Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи андоз: "Зайд Саидов 16 миллион сомонӣ қарздор аст"


Зайд Саидов.

Зайд Саидов.

Кумитаи андоз расман эълом кард, ки "Тоҷсохтмон байналмилал", ки ба Зайд Сайидов ва пайвандонаш марбут дониста мешавад, аз идораи андоз 16 миллион сомонӣ қарздор аст.

Аюбҷон Солиев, муовини аввали раиси Кумитаи андоз рӯзи 24-уми июл нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки "кумитаи андоз санҷиши ширкатҳои марбут ба Зайд Саидовро дар муддати панҷ соли ахир ба анҷом расонид ва маълум шуд, ки танҳо ширкати "Тоҷсохтмон байналмилал" ба напардохтани андоз ба маблағи 16 миллион сомонӣ қарздор аст".

Ба таъкиди муовини аввали Кумитаи андози Тоҷикистон, санҷишҳо дар робита ба фаъолияти ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов дар пайи пешниходи хаттии мақомотҳои дахлдори давлатӣ, ки нисбати ин шахс парванда боз кардаанд, сурат гирифтааст.

Қаблан чунин рақаме нисбати қарздории ширкати "Тоҷсохтмон байналмилал" барои напардохтани андоз аз сӯи вакилони дифои Зайд Саидов, раҳбари гурӯҳи ташабускори таъсиси ҳизби нави "Тоҷикистони нав" садо дода буд, аммо он замон мақомоти Кумитаи андоз ин хабарро рад карда буд.

Вакилони Зайд Саидов низ ин иддаоро рад карда ва ба Кумитаи андоз расман шикоят бурда буданд. Дар ҳамин ҳол мақомоти Кумитаи андоз гуфтаанд, ки номаи расмӣ ба шикояти вакилони дифои Зайд Саидовро омода кардаанд ва рӯзҳои наздик ба онҳо хоҳанд супурд. Аммо ин мақомот дар мавриди муҳтавои посухашон изҳори назаре накарданд.

Наздикони Зайд Саидов ҳадаф аз ин ҳама ҷаримабандиҳоро варшикаста кардани тамоми ширкатҳо ва тиҷоратҳои марбут ба ӯву пайвандонаш ва ба истилоҳ «луч кардани партофтан»-и ин соҳибкори маъруф медонанд.

Ин дар ҳолест, ки Оҷонсии зидди корупсияи Тоҷикистон рӯзи 23-юми июл гуфт, дар фаъолияти чор соли ахири ширкати «Тоҷсохтмон байналмилал» изофанависӣ ва пинҳон доштани маблағҳо ба миқдори 38 миллион сомонӣ, муодили қариб 8 миллион долларро ошкор кардааст. Ожонси зиддифасод рӯзи 23 июл натиҷаи тафтиши фаъолияти ширкати «Тоҷсохтмон байналмилал» дар солҳои 2009-2013-ро дар як гузориш нашр кард. Ин ширкат ба раҳбари боздоштшудаи гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав Зайд Саидов ва наздикони вай марбут дониста мешавад.

Маҳмадраҷаб Ҳанафӣ, сухангӯи Ожонси зидди фасод рӯзи 26 июл ба Озодӣ гуфт, бо таъиди ин хабар гуфт, ин ширкат тайи се соли гузашта дар 17 иншоот 369,7 миллион сомонӣ харҷ кардааст, ки дар 4 иншооташ аз ҳисоби буҷаи шаҳри Душанбе 202,5 миллион сомонӣ истифода шудааст.




Гузориши Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ширкати «Тоҷсохтмон байналмилал» бо истифода аз роҳҳои ғайриқонунӣ, ба монанди изофанависӣ, пинҳон доштани андоз ва ғайра ҳудуди 38 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат зарар ворид кардааст.

Барои сохтмони «Душанбе Плаза» ин ширкат 184,8 миллион сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ сарф карда, бо истифода аз изофанависӣ ва ноҷо истифода кардани масолеҳи бинокорӣ 11.9 миллион сомониро аз худ кардааст, омадааст дар гузориш. «Масалан ба ҷои паркети чӯбии бадеӣ фанери пастсифати фишурдашуда истифода шудааст, нархаш чанд маротиба бештар аз нархи бозор нишон дода шудааст,» - меафзояд гузориши Ожонсии зидди фасод.

Маҳмадраҷаб Ҳанафӣ гуфт, дар сохтмони «Душанбе Плаза» ба нишон додани нархҳои барзиёд ба буҷаи шаҳри Душанбе 4,7 миллион сомонӣ, ё қариб 1 миллион доллар зиён ворид карда, ҳамчунин дар пардохти музди коргарони ин сохтмон низ ба изофанависӣ роҳ дода, дар натиҷа 5,6 миллион сомониро ҳамчун хароҷоти беасос дар ҳисобҳои худ пинҳон доштаанд.

Ба сурати умум, бино ба гузориши Оҷонсии зидди фасод, ширкати «Тоҷсохтмон байналмилал» дар фаъолияти се солаи худ ҳудуди 38 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат зиён ворид кардааст, ки аз ин 19, 6 миллион сомонӣ аз ҳисоби танҳо пинҳон доштани андози давлатӣ ва иҷтимоӣ, 13, 3 миллионаш барои изофанависӣ дар сохтмонҳои биноҳои давлатӣ ва 5,6 миллион сомонӣ барои барзиёд нишон додани хароҷоти музди кор ва ба 2025 сомонӣ аз ҳисоби дигар камбудиҳои молиявӣ будааст.

Худи Зайд Саидов, ки аз 19 май дар боздошт қарор дорад ва рӯзи 19 июл замони ҳабси пешакии ӯро то 22 сентябр тамдид карданд, иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд мекунад ва мегӯяд, ин ҳама ангезаҳои сирф сиёсӣ дорад.
Мақомот алайҳи худи ӯ бо иттиҳомоте, чун порагирӣ, қаллобӣ, бисёрзанӣ ва ҳатто таҷовуз ба номуси як духтари ноболиғ парвандаҳо боз кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG