Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон якбора муҷаввизи 80 мактаби ронандагиро бозхонд кард. Ҳамакнун шаҳодатномаи ронандагиро танҳо пас аз таҳсил дар мактабҳои ронандагии марбут ба ширкати "Автосантал" метавон дарёфт кард.

Дар Тоҷикистон ҳамакнун шаҳодатномаи ронандагиро танҳо метавон аз мактабҳои ронандагии вобаста ба ширкати хусусии "Автосантал" ҳосил кард. Ахиран вазорати маориф ва илм муҷаввизи 80 мактаби ронандагиро бозхонд кардааст.

Ҷалолиддин Амиров, як масъули Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, санҷиши муштараки якмоҳаи ин ниҳод ва раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ маълум кард, ки таълим дар аксари мактабҳои ронандагӣ ба талабот ҷавобгӯй нест.

Ба қавли Ҷалолиддин Амиров, азбаски дар бештари муассисаҳои ронандагии хусусӣ кадрҳои хуб омода намешаванд ва сабабгори бештар сар задани садамаҳои нақлиётӣ низ маҳз хатмакунандаҳои ҳамин мактабҳо мебошанд, бояд таҳсил дар "автодромҳо"-и ягона ба роҳ монда шавад. Ин мақоми вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки "дар доираи барномаи ин вазорат ва Бозрасии давлатии автомобилӣ, мактабҳои ронандагӣ бояд бо ширкати хусусии "Автосантал" шартнома банданд, ки аз пойгоҳҳои замонавии таълиму тамрин бархӯрдор аст."

Ба ҳамин тартиб, мактабҳое, ки бо "Автосантал" шартномаи корӣ набастанд, аз фаъолият бозмонданд. Аммо Ҷалолиддин Амиров мегӯяд, ки онҳо фаъолияти ҳеҷ мактаберо қатъ накардаанд, балки танҳо муҷаввизи онҳоро гирифтанд.

Ҳарчанд ҳар соҳибкор медонад, ки ҳамагуна бизнеси бидуни муҷаввиз дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад ва муҷозот дорад.

Таҳсил дар мактабҳои хусусии ронандагӣ аз 40 рӯз то се моҳро дар бар мегирад ва бо шумули тамрину имтиҳонот дар маҷмуъ 700 сомонӣ ва ё наздик ба 100 доллар қиммат дорад. Таҳсил ва ба даст овардани санади ронандагӣ дар ширкати "Автосантал", вобаста ба категория, то 2000 сомониро дар бар мегирад.

“Азимҷон 96” нахустин мактаби хусусии ронандагӣ дар шаҳри Душанбе аст. Ин мактаб аз соли 2003 фаъолият дорад ва солона зиёда аз 400 нафарро бо санади ронандагии "категорияи В" таъмин мекунад. Ҳарчанд ин мактаби ронандагӣ то соли 2019 иҷозаи корӣ дошт, вале ҳоло Вазорати маориф ва илм муҷаввизашро бозхонд кардааст.

Раҳматҷон Мухторов, сардори мактаби ронандагии “Азизҷон 96” мегӯяд: “Сабаби бастани мактаб ин аст, ки аз рӯйи талаботи нав, базаи техникӣ мувофиқат намекунад. Дар масъалаи мошин мушкил надорем. Танҳо синфхонаҳо мувофиқ набудааст. Хайр, агар Вазорати маориф дида барояду гӯяд, ки фаъолият кунед, мо корро идома медиҳем, агар не гӯяд, дигар кор намекунем.”

Аксари мактабҳое, ки муҷавиизашон бозхонд шудааст, дар шаҳри Душанбе ҷойгир шудаанд. Аммо ҳоло бахше аз онҳо ба дарҳои худ қуфл задаанд.

Фаъолияти мактабҳои ронандагӣ тариқи шартнома бо "Автосантал" бар асоси як барномаи БДА ва Вазорати маориф ва илм дар ҳоле ба роҳ монда шудааст, ки масъулони Бозрасии давлатии автомобилӣ мегӯянд, ин мавзӯъ ба онҳо рабт надоранд. Аз маркази матбуотии БДА ба Озодӣ гуфтанд, ки ин масъала ба ширкати “Фароз” бастагӣ дорад ва онҳо бояд шарҳ диҳанд.

Аммо ширкати “Фароз” -- муассиси "Автосантал" мегӯяд, ки онҳо мактабҳои ронандагии худро доранд ва ба мактабҳои иловагӣ ниёз надоранд. Исматулло Зиёев, як масъули ширкати “Фароз” дар сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ гуфт: “Мо мактабҳои ронандагии худро дорем. Ин гап асос надорад.”

Саъдӣ Нарзуллоев, масъули Раёсати ҳимоя ва рушди рақобати Хадамоти зидиинҳисорӣ мегӯяд, мактабҳои ронандагӣ Ассосиатсияи “Ронанда ва нақлиёт”-ро ташкил кардаанд, ки муассисаш ширкати “Фароз” аст. Ба гуфтаи Саъди Нарзуллоев, миёни ширкати “Фароз” ва мақомоти умури дохила шартнома баста шуда, бар асоси он корҳои ғайрисоҳавие, ки Раёсати бозрасии автомобилӣ иҷро мекард, ҳоло “Фароз” анҷом медиҳад.

Саъдӣ Нарзуллоев гуфт: “Мактабҳои ронандагие, ки фаъолият мекарданд, қаблан техникаи хуб надоштанд. Ҳоло “Фароз” онҳоро бо тамоми техникаи зарурӣ таъмин мекунад. Ҷамъиятҳо ҳама дар якҷоягӣ аз техникаи “Фароз” истифода мекунанд.”

Ин далел, ки мактабҳои хусусӣ ба хотири ҳифзи муҷаввиз коршарики ширкати "Фароз" мешаванд, аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ талоши "монополия"-и ин соҳа арзёбӣ намешавад. Зеро ба гуфтаи Хадамот, тамоми техника аз “Фароз” буда, кори онҳо тариқи шартнома ба роҳ монда шудааст.

Барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ мӯҳлати таҳсил аз 40 рӯз то се моҳро дар бар мегирад. Дар Тоҷикистон 380 муассисаҳои таълими ронандагӣ мавҷуд аст, ки аксарашон коршарики "Автосантал" мебошанд. Аз ин миён гуфта мешавад, 80 муассиса ҳоли ҳозир фаъолият надоранд.

"Фароз" аз ширкатҳои наздик ба ҳукумат номбар мешавад, ки ба бизнесҳои мухталиф, сар карда аз фурӯши маводи сӯхт то ҷамъоварии "шираи камол" машғул аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG