Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати обу обёрии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир танҳо 57 дар сади мардуми ин кишвар бо оби поки ошомиданӣ таъмин мебошанд.

Султон Раҳимов, муовини аввали вазири обу обёрии Тоҷикистон рӯзи 23 июл, дар нишасти матбуотии ин вазорат гуфт, "аз ин 57 дарсад 90 фоизаш дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои марказӣ ба сар мебаранд." Ӯ афзуд, мушкили аслии дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар деҳот аст, зеро системаи лӯлахои обгузар дар аксари манотиқи рустоӣ корношоям ва фарсуда шудаанд. Ин дар ҳоле, ки ин мақоми вазорати об мегӯяд, барои бозсозии қубурҳои обгузар дар кишвар то кунун 200 миллион доллар сарф шудааст.




Қаблан як пажӯҳиши Хадамоти коммуналии Тоҷикистон мегуфт, ки танҳо 48 фоизи аҳолии кишвар ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ доранд. Аз ин пажӯҳишҳо бармеояд, ки тақрибан ҳар сокини дуввум дар Тоҷикистон ба оби тоза дастрасӣ надорад.

Ин дар ҳолест, ки қариб 60 дарсади манобеъи оби Осиёи Марказӣ маҳз аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд ва ин кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ бештар бо ташаббусҳояш дар ҳамин ришта, ба мисли эълони Соли оби тозаву Даҳсолаи об ва Соли ҳамкорӣ дар риштаи об маъруф аст. Ин ҳарсе ташаббуси Душанбе аз ҷониби СММ пазируфта шудаанд ва қарор аст, моҳи август дар чорчӯби Соли ҳамкорӣ дар масъалаи об дар Душанбе таҳти назари Милали Муттаҳид як анҷумани байналмилалӣ баргузор шавад.

Аммо мунтақидон мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле аз минбарҳои баланди байналмилалӣ дам аз мавзӯъи об мезананд, ки тавони бо оби пок ва нирӯи барқи кофӣ таъмин кардани мардуми худро надоранд ва ба истилоҳ "мӯзадӯзи бемӯза" ё нафареро мемонанд, ки дар лаби дарё бо ҳалқи ташна мегардад.

Оби Қайроқум ба Узбаакистон меравад



Султон Раҳимов

Султон Раҳимов

Мақомоти вазорати оби Тоҷикистон ҳамчунин гуфтанд, ки кишвари ҳамсояи Узбакистон аз обанбори Қайроқум бо об таъмин мешавад. Султон Раҳимов, муовини аввали вазири об ва мелиоратсияи Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 23 июл гуфт, бо сабаби кам шудани об дар рӯди Сир, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ба кишварҳои поёноб, аз ҷумла Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистон аз обанбори Қайроқум об медиҳад.

Ҷаноби Раҳимов сабаби кам шудани об дар рӯди Сирро ба истифодаи он аз сӯи Қирғизистон барои тавлиди неруи барқ унвон кард ва гуфт, дар ҳоли ҳозир оби рӯди Норин, ки дар обанбори Токтагул захира мешавад, ба дарёи Сир кам мерезад.

Ин мақоми вазорати обу мелиоратсияи Тоҷикистон гуфт, ки "мо ба додани об ба Узбакистон манфиатдорем, зеро заминҳои бархе аз ноҳияҳои вилояти Суғди Тоҷикистон низ аз оби канали Фарғона шодоб мегарданд."

Аммо Султон Раҳимов сабаби дигари иқдоми ҷониби Тоҷикистон ба Узбакистонро ба он рабт дод, ки "намехоҳанд то кишвари ҳамсоя камии об дар руди Сирро айби Тоҷикистон бидонад."

Чун ба таъкиди вай, дар ҳоле, ки бунёди неругоҳи обӣ - барқии Роғун, дар чанд соли ахир мухолифатҳоеро аз сӯи Узбакистон ба бор овардааст ва камии об дар руди Сир ба маънии "дастак" барои кишвари ҳамсоя нагардад.

Зимнан, Узбакистон яке аз далелҳои мухолифат барои бунёди неругоҳи Роғунро дар камшавии обёрии заминҳояш унвон мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG