Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намоиши "Комде ва Мадан" дар таҷлили 100 солагии Шаҳидӣ


Маросимҳои таҷлил аз 100 солагии оҳангсози маъруфи тоҷик Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ бо ба саҳна гузоштани операи маъруфи ӯ «Комде ва Мадан» дар театри Опера ва балети ба номи Айнии Душанбе шуруъ шуд.

Барои тамошои операи «Комде ва Мадан» аз рӯи асари Абдулқодири Бедил, ки рӯзи 7-уми март баргузор шуд ҳунармандон ва теъдоди зиёди толибилмони макотиби мусиқии Душанбе ҳузур доштанд.

Намоиши ин опера аз ҷумлаи маросимҳое ҳаст, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ва қарори вижаи ЮНЕСКО, Барномаи илми, омӯзишӣ ва фарҳанги Созмони Миллали Муттаҳид соли 2014 дар Тоҷикистон 100 солагии зодрӯзи оҳангсозии маъруфи тоҷик таҷлил мешавад. Ба гуфтаи Миралӣ Достиев, директори театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар робита ба таҷлил аз зодрӯзи устоди марҳуми мусиқии касбии тоҷикӣ Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ силсила маросимҳо ва намоишҳои театрие баргузор мешавад. Яке аз аз ин чунин маросимҳо ба гуфтаи ҷаноби Достиев, консерти камеравӣ бо ширкати фарзанди Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ -Толиб Шаҳидӣ аст. Ҳамчунин дар ниҳояти маросимҳо баргузории галаконсерти ҳунармандони маъруфи тоҷик дар навъҳои мухталифи мусиқӣ дар назар аст.

Мунира Шаҳидӣ, фарзанди Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ рӯзи 7-уми март ба радиои Озодӣ гуфт, ки маросими расми таҷлили 100 соалгии Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ аз 14-уми май шуруъ мешавад. Аммо ба гуфтаи хонум Шаҳидӣ азбаски бо қарори ЮНЕСКО таҷлили 100 солагии оҳангсоз ду сол - соли 2014 ва 2015 давом мекунад дигар барномаҳои фарҳангии ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора марҳила ба марҳила амалӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG