Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмихудо Додихудоев ягона варзишгари тоҷик дар Паралимпиадаи Рио (ВИДЕО)


Раҳмихудо Додихудоев танҳо варзишгарест, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои XV тобистонаи паралимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия муаррифӣ мекунад. Ӯ дар давидан ба масофаҳои 200 ва 400 метр ширкат меварзад.

Ҳайати варзишии Тоҷикистон, ки аз чаҳор нафар (як варзишгар – Раҳмихудо Додихудоев, ду шахси расмӣ – Сафар Боев, раиси Кумитаи паралимпии Тоҷикистон ва Абдурауф Олимов, дабири кулли ин кумита, - инчунин тарҷумон) иборат аст, 3-юми сентябр тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Маскав – Лиссабон – Рио-де-Жанейро ба Бразилия сафар кард.

Бозиҳои тобистонаи паралимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия аз 7 то 18-уми сентябр баргузор мешаванд. Дар назар аст, ки дар ин бозиҳо 4350 варзишгар аз 179 кишвари ҷаҳон барои 528 маҷмӯи медалҳо дар 22 намуди варзиш рақобат хоҳанд кард. Маросими ифтитоҳи ботантани бозиҳо рӯзи 7 сентябр барпо мегардад.

Раҳмихудо Додихудоев, ки 26-сола аст, дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Дар айёми кӯдакӣ вай ба бемории остеомиелит гирифтор шуд ва пизишкон натавонистанд, ки устухони дасти чапи ӯро муолиҷа намоянд. Раҳмихудо Додихудоев мошинеро, ки ба ӯ бародараш тақдим кардааст, барои одамкашӣ истифода карда, рӯзгорашро пеш мебарад. Аз ин рӯ, имкони ба варзиш пайваста машғул шуданро надорад.

"Аввал худро дар давидан ба масофаи кӯтоҳтарин - 100 метр - санҷидам, вале дар ин масофа чандон муваффақ нашудам, бинобар ин баъдан ба масофаи миёна - 400 метр - гузаштам”, - мегӯяд Раҳмихудо Додихудоев.

Раҳмихудо соли 2014-ум дар Бозиҳои осиёӣ дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар давидан ба масофаи 400 метр миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд мақоми шашумро касб кардааст. Ӯ соли 2015-ум дар шаҳри Сочии Русия дар мусобиқоти байналмилалӣ миёни варзишгарони маълул масофаи 400 метрро чорумин шуда тай кард ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои паралимпии Рио-де-Жанейро мушарраф шуд.

Раҳмихудо Додихудоев ба Паралимпиада таҳти раҳбарии мураббии варзида Ғайрат Неъматов омодагӣ дидааст. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тамоми кӯшишу ғайрат ва қувваашро баҳри ба даст овардани ҷоизаи бозиҳо равона хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, Парвиз Одинаев, танҳо варзишгар буд, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои паралимпии соли 2012-ум дар Лондон намояндагӣ кард. Вай дар риштаи вазнабардорӣ ё пауэрлифтинг дар вазни то 75 кило вориди сабқат шуд, вале се талоши ӯ ноком анҷом ёфт. Дар ин ришта Алӣ Ҳусейнӣ, варзишгари эронӣ (225 кг), мақоми аввалро касб намуд. Ҷойи дувум насиби намояндаи Миср Муҳаммад Элалфат (224 кг) ва ҷойи севум насиби варзишгари маълули чинӣ Ҳу Пенг (213 кг) гардид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG