Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мактаби Linux дар Душанбе барои ҷавонони технолог


Дар шаҳри Душанбе мактаби касбии «Линукс» боз шуд ва ҷавононе, ки ба фанновариҳои иттилоотӣ ва барномасозӣ таваҷҷӯҳ доранд, дониши фании худро такмил хоҳанд кард.

Барои ҷавононе, ки ба фановариҳои иттилоотӣ ва барномасозӣ таваҷҷӯҳ доранд, ахиран дар Душанбе мактаби касбии «Линукс» боз шуд.

Дар ин мактаб, ки бо ташабуси Институти «Ҷамъиятӣ Кушода – бунёди мадад» ва созмони ҷамъиятии «Маркази фанноварҳои иттилоотӣ ва комуникатсионӣ» таъсис ёфтааст, ба хоҳишмандон барномасозӣ дар заминаи Линукс, як барномаи ройгону кушодаасоси компютерӣ омӯзонида мешавад.

Талъат Нӯъмонов,
раҳбари ин марказ, дар маросими кушоиши мактабии касбии Линукс, ки рӯзи 10-уми июн баргузор шуд гуфт, бо шомил шудани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо зарурати истифода аз ин барнома дар кишвар бештар шудааст. Зеро ҳамакнун таваҷҷӯҳ ва назорат аз болои ҳифзи ҳуқуқи муаллиф бештар мешавад. Талъат Нӯъмонов меафзояд, то имрӯз дар Тоҷикистон бештар барномаҳои компютерӣ ба таври қочоқӣ ё бе иҷозатнома истифода мешуд.
Талъат Нӯъмонов, раҳбари Маркази фанноварҳои иттилоотӣ ва комуникатсионӣ
Талъат Нӯъмонов, раҳбари Маркази фанноварҳои иттилоотӣ ва комуникатсионӣ
«Бештар аз барномаҳои ширкатҳои хусусӣ ва пулакӣ истифода мешавад дар Тоҷикистон. Масалан барномаҳои ширкати Майкрософт ба таври қочоқӣ истифода мешавад. Бинобар он ки аксаран ин барномаҳое, ки истифода мешавад шикаста ва ё бе иҷозат ҳастанд, даромадани вирусҳои гуногуни ба онҳо осонтар аст. Аммо даррёфти иҷозатнома аз ин ширкатҳо гарон аст. Масалан барои насби як барнома дар як компютер, то дувуним ҳазор сомонӣ талаб мешавад. Вале афсус ҳоло ин чизҳо риоя намешавад»

Шавкат Норматов, роҳбари маркази технологияҳои информатсионӣ ва комуникатсияи назди Раёсати маорифи шаҳри Душанбе мегӯяд, дар шароите, ки аксар ҷавонон майлу рағбат ба барномасозӣ доранд, таъсиси чунин як мактаб, ки метавонад онҳоро ҳамчун муттахассиси сатҳи байналмиллалӣ омода кунад бисёр муҳим аст.

Шавқат Норматов мегӯяд, ҳоло дар маҷмӯъ муассисаҳои таълимии пойтахт бо 3 ҳазору 500 компютер таъминанд ва соҳаи маориф кишвар тавони насби ҳамаи ин компютерҳо бо барномаҳои пулакии ширкатҳои маъруфро надорад: «Барномаҳое мисли барномаҳои ширкати Майкрасофт хеле гаронанд ва ба талаботи бозори муосири Тоҷикистон ҷавобгу нестанд. Яъне мо наметавонем онҳоро барои тамоми муассисаҳо дастрас кунем.»

Аз сӯйи дигар ба қавли ӯ, огоҳӣ аз ин барномаҳо метавонад ба рушди лоиҳаҳои бузурге, мисли ҳукумати электронӣ ва тиҷоратӣ электронӣ мусоидат кунад. Имрӯз дар Тоҷикистон лоиҳаи «Шаҳри Бехатар»- ки ҳаракати мошинҳоро танзим ва назорат мекунад, дар асоси ҳамин барномаи Линукс фаъолият мебарад.

Барномаи Линукс дар Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2005 мавриди истифода қарор гирифтааст, аммо огоҳии сокинони кишвар дар робита ба ин барнома зиёд набуда, ғолибан дар ин кишвар мардуми аз фанновариҳои иттилоотӣ огоҳ, аз барномаҳои пулакӣ ва тиҷоратӣ истифода мебаранд. Ин ҳам дар ҳоле, ки истифодаи бе иҷозати ингуна барномаҳо тибқи қонун манъ аст ва нақзи ҳуқуқи муаллиф дониста мешавад.

Мутахассисони мегӯянд, тафовути аслии барномаи Линукс аз дигар барномаҳои компютерӣ дар он аст, ки истифода аз ин барнома ройгон буда, барномасоз метавонад ба он тағйирот ворид кардаву дар заминаи ин барнома мувофиқ ба хости худ барномаҳо таҳия кунад.

Ахиран як намояндаи Майкрософт меҳмони Тоҷикистон шуда аз соҳаи маорифи кишвар даъват кардааст бо дарёфти иҷозатнома, барои истифодаи ин барнома бо ширкати мазкур ҳамкорӣ кунанд. Мутахассисон мегӯянд, ҳамакнун истифодаи ин барнома ҳам дар Тоҷикистон аз сӯи муаллифонаш таҳти назорат қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG