳои ифротии ин гурӯҳҳо худаш танҳо амал кардааст.

Адам Скиф, узви Кумитаи иктишофии Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи 12-уми июн гуфт, ки муфаттишон ҳеҷ далели иртиботи мустақим байни Умар Матин бо гурӯҳи Давлати исломӣ ва ё ягон гурӯҳи байналмилалии террористиро пайдо накардаанд. Умар Матин аз волидони афғонаш дар Ню Йорк ба дунё омада ва овони кӯдакӣ бо онҳо ба Флорида кӯчидааст.

Ӯ посбони як осоишгоҳи бознишастагон буда ва 9 сол боз барои ширкати бузурги амниятии G4S кор мекардааст. Санадҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки ӯ аз соли 2011 расман барои гирифтани силоҳ иҷозанома доштааст. Ба гуфтаи мақомот, ӯ дар муддати 2 ҳафтаи гузашта ду силоҳ харидааст. Умар Матин соли 2009 бо Ситора Алишерзода Юсуфӣ, як духтари муҳоҷири ӯзбакистонӣ, ки ба Амрико муҳоҷират кардаанд, издивоҷ кардааст, вале баъди чанд моҳ аз ҳам ҷудо шудаанд. Ҳамсари собиқаш гуфтааст, ки Умар ӯро мезад ва “бемори равонӣ” буд.

Сиддиқ Матин, падари Умар рӯзи 12-уми июн гуфт, намедонист, ки писараш нисбат ба ҳамҷинсгароён уқда дорад ва чаро ин корро дар моҳи Рамазон анҷом дод. Ӯ гуфт, ки барои ин ҳодиса бахшиш мехоҳад ва мисли тамоми Амрико ваҳшатзада шудааст.

Хадамоти таҳқиқоти федеролии Амрико мегӯяд, ки ду дафъа парвандаи Умар Матинро бо эҳтимоли иртибот бо исломгароён таҳқиқ карда ва баъди гуфтӯгу бо худи ӯ парвандаҳоро бастаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG