Пайвандҳои дастрасӣ

Танҳо 4 ҳизби сабтиномшудаи Тоҷикистон тавонистаанд номзадҳои худро ба интихоботи миёндавраии рӯзи 11 апрел пешбарӣ кунанд.

Аз 7 ҳизби сиёсии сабтиномшудаи Тоҷикистон танҳо чаҳор ҳизб вориди корзори интихоботи миёндаврӣ барои ду курсии холишудаи порлумон шуданд. Абдуманнон Додозода, раиси дастгоҳи Кумиссиюни марказии интихобот рӯзи 26 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳлати ахири сабти номи номзадҳо 25 феврал буд ва танҳо аҳзоби халқии демократӣ, аграрӣ, демократӣ ва сотсиалистӣ номзадҳои худро сабти ном карданд. Додозода афзуд, ба ҷуз аз номзадҳои ин 4 ҳиз ду номзади мустақил низ аз ҳавзаи якмандатӣ сабти ном шудаанд.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар пешниҳоди номзадҳои худ натавонистааст ба хулосаи зарурӣ бирасад ва худдорӣ кардааст. Исмоил Талбаков, муовини раиси ҳизби комунисти Тоҷикистон гуфт, дар пленум комунистҳо дар мавриди интихоби номзад ба сӯитафоҳум роҳ доданд ва номзад пешбарӣ карда натавонистанд.

Рӯзи 10 апрел дар ду ҳавзаи интихоботӣ – ҳавзаи рақами 1-и ноҳияи Фирдавсии Душанбе ва рақами 16-и ноҳияи Ҷаббор Расулов – барои ду курсии холимондаи парлумон интихоботи миёндаврӣ баргузор мешавад.

Абдуҳалим Ғаффоров

Абдуҳалим Ғаффоров

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон низ дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки дар ҳавзаи якмандатии Фирдавсии пойтахт номзадии Таманно Раҷабова ва дар ҳавзаи Ҷаббор Расулов устоди донишгоҳи Хуҷанд Матлуба Умароваро пешниҳод мекунанд. Дар ҳизби демократи Тоҷикистон гуфтанд, ки ин ҳизб Ҳикматулло Саидиён, муовини раиси ҳизб ва дар гузашта раҳбари ҳизби сабтнашудаи ваҳдатро ба унвони номзад дар интихобот пешниҳод кардаанд.

Усмон Солеҳ, раиси бахши иттилоот ва таҳлили ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон қаблан ба Озодӣ гуфта буд, ки дар ҳавзаи рақами 1-и ноҳияи Фирдавсӣ номзадии декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ Эмомалӣ Насриддинов ва ба ҳавзаи Ҷаббор Расулов раҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Зафаробод Алиҷон Саидзодаро пешниҳод хоҳанд кард.

Ҳизби мухолифи сотсиал-демократ қаблан гуфта буд, ки дар интихоботи миёндавраии моҳи апрел ширкат хоҳад ҷуст. Вале ин ҳизб дар ниҳоят ягон номзадашро пешбарӣ накард.

Маҳмадалӣ Ватанзода

Маҳмадалӣ Ватанзода

Тасмими баргузории интихоботи миёндаврӣ дар ҷаласаи 4 феврали Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гирифта шуд. Барандаҳои ин интихоботи миёндавраӣ дар Маҷлиси намояндагон курсиҳои холимондаи Маҳмадалӣ Ватанзода ва Комилҷон Салимзодаро хоҳанд гирифт.

Маҳмадалӣ Ватанзода моҳе пеш ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи президент дар Маҷлиси олӣ ва Комилҷон Саидзода раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шудаанд. Ба ҳамин далел Маҷлиси Намояндагон ваколати ин ду вакилро қабл аз муҳлат қатъ кард.

Дар ҳоли ҳозир, аз 63 курсии Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон 51 курсиаш дар дасти ҳизби ҳокими халқии демократӣ қарор дорад. Ҳизби аграрӣ дар парлумон 3 курсӣ, ислоҳоти иқтисодӣ – 2 ва аҳзоби демократ ва сотсиалист – яккурсигӣ дорад. Дар интихоботи 1 марти соли 2015 ду ҳизби наҳзати исломӣ ва коммунист аз курсиҳои худ дар Маҷлиси намояндагон маҳрум шуданд. Мунтақидон мегӯянд, амалан ҳоло тамоми парлумон таҳти назорати ҳизби ҳоким ва аҳзоби тарафдори ҳукумат қарор гирифтааст ва мухолифон аз он берун мондаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG