Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Интернет дар Тоҷикистон беҳтар аз Италия ва Узбакистон?


Тоҷикистон аз рӯйи суръати миёнаи интернет дар хонаводаҳо дар байни 188 кишвари ҷаҳон ҷойи 57-умро гирифтааст.

Суръати интернет дар Тоҷикистон ҳамеша мояи шикояти истифодабарандагони он аст, аммо як пажуҳиши густардаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки вазъ ба он андоза бад ҳам нест, ки дар Фейсбук навишта мешавад.

Бино бар гузориши маркази таҳқиқи ченакҳои интернет -- Оokla, суръати миёнаи интернет дар Тоҷикистон 12,20 мегабит дар сонияро ташкил дода, аз рӯйи ин шохис Тоҷикистон дар байни 188 кишвари ҷаҳон ҷойи 57-умро гирифтааст. Ин суръат 6 баробари суръати зарурӣ барои тамошои як филми тӯлонӣ дар интернет аст. Камтарин суръате, ки ба тамошои филм дар режими онлайн имкон медиҳад, 512 килобит-сония аст, аммо вобаста ба сифат ва маҷрои пахши филм, дар ин ҳолат тасвир мумкин аст, гаҳ-гоҳ “ях банданд”. Биноан, ба ақидаи мутахассисон, барои дидани филме, ки зиёда аз 1 соат аст ва сифати миёна дорад, суръати на камтар аз 2 мегабит-сония даркор аст.

Бо 12,20 мегабит-сония Тоҷикистон дар шастгонаи аввал ҷой гирифт ва ин дар ҳолест, ки баландтарин суръати интернет дар ҷаҳон ба 69,38 мегабайт-сония (Ҳонк Конг) ва пасттарин он 0,83 мегабит-сония (Буркина Фасо) баробар будааст. Аз рӯйи ин шохис Тоҷикистон аз кишварҳое чун Италия, Бразилия, Ҳиндустон, Миср, Узбакистон, Кувайт, Сербия, Саудия, Куба ва ғайра болотар буда, дар ҳамсоягӣ бо Қазоқистон (ҷойи 52) аз аксари давлатҳои Аврупо, ИМА, Чину Муғулистон, Гурҷистон ва Молдова поинтар аст.

Иттифоқан, суръати интернети худро ҳар истифодабарaндаи он метавонад, аз тариқи барномае, ки дар торнамои Ookla гузошта шудааст, санҷад ва бо ин роҳ назорат кунад, ки ширкати фароҳамовари ин хидмат то куҷо ваъдаи худро иҷро мекунад.

Шояд бисёриҳо бовар накунанд, аммо дар Италия суръати интернет тақрибан 7 мегабит дар як сония будааст, ки дар муқоиса ба суръати интернет дар Тоҷикистон сусттар аст. Муҳаммадӣ Ибодуллоев, барномасоз ва мутахассиси шабакаҳои мухобиротӣ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин гузориш воқеият дорад, вале ҷанбаҳои дигаре ҳаст, ки онро низ ба инобат бояд гирифт:

Муҳаммадӣ Ибодуллоев
Муҳаммадӣ Ибодуллоев
“Масалан мо дар ҷойи кори худ метавонем аз интернети дохилӣ бо суръати 10 мегабит дар як сония истифода барем, барои онки бо хати оптикӣ меояд, аммо истифодаи интернети берунӣ ба фикрам то 2 мегабит дар як сония аст. Суръати интернети берунӣ вобаста аз нархи интернети шумо аст. Агар онҳо имконияти техникиро дар назар дошта бошанд, бештар аз 10 мегабит дар сония дуруст аст. Барои хонаводаҳо барои шаҳри Душанбе ин дуруст аст. “

Манзур аз интернети дохилӣ, иттилоъоту саҳифа ва манобеъи иттилоотӣ аст, ки дар дохили қаламрави Тоҷикистон ҳифз мешаванд, аммо интернети берунӣ, вебсайту тамоми дигар иттилоотест, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон ҳастанд. Ба гуфтаи мутахассисон, дастрасӣ ба манобеъи дохилии Интернет дар Тоҷикистон бо суръати баландтар ҳам муяссар мешавад ва масалан ширкати Сатурн Онлайн дар вебсайти худ гуфтааст, ки мизоҷонаш метавонанд, бо суръати 100 мегабит дар сония аз Интернет истифода баранд.

Ҷаноби Ибодуллоев мегӯяд, дар Тоҷикистон ширкатҳои интернетрасон метавонанд суръати ба маротиб баландатри интернетро низ пешниҳод кунанд.

“Тоҷикистон бо чаҳор ё панҷ хати отпикӣ (нурӣ) ба шабакаҳои берунӣ пайваст аст ва ҳар провайдер хатҳои алоҳидаи бузург доранд. Аз ин рӯ имкони таъмини интернети баландсуръат дар кишвар вуҷуд дорад, аммо қимати интернетӣ берунӣ баланд аст ва на ҳамаи мизоҷон имкони истифода аз онро доранд. “

Дар ширкати Бабилон ҳам ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар кишвар суръати баландтари интернет имконпазир аст. Дар Тоҷикистон шумораи корбарони Интернет тақрибан 4 миллион нафарро ташкил мекунад ва аксарияти онҳо аз тариқи телефони ҳамроҳ ба ин шабака ворид мешаванд. Дар воқеъ ҳарчанд дар Тоҷикистон суръати интернет баланд аст, вале на ҳама аз ин “неъмат” баҳраманд ҳастанд, зеро барои доштани чунин интернети хуб моҳона 250 доллар харҷ кунед, ки ин пулро ҳар кас надорад.

Ҳарчанд интернет аз тариқи хатҳои оптикии баланд суръатро ҳам провайдерҳои Тоҷикистон арзонтар ва 200 долларӣ ҳам пешниҳод мекунанд, вале ин маблағ ҳам барои мардуми кишваре, ки бештар дар фикри хӯронидану пӯшонидани хонавода ҳастанд, пули зиёд аст. Баръакси Тоҷикистон интернет дар Қирғизистону Арманистону Озарбойҷон арзонтар аст, ҳарчанд дар ин кишварҳо суръат пасттар аст. Масалан, дар Қирғизистон суръати интернет барои як хонавода 9,83 мегабит дар як сония будааст.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ суръати интернет дар Қазоқистон дар муқоиса ба суръати Интернет дар Тоҷикистон беҳтар будааст. Аммо сокинони Узбакистон аз ин назар чандон хуштолеъ набудаанд, ки дар онҷо суръати интернет 2,42 мегабит дар сонияро ташкил медиҳад ва ин кишвар 113 зина поёнтар аз Тоҷикистон ва дар мақоми 170-ум қарор дорад.

Ширкати Оokla мегӯяд, дар давоми як моҳ миллионҳо бор суръати ҳаракати иттилоъ дар сафҳаҳои интернетиро дар 188 кишвар ва қаламравҳои ҷаҳон озмуда, ин маълумотро раддбандӣ кардааст. Он меафзояд дар як моҳи охир суръати интернет дар Ҳонг Конг коҳиш ёфт, зеро ҳанӯз дар моҳи ноябр аз 71 мегабит-сония бештар буд. Ин ширкат ҳамчунин талоши кишвар ва қаламравҳоро ба афзоиши суръати интернет низ таҳқиқ намуда, менависад, Чин дар соли оянда суръати миёнаи интернетро ба 103 мегабит-сония расонданист ва кишварҳое чун Русия, Беларус, Саудия, Узбакистон, Ҳинду Покистон ва дигарон мехоҳанд, суръати миёнаро аз 70 мегабит-сония низ тезтар кунанд. Дар бораи нақшаҳои Тоҷикистон чизе гуфта нашудааст, вале агар дигарон ба иҷрои тарҳҳои худ даст ёбанд ва дар Тоҷикистон тағйире иттифоқ наафтад, дар гузоришҳои ояндаи Оokla номи ин кишвар ба нимаи поёнии руӯйхат хоҳад кӯчид.
XS
SM
MD
LG