Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асоси як назарсанҷӣ, танҳо 7 дарсади мардуми Русия Тоҷикистонро кишвари дӯсту муттаҳиди Маскав шумурдаанд. Як фоизи пурсидашудаҳо Тоҷикистонро ҳатто кишвари душман хондаанд.

Бино ба натиҷаҳои назарсанҷии ахири Левада-Центр, яке аз созмонҳои бузурги назарсанҷии Русия, ҳамагӣ 7 дарсади аҳолии ин кишвар Тоҷикистонро кишвари ба Русия дӯсту муттаҳиди наздик шумурдаанд. Ба бовари як фоизи пурсидашудаҳо, Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои "душман"-и Русия мебошад.

Левада-Центр мегӯяд, ин пурсишро рӯзҳои 17-20 июли соли равон дар 46 вилояти Русия анҷом дода, назари 1600 нафарро гирифтааст. Бар асоси натиҷаҳои ин пурсиш, дар посух ба ин дархост, ки 5 кишвари аз ҳама дӯсту муттаҳиди наздики Русияро ном баред, 55 дарсад Беларусро кишвари аз ҳама дӯст барои Русия хондаанд. 43 дарсад Чин ва 41 дарсад Қазоқистонро ном бурдаанд. Ба дунболи онҳо Ҳинду Арманистон – бо 18-дарсадӣ, Куба бо 14 ва Озарбойҷон бо 11 дарсад меоянд.

Қирғизистонро 10 дарсад ва Узбакистонро 8 дарсад дӯсти наздики Русия ном бурдаанд. Тоҷикистон бо 7 дарсад дар ин "сабқат"-и дӯстони Русия аз байни кишварҳои пасошӯравӣ танҳо аз Туркманистон (4 фоиз), Гурҷистон (3), Молдова (2) ва Украина, ки танҳо як фоизи пурсидашудаҳо онро кишвари дӯст хондаанд, пеш гузаштааст.

Аммо дар посух ба ин суол, ки кадом кишвар нисбат ба Русия мавқеи аз ҳама ғайридӯстона ва душманона дорад?, 73 дарсад Амрико, 37 дарсад Украина ва 25-дарсадӣ Латвияву Литваро ном бурдаанд. Полша (Лаҳистон)-ро 22 дарсад ва Бритониёро 21 дарсад дар ҷумлаи душманони Русия ном гирифта, ҳамин тавр 19 дарсади пурсидашудаҳо Эстония ва Олмонро душман хондаанд.

Натиҷаҳои ин назарсанҷӣ, ба бовари нозирони умур, таъсири мошини таблиғотии матбуоти Русия ба афкори ҷомеаро мунъакис мекунад. Ба ҳамин далел, барои мисол, Амрикову Украина дар сархатти рӯйхати кишварҳои "душман" қарор гирифтаанд.

Тоҷикони муқими Русия низ дар назари ҳамагӣ 7 дарсади аҳолии Русия кишвари дӯст таъбир шудани Тоҷикистон ва барои як фоизи ин мардум ҳатто кишвари нисбат ба Русия “душман” талаққӣ шуданашро натиҷаи “хидматҳои хирсона”-и матбуоти Русия унвон мекунанд. Онҳо мегӯянд, расонаҳои русӣ Тоҷикистонро асосан ҳамчун як манбаи асосии қочоқи маводи мухаддир ба қалам дода, дар бораи муҳоҷирони тоҷик низ асосан дар робита ба ҷиноятҳои марбут ба қочоқи ҳероину афюн гузориш менависанд ва ин як тасвири умумии манфиеро нисбат ба Тоҷикистону мардумаш дар зеҳни аҳолии Русия эҷод кардааст.

Муҳаммади Эгамзод

Муҳаммади Эгамзод

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 11 август ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ин натиҷаҳо як воқеияти талхро нишон медиҳанд. Ва ҳам инро, ки мо бояд барои рафъи оқибатҳои селоби ахбори манфии матбуоти Русия барои муаррифии симои накӯи Тоҷикистон ва талқини симои мусбати кишвари худ дар зеҳни мардуми Русия бояд ҳанӯз кори хеле зиёдеро анҷом диҳем. Чунки аксари мардуми оддии ин кишвар баъди суқути Шӯравӣ дар бораи Тоҷикистону тоҷикон иттилои дурусте надоранд."

Оқои Эгамзод баргузории чорабиниҳои фарҳангие, чун Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русияро, ки аз 11 то 16 август дар шаҳрҳои Маскав, Раменское ва Калининград хоҳад гузашт, дар амри рафъи бардошту тасаввури манфии мардуми Русия нисбат ба Тоҷикистон муҳим медонад.

Ғуфрон Ваҳҳобов

Ғуфрон Ваҳҳобов

Аммо Ғуфрон Ваҳҳобов, раҳбари хабаргузории “Тоҷинфо”, ки дар Маскав фаъолият дорад, мегӯяд, барои рафъи ин тасаввурҳову бардоштҳои манфӣ нисбат ба Тоҷикистон як барномаи комили давлатӣ лозим аст: "Тағйир додани имиҷи як миллат ё як кишвар дар зеҳни ҷомиа кори осон нест. Се сол пеш ба ин манзур дар Душанбе ҳатто як Маркази имиҷсозӣ ҳам ташкил доданд, вале ин Марказ баъди онки сафари пурмоҷарои Тесак (раҳбари яке аз гурӯҳҳои қавмгарои Русия)-ро ба номаш нисбат доданд, аз саҳна ғайб зад. Ҳол онки зарурати фаъолияти чунин як марказ бо сармоягузории кофӣ аз байн нарафтааст. Мо агар мехоҳем ки фикри мардуми Русияро нисбат ба тоҷикон ба сӯи мусбат тағйир диҳем, бояд ҳукумат дар ин кор дастбакор шавад ва пулро дар ин роҳ дареғ надоранд."

Дар чашми ҳамагӣ 7 дарсади мардуми Русия ҳамчун кишвари дӯст намудор шудани Тоҷикистон дар ҳолест ки дар худи Тоҷикистон, бино ба назарсанҷиҳо, аксарияти кулли мардум ба Русия ва нақшаш дар сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ назари дар умум мусбат доранд.

Бино ба натиҷаҳои як назарсанҷии созмони Gallup, ки дар тӯли соли 2014 бо номи “Раҳбарони ҷаҳон: Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, Олмон, Чин ё Русия?" доир шуда, натиҷаҳояш моҳи июни соли равон нашр шуд, Русия дар байни кишварҳои дунё аз ҳама бештар дар Тоҷикистон тарафдор пайдо кардааст. Аз 1000 нафари пурсидашуда дар Тоҷикистон 93 дарсад гуфтаанд, ки тарафдори раҳбарии Русия бар ҷаҳон ҳастанд. Барои муқоиса, дар Қирғизистон 79 дарсад, дар Қазоқистон – 72, дар Арманистон - 66 ва дар Узбакистону ҳатто Беларус, ки дар назарсанҷии Левада, кишвари аз ҳама дӯсти наздики Русия унвон шудааст, танҳо 62 дарсади пурсидашудаҳо низ аз раҳбарии Русия пуштибонӣ кардаанд.

Дар Русия, бино ба оморҳо, аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ин мардум солона ба Ватан то 4 миллиард доллар пул мефиристанд, ки баробари қариб нисфи иқтисоди Тоҷикистон буда, як омили асосии таъмини суботи иҷтимоӣ дар ин кишвари фақири пасошӯравӣ эътироф мешавад.

Тоҷикистон Русияро шарики стратегии худ эълон кардааст ва пойгоҳи 201-уми артиши Русияро, ки бузургтарин пойгоҳи нирӯҳои заминии Русия дар хориҷ ба шумор меравад, бидуни пардохти ягон навъ ҳаққи иҷора дар қаламраваш макон додааст. Дар соли 2012 замони будубоши ин пойгоҳ дастикам то соли 2042 тамдид шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG