Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои аввалин бор дар 35 соли ахир вазъи солимии кӯдакони то 18 сола дар шаҳри Душанбе мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст.

Тибқи натиҷаҳои ин таҳлил ҳудуди 30 дар сади кӯдакон дар пойтахт солим арзёбӣ шудаанд. 70 дар сади дигар аз бемориҳои мухталиф, аз ҷумла, бемориҳои шадиди роҳи нафас ва асаб ранҷ мебаранд.

Пажӯҳиши мазкур аз ҷониби маркази илмӣ, клиникавӣ, педиаторӣ ва ҷароҳии Вазорати тандурустӣ миёни 272 ҳазор кӯдакону навзодони пойтахт гузаронида шудааст.

Проффесор Абдусалом Воҳидов, муовини раҳбари ин марказ дар сӯҳбат бо Радиои «Озодӣ» гуфт: «Дар мади аввал ин бемориҳои шадиди роҳи нафас аст, ки 48 дар садро ташкил медиҳад. Яъне ҳар кӯдаки дуввум дар пойтахт ба ин беморӣ гирифтор аст ва дар ҷойи дуввум бемориҳоӣ асаб қарор мегирад.»

Аммо ин пажӯҳиш собит кардааст, ки бемориҳои камхунӣ дар миёни кӯдакон ба таври чашмрас коҳиш ёфтааст. Ҳамагӣ 2, 8 дар сади кӯдакон дар пойтахт бемории камхунӣ доштаанд. Аммо дар маҷмӯъ омилҳои аслии афзоиши кӯдакони беморро ҷаноби Воҳидов ба мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ марбут медонад.

«Масалан дар зимистон барқ нест, барқ, кӣ набошад модар наметавонад дар давраи зарӯрӣ кӯдакро хуб нигоҳубин кунад, шири гарм диҳад. Албатта дар чунин шароит ва бо шири хунук кӯдак бемор мешавад.»

Ба гуфтаи оқои Воҳидов хулосаҳои ин пажӯҳиш ҷиҳати рӯйи даст гирифтани иқдому чораҳои зарурӣ барои солимии кӯдакон ва роҳҳои табобати онҳо кӯмак хоҳад кард. Дар пайи ин пажӯҳиш маълум шудааст, ки беш аз 30 ҳазор кӯдак дар Душанбе дар қайд нест. Аз рӯйи омори расмӣ дар ҳудуди пойтахт имрӯз танҳо 245 ҳазор тифл сабт шудааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи омори созмонҳои байналмилалӣ, ҳар кӯдаки 6 -ум дар Тоҷикистон бо табъизу зӯроварӣ рӯ ба рӯст. Муҷозоти кӯдак дар Тоҷикистон умдатан ҳамчун як бахши тарбияи онҳо талаққӣ мешавад ва ҷомеа онро маҳкум намекунад.

Дар Тоҷикистон беш аз 50 дарсади аҳолӣ сини то 17-сола ҳастанд ва бо вуҷуди талошу корҳои марказу созмонҳои мухталифи умури кор бо кӯдакон, атфоли тоҷик бо надоштани дастрасӣ ба таҳсили хуб, сӯистифода аз нерӯии кории онҳо ва хушунати хонаводагӣ нақзи ҳуқуқ мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG