Пайвандҳои дастрасӣ

Опра Винфрӣ – сарватмандтарин шахсияти номдори Амрико


Порае аз барномаи телевизионии Опра Винфрӣ

Порае аз барномаи телевизионии Опра Винфрӣ

Ин барандаи маъруфи телевизион соли чорум аст, ки дар садри феҳрасти сарванмандҳои Forbes.com қарор мегирад.

Опра Винфрӣ, як чеҳраи маъруфи телевизионии Амрико соли чаҳорум аст, ки дар садри феҳрасти сарватмандтарин шахсиятҳои номдори ин кишвар қарор мегирад. Ӯ гаронтарин барандаи телевизиони Амрико маҳсуб мешавад. Хабаргузории Reuters мегӯяд, ки ҳарчанд барномаи нави телевизионии ӯ дар шабакаи OWN натавонистааст муваффақияти зиёде касб кунад, вале ҳақи соҳибмулкии вай дар барномаҳои телевизионии маъруф ("Dr. Phil," "Rachael Ray," "The Dr. Oz Show") ба ӯ имкон додааст, ки дар фурсати як соли гузашта 165 миллион долларро ба даст оварад. Дар ин бора Forbes.com хабар медиҳад.

Баъди ӯ дар феҳрасти сердаромадтарин шахсиятҳои номдори Амрико филмсоз Майкл Бей қарор гирифт, ки филми ӯ “Transformers: Dark of the Moon”, ки соли гузашта ба намоиш даромад, аз ҳисоби фурӯши чиптаву бозиҳои бар пояи ин филм сохташуда 160 миллион доллар ба даст оварад.

Стивен Спилберги маъруф, филмсози дигари номдор барои ширкаташ дар барномаи телевизионии "Smash" ва филмҳои нави "The Adventures of Tintin" ва "War Horse" барояш 130 миллион даромад овардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG