Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси корӣ ё таҳқир? Моҷарои раиси Қубодиён бо сардабири "Тахти Қубод"


Адолат Сайфуллоева

Адолат Сайфуллоева

Сардабири нашрияи "Тахти Қубод"-и ноҳияи Қубодиён шикоят дорад, ки ӯро раиси ин ноҳия таҳқир кардааст. Раиси ноҳия аммо инро рад карда мегӯяд, сардабир бояд кори худашро анҷом диҳад ва "ба дигар корҳо дахолат накунад."

Худдорӣ аз ширкат дар “ҷаласаҳои шабонаи ҳукумат” боиси он гардид, ки Адолат Сайфуллоева, сардабири нашрияи “Тахти Қубод”, ба гуфтаи худаш, аз раиси ноҳияи Қубодиён таҳқир шунавад.

Бекназарзода Саъдуллои Саид, раиси ҳукумати ноҳияи Қубодиён анъанаеро ҷорӣ кардааст, ки бар иловаи ҷаласаҳои субҳгоҳӣ, шабона низ бо ҳузури масъулони бахшҳои мухталифи ин ноҳия ҷаласаҳо доир мекунад.

Адолат Сайфуллоева, ки ба ҳайси сардабири нашрияи ноҳиявии “Тахти Қубод” фаъолият мекунад, борҳо аз раиси ноҳия хостааст, то занон дар “ҷаласаҳои шабона” иштирок накунанд, аммо Бекназарзода Саъдулло хоҳиши ӯро ба инобат нагирифтааст ва сардабир довталабона аз ширкат дар ин гуна ҷаласаҳо худдорӣ кардааст.

Хонум Сайфуллоева рӯзи 23 октябр зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “чун аз ҳарфи мудир сарпечӣ кард, ва дар “маҷлисҳои шабонаи ҳукумат”ширкат накард, Бекназарзода Саъдулло дар миёни мардум ба ӯ таҳқир задааст.

Ин хонум мегӯяд: “Раиси ноҳия мегӯяд, ки аз пушти ман обрӯманд шудаӣ ва агар дар кӯча партоям, касе ба ту салом намекунад. Дар телефон низ сухани бад гуфт, ки ту мардумро шантаж мекунӣ, ман ҳам гуфтам, ки ман касеро шантаж накардаам ва аслан коре баде накардам. Кори ман ҳамин як таклифи хаттӣ буд, ки гуфтам, мо, занҳо, наметавонем дар маҷлиси шабона иштирок кунем. Аслан аз барканор шуданам, аз сардабирӣ наметарсам, чун қалам дорам.”

Адолат Сайфуллоева, ки бо тахаллусҳои Адолати Ашкрез ва Адолати Ҳақҷӯ ҳам маъруф аст, аз ҷомеаи журналистӣ талаб дорад, то ба ӯ кумаки ҳуқуқӣ кунанд ва нагузоранд, ки як хабарнигор мавриди таҳқири мансабдор қарор гирад.

Ҳарчанд хонум Сайфуллоева ба ниҳоди расмие муроҷиат накардааст, аммо ин мавзӯъро дар сӯҳбат бо Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон аз тариқи телефон матраҳ кардааст, ки ин ҳам ба раиси ноҳия хуш наомадаст.

Бекназарзода Саъдуллои Саид

Бекназарзода Саъдуллои Саид

Аммо раиси ноҳияи Қубодиён Бекназарзода Саъдуллои Саид иддаъои хонум Сайфуллоеваро беасос медонад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳамчун хизматчии давлатӣ, раиси ноҳия ва намояндаи президент дар доираи қонунҳои амаликунанда бо кормандони ҳукумати ноҳия муносибати хуби корӣ дорам. Ҳизматчии давлатӣ тарбиятдиҳандаи ҷавонон ва кормандон аст, ки бояд аз ӯ тарбия гиранд, вале дар мавриди сармуҳаррир гуфтанӣ ҳастам, ки мушкиле нест, вай бояд кори худашро анҷом диҳаду ба дигар корҳо дахолат накунад.”

Ғулом Бобоев

Ғулом Бобоев

Бо ин ҳам ҳуқуқдонҳо роҳи ҳалли ин масъаларо муроҷиати рӯзноманигор ба ниҳодҳои марбутаи ҳифзи ҳуқуқ ва додгоҳӣ медонанд. Ғулом Бобоев, ҳуқуқдони маҳаллӣ мегӯяд, танҳо дар ин сурат вазъ метавонад ислоҳ шавад: “Хабарнигорон озоданд ва дар доираи қонун ҳарчӣ, ки гуфта шудааст, менависанд, вале раиси ноҳия набояд ба онҳо муносибати сард кунад.”

Дар ҳамин ҳол, Адолат Сайфуллоева, сардабири нашрияи “Тахти Қубод “ мегӯяд, бо омода кардани маводи зарурӣ аз раиси ноҳия ба мақомоти марбута шикоят хоҳад бурд.

Хонум Сайфуллоева, аз рӯзноманигорони маҳаллии ноҳияи Қабодиён буда, бо тахаллуси “Адолати Ҳақҷӯ” ва “Адолати Ашкрез” дар ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Овоза ва ҳақиқат” ва “Ҷомеа”кор кардааст. Вай узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон буда ва ҷоизаву ифтихорномаҳоро низ дар ҷодаи журналистика ба даст овардааст.

Ӯ соли 1996 бахши забон ва адабиёти донишгоҳи омӯзгориро хатм карда, ду писар ва як духтар дорад.

Ҳамакнун як солу шаш моҳ аст, ки Адолат Сайфуллоева, бо пешниҳоди худи Бекназарзода Саъдуллои Саид, раиси ноҳияи Қубодиён ба унвони сардабири “Тахти Қубод” фаъолият дорад. Ҳатто дар оғози кораш раиси ноҳияро дар ҳафтаномаҳо бо шеър васф кардааст.

Ин аввалин мавриди шикояти хабарнигор аз таҳқир дар Хатлон нест. Аввали соли равон Шабафрӯз, хабарнигори ҳафтаномаи “Набзи Қӯрғонтеппа” ва шоираи ҷавон шикоят карда буд, ки аз сӯи Хоналӣ Қурбонзода, сардори идораи маориф ва илм таҳқир шудааст. Баъди навиштани як муроҷиатнома ҷаноби Қурбонзода аз Шабафрӯз дар ҳузури муовини раиси вилояти Хатлон узрхоҳӣ кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG