Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси як сокини Рӯдакӣ бо вазири тандурустӣ дар нишасти хабарӣ


Нусратулло Салимов

Нусратулло Салимов

Нишасти хабарии вазири тандурустии Тоҷикистон бо баҳси шадиди вай бо як сокини ноҳияи Рӯдакӣ поён ёфт.

Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 11 июл дар нишасти матбуотии вазораташ аз дастовардҳо дар заминаи мубориза бо бемории сил дар кишвар қисса кард.

Вай дар посух ба суоли хабарнигор, ки вокуниши вазорати тандурустӣ ба гузориши ахири Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба бемории сил чӣ хоҳад буд?, гуфт, ки ин беморӣ таҳти назорати ҷиддии созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои беҳдоштии кишвар қарор дорад ва табобати беморон низ ройгон сурат мегирад.

Аммо як тан аз аҳли толор аз ҷой худ бархоста, гуфтаи вазирро рад кард ва гуфт, ки "чӣ гуна табобати бемории сил ройгон аст, дар ҳоле, ки ҳамсари ман аз ин беморӣ фавтида ва ҳоло писари 14-солаам дар бемористони касалиҳои сили Мачитон, воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат бистарист ва барои дармонаш пул талаб мекунанд?"

Ин изҳори назари иштирокчии нишаст, ки худро Асадулло Саидов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ муаррифӣ кард, мояи асабонияти вазири тандурустӣ гардид ва Нусратулло Салимов ваъда дод, ки доир ба ин қазия тафтиши хидматӣ доир хоҳанд кард. Асадулло Саидов гуфт, ҳамсараш соли 2003 аз бемории сил фавтид, вале барои писараш, ки дар Мачитон таҳти вентилятсияи сунъӣ қарор дорад, ҳатто то сӯзандоруро худаш мехарад. Вазир хитоб ба ӯ гуфт, ки табобати писарашро зери контроли худ хоҳад гирифт.

Баъди ин раддубадал яке аз кормандони вазорати тандурустӣ монеъи идомаи сӯҳбати ин ҷавон шуда, ӯро ба беруни толор бурд. Пас аз анҷоми нишасти хабарӣ яке аз масъулони вазорат ин мардро дубора ба нишастгоҳ даъват карда, арзи ӯро шунидааст.

Уктам Бобохоҷаев, мудири маркази миллии мубориза бо сил ба Озодӣ гуфт, писари Асадулло Саидов алакай сиҳҳат шудааст ва то шоми 11 июл бояд дар бемористони Мачитон бо даъвати як консилилум вазъи ӯро ташхис карда, ба қароре бирасанд, ки идомаи табобати ин наврас дар куҷо сурат бигирад. Аммо тавре Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири тандурустӣ ба хабарнигорон гуфтааст, "ин мард бо умед дардашро ба вазир гуфт ва бо умед пеши мо омад ва мо бояд ба кумакаш бирасем. Дар ҳар сурат, масъала бояд ба фоидаи бемор ҳалл шавад."

ТАФСИЛОТ НАШР МЕШАВАД

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG