Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ бо ирсола як нома ба унвони вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов, хоҳиш кардааст, ки нишонаи занони «исёнгар»-ро пайдо кунад.

Раҳматулло Зоиров рӯзи 17-уми декабр ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки бо ирсоли як нома ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов, хоҳиш кардааст, ки шахсияти гурӯҳи заноне, ки нишасти хабарии ӯро барҳам заданд маълум кунад: «Мо аслан мехоҳем фаҳмем, ки фармоишгари аслии ин занон кӣ ва ё кадом ниҳод аст, чӣ тавр як гурӯҳи занон ва ҷавонон, ки наздики 20 нафар буданд, дар рӯзи рӯшан вориди дафтари як ҳизби сиёсӣ мешаванд, вале мақомот наметавонад шахсияти ақалан як нафари онҳоро мушаххас кунанд.»

Ҷаноби Зоиров бо изҳори умедворӣ гуфт, ки вазири корҳои дохилӣ шуъба пулис дар ноҳияи Синоро муваззаф хоҳад кард, ки дар пайи масъалаи мазкур шавад. Ба гуфтаи оқои Зоиров, ҳоло аз рӯзи ҳамлаи занон як ҳафта мегузарад, вале дақиқан маълум нест, ки онҳо кӣ буданд ва дастури киро иҷро мекарданд ва мақомот то кунун ба муроҷиатҳои онҳо таваҷҷӯҳе накардаанд.

Занҳо Зоировро бо Убайдуллоев "ҷанг" меандозанд? (ВИДЕО)

Раҳматулло Зоиров рӯзи гузашта гуфта буд, ки мақомоти интизомӣ бо ирсоли гурӯҳи занон ба нишасти хабарии ӯ мехоҳанд байни ӯву шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев низоъ эҷод кунанд. Ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон(ҲСДТ) бо пахши як изҳорот аз мақомоти қудратӣ хост, ба рафтори шахсоне, ки ҷараёни нишасти матбуотии раиси ин ҳизбро халалдор карданд, баҳои ҳуқуқӣ диҳад. Раҳбари ҲСДТ Раҳматулло Зоиров, рӯзи 16-уми декабр дар саҳифааш дар Фейсбук навишта буд, занҳои тазоҳургаре, ки рӯзи 10-уми декабр ба дафтари ин ҳизб ҳамла намуда буданд, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр пуштибонӣ мебинанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Душанбе дар ин бора изҳори назар накардаанд. Аммо Раҳматулло Зоиров, дар изҳороти худ аз ҷумла гуфтааст, дар тазоҳурот 14 зану 7 мард, ширкат доштаанд ва дар асоси пурсишҳо ва таҳлили наворҳо маълум гардидааст, ки «ин занон як гурӯҳи махсуси муташаккил дар шаҳри Душанбе буда, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шашри Душанбе онҳоро ҳамроҳӣ ва дастгирӣ мекардаанд ва ин занон занони оддӣ набуда, аллакай дар ингуна кору фаъолияти ғайриқонунӣ обутобёфта мебошанд.»

Зоиров тазоҳуроти ин гурӯҳи занонро «таъсиррасонии ғайриқонунӣ ва вайрон кардани ҳуқуқи конститутсионии ҲСДТ, хусусан, раиси ҲСДТ Раҳматулло Зойиров» донистааст. Дар идомаи изҳороти худ ҷаноби Зоиров гуфтааст, ки ин гурӯҳро аз мақомоти қудратӣ идора мекунанд ва ҳадафи онҳомахсус барои барангехтани мухолифат миёни вай ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев равона шудааст.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев

Муҳаммадсаид Убайдуллоев

«Ба ман аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ расид, ки ин гурӯҳи махсус дар назди ҳукумати шаҳри Душанбе мебошад. Аммо санҷишу таҳлил нишон дод, ки ҳукумати шаҳри Душанбе ба ин гурӯҳ дахл надорад, балки роҳбарии ин гурӯҳ дар дасти кормандони худи ҳамин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад," - гуфтааст оқои Зоиров дар идомаи изҳорот.

ҲСДТ чуниншеваи мубориза бо аҳзоби мухолифро маҳкум карда, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, хусусан додситонии кулл хостааст, то шахсият ва суроғаи тазоҳургаронро муқаррар карда, ба рафтори онҳо баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.

Субҳи 10-уми декабр қарор буд, нишасти матбуотии Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҲСДТ бо занони фаъол дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук доир шавад, Аммо ин мулоқот оғоз нашуда, як гурӯҳи занон вориди толор шуданд ва бо нидоҳои "мо дигар ҷанг намехоҳем, чун дар ҷанг шавҳару фарзандони худро аз даст додаем!" Раҳматулло Зоировро ба бадгӯйиҳои зидди ҳукумати Тоҷикистон айбдор карданд. Ин гурӯҳи занҳо мегуфтанд, аз тариқи Интернет аз нишасти хабарии Зоиров огоҳ шуда, довталабона ба инҷо омадаанд, то аз "сиёсати хирадмандона"-и президент Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ кунанд. Онҳо мегуфтанд, аз ҷониби кадом як ниҳоди давлатӣ дастур нагирифтаанд.

Видеои "ҳамлаи занон"-ро инҷо тамошо кунед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG