Пайвандҳои дастрасӣ

Бо гузашти се рӯз аз рабуда шудани ҳамшираи тоҷик дар Маъриб, ҳанӯз ҳуввияти рабояндагон ва ҳам талаботи онҳо мушаххас нест.

Амалиёти наҷоти Гулрухсор Рофиеваи 36-сола, дояе, ки дар шӯъбаи занонаи госпитали низомии шаҳри Маъриб кор мекард, бо раҳбарии раиси вилоят ва бо ширкати нирӯҳои амниятӣ, полис ва артиш идома дорад. Дар ин бора рӯзи 31 октябр ба радиои Озодӣ Манучеҳр Абдуев, намояндаи ширкати “Здравэкспорт”-и Русия хабар дод. Ба қавли ӯ, ҳодисаи рабуда шудани як хонуми мутахассиси тиб “барои ин ҷомеа як ҳодисаи нангин аст ва аз ин рӯ, нирӯҳои зиёд дар амри наҷоти зани хориҷӣ аз дасти рабояндагон сафарбар шудаанд”.

Манучеҳр Абдуев мегӯяд, хабари рабудани шудани мутахассиси тиб аз Тоҷикистон тақрибан як соат баъд аз ин ҳодиса, рӯзи 29 октябр маълум шуд. Маъмулан, ходимони тиб, ки асосан хориҷиҳо ҳастанд, бояд сари вақт дар маҳалли кор ҳозир шаванд ва дар сурати таъхир, масъулин ба телефонҳои онҳо занг зада онҳоро ҷустуҷӯ мекунанд. Баъди тақрибан як соати таъхири хонум Гулрухсор ба кор, ки телефонашон ҳам ҷавоб надод, ҳама фаҳмиданд, ки ҳодисае рух додааст. Ҷустуҷӯ шурӯъ шуд ва баъдан ду шоҳиде гуфтанд, ки диданд, чӣ тавр 2 марде ин хонумро аз роҳ ба кор боздошта, маҷбуран савори мошин карданд ва ба самти номаълум рафтанд. Манучеҳр Абдуев мегӯяд, ин ҳодисаи камназир аст, ки як духтур ва ҳамон ҳам занро рабоянд. “Ҳоло ин ҳодиса ҳам мавриди маҳкумияти мақомот ва ҳам сокинони маҳаллӣ қарор гирифтааст. Дар телевизион ҳам инро таъкид карданд. Илова ба ин, духтурҳо ва дигар ходимони тиб дар Яман аз эҳтироми хосса бархурдоранд”, гуфт ӯ.

Ба иттилои Абдуев, Гулрухсор Рофиева аз шаҳри Панҷакент панҷ сол пеш барои кор ба Яман истихдом шуда, дар ин муддат шеваи кор бо сокинони маҳаллӣ ва ҳам забони арабиро омӯхтаанд. Маъмулан, дар давоми соли аввали кор ходимони тиб бояд забони маҳаллиро омӯзанд, чунки кори онҳо маҳз аз муроқибати сиҳҳатии сокинони ин кишвар иборат аст. Ҳодисаи рабуда шудани ҳамшираи тоҷик падару модар ва дигар наздиконашро дар таҳлука гузоштааст. Онҳо дар тамоси ҳамешагӣ бо масъулини ширкати “Здравэкспорт” ҳастанд. Маълум аст, ки Гулрухсор Рофиева модари ҳадди аққал як писар аст.

Ҳайдар Шамсиддинов, намояндаи дигари “Здравэкспорт” рӯзи 30 октябр ба радиои Озодӣ гуфт, баъзан гурӯҳҳои норозӣ аз ҳукумати Яман ба хотири озод кардани ҷангиёни худ аз маҳбас шаҳрвандони хориҷиро гаравгон мегиранд. Ва ё дар ҳолати дар хона бемор шудани зане табиб ё ҳамшираи шафқатро бидуни шарҳ мебаранду боз бармегардонанд.

Тавре ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, дар ҳоли ҳозир сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саъудӣ ва сафорати Русия дар Яман низ дар робита ба қазияи Гулрухсор Рофиева бо мақомоти Яман вориди музокира шудаанд.

Дар гузашта ҳам ҳодисаҳои гаравгонгирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Яман ҷой доштаанд. Дар соли 2011 як табиб аз Тоҷикистон - Ҳомид Овчибоев - низ дар Яман ба асорат афтида, 43 рӯзро дар дасти гаравгонгирон ба сар бурд. Гаравгонгирон ибтидо дар ивази раҳоии Ҳомидҷон Овчибоев аз давлати Яман барои қурбониёни як ҳамлаи хунини ҳавоии ду соли пеш, ки болои ин қабила шудааст, 200 миллион доллар талаб доштанд, вале мақомот дар ниҳоят тавонистанд онҳоро ба ахзи маблағи хеле камтар моил кунанд. Овчибоев аз соли 2007 дар Яман ба ҳайси табиб кор мекунад.

Тоҷикистон дар Яман сафорат ё ягон намояндаи дипломатӣ надорад. Ҳалли масоили будубош ва кори шаҳрвандони тоҷик ва аҳли хонаводаҳои онҳо дар Яман асосан дар дасти сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва намояндагони тоҷики ширкатҳои русист, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор ба Яман бурдаанд.

Яман як кишвари воқеъ дар нимқораи Арабистон аст, ки дар чанд соли охир дучори беназмиҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоист. Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки аз соли 1990 бар Яман бо панҷаҳои оҳанинаш раҳбарӣ мекард, баъди 22 соли раёсат дар соли 2012 таҳти фишори эътирозҳову ошӯбҳо маҷбур шуд, истеъфо диҳад. Аммо бо ин вуҷуд ихтилофот дар ин кишвари фарқрзада то ҳол идома дошта, ҳар сари чанд вақт ба низоъҳои мусаллаҳона ҳам мепечанд. Нирӯҳои артиши Яман таҳти ҳимояти ҳавопаймоҳои низомии Амрико алайҳи ҷангиёни шабакаи Ал-Қоида, ки чандин минтақаро дар ин кишвар забт кардаанд, низ меҷанганд.

Аз Тоҷикистон асосан табибону парасторон барои кор ба Яман мераванд. Омори дақиқе дар бораи шумораи табибони тоҷик дар Яман мавҷуд нест, вале ба тахмини Манучеҳр Абдуев, айни ҳол дар ин кишвар аз ҳисоби ходимони тиб дар маҷмӯъ 200 шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебарад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG