Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дафъ шав!, "Дузд!"... "Ҷанг"-и мансабдорони баландпоя дар Украина


Аваков (аз рост) ва Саакашвили
Аваков (аз рост) ва Саакашвили

Дар Украина чанд рӯз боз “ҷанг”-и лафзӣ байни се мансабдори баландпоя – сарвазир Арсений Ятсенюк, вазири умури дохила Арсен Аваков ва волии вилояти Одесса Михаил Саакашвили - идома дорад.

Чанд рӯз боз дар Украина як мавзӯи аввали вирди забонҳо “ҷанг”-и лафзиест, ки аз рӯзи душанбе ба ин тараф байни се мансабдори баландпоя – сарвазир Арсений Ятсенюк ва вазири умури дохила Арсен Аваков, аз як тараф ва волии вилояти Одесса Михаил Саакашвили аз тарафи дигар– идома дорад ва зоҳиран ба ин зудиҳо фурӯкаш шуданӣ нест.

Моҷарои ин се мансабдор шоми 14 декабр дар ҷаласаи Шӯрои миллии ислоҳот ба раҳбарии раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко оғоз ёфт. Дафтари матбуоти Порошенко аз нашри видеои ин моҷаро худдорӣ кард, вале рӯзи 16 декабр ин видеоро ибтидо Арсен Аваков ва ба дунболи ӯ Михаил Саакашвили – ду тарафи ин моҷаро - дар Интернет гузоштанд.

Дар ин ҷаласа волии Одесса Михаил Саакашвили ибтидо вазири дохила Арсен Аваковро ба фасод айбдор кард ва ӯ дар посух ба тарафи Саакашвили стакани пури обро ҳаво дод. Ба дунбол ба ин моҷаро сарвазир Арсений Ятсенюк, ки низ дар ин авохир чандин бор аз сӯи Саакашвили ба доштани робитаҳо бо олигархҳо ва даст доштан дар схемаҳои фасод айбдор шудааст, ҳамроҳ шуд.

Ҷанҷоли се мансабдор ба таҳдиду дашном печид ва ҳатто раисиҷумҳур Порошенко бо вуҷуди ҳама талошҳо ва ҳатто бо пӯшидани ҷаласа натавонист мансабдорони баландпояашро аз идомаи ин бигӯ-бигӯ манъ кунад.

Дар видеои нашршуда лаҳзаҳои ҷанҷоли Саакашвили бо сарвазир Ятсенюк дида мешавад. Дар ин навор волии Одесса сарвазири Украинаро “дузд” меномад ва Ятсенюк ба навбаи худ Саакашвилиро “гастролёр” хонда, аз ӯ талаб мекунад, ки тарки Украина кунад.

Ҳамин тавр, Арсен Аваков дар ин ҷаласа ба сӯи Саакашвили дод мезанад, ки “даҳонатро банд!” Саакашвили посух медиҳад, ки “намегузорад, то Авакови сартопо дар дуздӣ ғарқшуда бо Саакашвили бо чунин лаҳн ҳарф занад.” Аваков волии Одессаро баъди ин “лаънатӣ” номида, мегӯяд, “аз кишвари ман дафъ шав!” Саакашвили мегӯяд, ки “ман дузд буданатро исбот мекунам ва ту ба зиндон хоҳӣ рафт.”

Як рӯз аз ин қабл вазорати корҳои дохилаи Украина видеои дигареро нашр кард, ки бо камераи махфӣ сабт шудааст. Дар он як нафари монанд ба Саакашвили дар назди яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Одесса бо олигархи рус – молики ширкати “Уралхим” Дмитрий Мазепин мулоқот мекунад. Дар вазорати дохила мегӯянд, ки волии Одесса маҳз ба ҳамин олигарх харидани корхонаи назди бандари Одессаро пешниҳод кардааст. Худи Саакашвили ин видеоро қалбакӣ номида, гуфт, ки ӯ ҳеҷ гоҳ бо Мазепин вонахӯрдааст.

Дар маҳофили Украина ин моҷарои пурсарусадоро марҳалаи наве дар ҷанги ошкори тими раисиҷумҳур Петро Порошенко алайҳи тими сарвазир Арсений Ятсенюк арзёбӣ мекунанд. Гуфта мешавад, Ятсенюк то ҳол танҳо ба ин далел дар мансабаш боқӣ мемонад, ки дар тими раисиҷумҳур ҳанӯз номзади наве ба раҳбарии ҳукуматро, ки эътилофи ҳоким дар Верховни Рада – парлумони Украинаро қаноат диҳад, пайдо накардаанд.

Аваков намояндаи тими Ятсенюк ва Саакашвили аз тими Порошенко мебошад.

Руслан Бортник, мудири Пажӯҳишгоҳи таҳлилу менеҷменти сиёсии Украина мегӯяд: “Дар ҳоли ҳозир низоми сиёсии Украина дар чунон гиреҳи маргборе печ хӯрдааст, ки истеъфои чӣ Саакашвили, чӣ Ятсенюк ва чӣ Аваков метавонад тавозуни мавҷударо ба ҳам зада, ҳам эътилофи парлумонӣ ва ҳам низоми сиёсиро ба ҳам бизанад. Раисиҷумҳур дар ҳоли ҳозир василаҳое дар даст надорад, ки ин гиреҳро бикушояд. Вале бидуни дахолати ӯ фишор дар дохили низоми сиёсии Украина боз ҳам хоҳад афзуд.”

Як рӯз баъд аз моҷаро дар Шӯрои миллии ислоҳот Петро Порошенко гуфт, ки истифодаи дашному лаҳни қабеҳ, аз ҷумла истифодаи ҳарфҳоеро, ки шарафи қавмии инсонро зери по мекунанд, ғайриқобилиқабул мешуморад. Порошенко гуфт, “мубориза бо фасод бахше аз шоу-бизнес нест. Ман мехоҳам, то на ходимони давлатӣ, на вакилони парлумон дар чунин “спектакл”-ҳо ширкат накунанд.”

Михаил Саакашвилии 48-сола, ки ду давра – аз соли 2004 то 2013 – раисиҷумҳури Гурҷистон буд, моҳи майи соли 2015 бо фармони Порошенко волии Одесса таъин шуд. Порошенко ба хотири интисоби ӯ ба ин мақом ба Саакашвили, ки соли 1992 донишкадаи равобити байналмилалии Донишгоҳи Киевро хатм кардааст, шаҳрвандии Украинаро дод. Дар моҳи ноябр мақомоти Гурҷистон ба далели шаҳрванди Украина шуданаш Саакашвилиро аз ҳаққи шаҳрвандии Гурҷистон маҳрум карданд.

XS
SM
MD
LG