Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи саркушодаи мудофеони ҳуқуқи инсон ба Э. Раҳмон


Номаи кушоди мудофеони ҳуқуқи инсон ба унвонии мақомоти баландпояи Тоҷикистон

Номаи кушоди мудофеони ҳуқуқи инсон ба унвонии мақомоти баландпояи Тоҷикистон

Ҳомиёни ҳуқуқи башар басташавии фаъолияти созмони ҷамъиятии «Ампаро» дар Тоҷикистонро шадидан маҳкум карданд.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон - барномаи муштараки Федератсияи байналмилалии ҳуқуқи башар ва Созмони ҷаҳонии алайҳи шиканҷа бо ирсоли як номаи саркушода ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири адлия ва раиси додгоҳи олии кишвар тасмими баста шудани Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон "Ампаро"-ро маҳкум карданд. Онҳо аз ҳукумат даъват кардаанд, ки қарори худро дар робита ба "Ампаро" бознигарӣ кунанд.

Муаллифони нома менависанд, «Ампаро» аз соли 2005 ин ҷониб дар бахши ҳимояи ҳуқуқи башар, мубориза алайҳи шиканҷа фаъолият карда, аз қишри осебпазири ҷомеъа ҳимоят кардааст. Аммо моҳи октябри соли гузашта мақомоти адлияи вилояти Суғд бо иттиҳоми тағйири суроғаи ҳуқуқии «Ампаро» алайҳи ин созмон ба додгоҳ шикоят бурданд ва додгоҳи Хуҷанд моҳи октябри соли 2012 ҳукми басташавии «Ампаро»-ро содир кард. Додгоҳи касатсионии вилояти Суғд, низ 15-уми январи соли равон ҳалномаи додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар нисбати баҳси миёни Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» ва Раёсати адлияи ин вилоятро бетағйир гузошт.

Дидбонгоҳи дифоъ аз ҳомиёни ҳуқуқ менависад, қонунгузории Тоҷикистон дар бораи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкили созмонҳои ҷамъиятӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ набуда, бояд, ки бозбинӣ шавад. Онҳо қарори "худсаронаи" манъи фаъолияти «Ампаро»-ро маҳкум карда даъват кардаанд, ки ба фишорҳо болои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъқиби ҳомиёни ҳуқуқ дар кишвар хотима дода шавад.

Созмони «Ампаро» бо таҳқиқоти пайдарпаи интиқодиаш дар заминаи поймолшавии ҳуқуқи сарбозон дар артиш, ҳодисаҳои шиканҷаву бадрафторӣ ва даъвати иҷборӣ ба хизмат маъруфият касб кардааст. Мунаққидон мегӯянд, сабаби аслии басташавии ин созмон ҳам маҳз ҳамин ифшогариҳои ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи инсон дар артиши Тоҷикистон мебошад, ки ба обрӯи давлат латма мезанад.

Аммо Рустам Менгалиев, вазири адлияи кишвар ҳафтае пеш зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки қазияи «Ампаро» ангезаи сиёсӣ надорад. Ӯ гуфт, зимни тафтиши фаъолияти ин созмон нақзи қонун ошкор шудааст, «вале масъулини он бо ҷои ислоҳи камбудиҳо садо баланд карданд, ки мавриди фишору таҳқиб қарор доранд». Вай инчунин фармоишӣ будани ҳукми басташавии ин созмонро рад кард.

Бо талаби дубора фаъол шудани кори анҷумани "Ампаро" то имрӯз созмони Афви байналмилал, Иттиҳоди Аврупо, ИМА, САҲА ва дигар созмону давлатҳои ғарбӣ садо баланд кардаанд.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG