Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сол боз аз Маликаву Сабина дараке нест...


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, то замоне, ки Малика ва Сабина пайдо ва сабаби бедарак шудани онҳо маълум нагардад, амалиёти ҷустуҷӯи онҳоро ҳамчунон давом хоҳанд дод.

Рӯзи 25 март аз замони бедарак гум шудани Малика ва Сабинаи хурдсол дар маркази шаҳри Душанбе як сол сипарӣ мешавад.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 24-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, феълан танҳо инро мешавад гуфт, "ҷустуҷӯ идома дорад ва то ҳол давом карда истодааст, аммо натиҷае ҳанӯз ҳосил нашудааст. Ҳарчанд гурӯҳи вижа ба таҳқиқи ин ҳодиса сафарбар шудааст."

Волидони Маликаву Сабина низ мегӯянд, ки мақомоти зирабт талошҳо ба манзури пайдо кардани ин духтараконро рӯи даст доранд. Улуғбек Аралов, падари Сабина дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти вазорати корҳои дохилӣ пайваста ӯро даъват мекунад ва аз ҷараёни тафтишот маълумот медиҳанд, «зуд зуд ВКД моро даъват мекунад гоҳ муовини вазир гоҳ сардори сарраёсати пойтахт моро қабул мекунанд ва дар бораи тафтишот маълумот медиҳанд. Онҳо мегӯянд, ки барои пайдо кардани Сабинаву Малика кадом корҳоро иҷро карда истодаанд, вале кадом корҳо ба таври намуна, шарҳ намедиҳанд».
Улуғбек ва Нигина Араловҳо, волидони Сабина.
Улуғбек ва Нигина Араловҳо, волидони Сабина.
Ҳарчанд ба таъкиди Улуғбек Аралов мақомот дар пайи таҳқиқи ин ҳодиса аст, аммо то кунун натиҷае дар бораи пайдо кардани нишое аз тифлон дар даст нест.

Бо ин ҳам ҷаноби Аралов, мегӯяд, "агар даҳсолаҳо ҳам гузарад онҳо ба умед ҳастанд ва интизор доранд, ки рӯзе фарзандонашон пайдо мешаванд."

Волидони Маликаву Сабина Араловаҳо мегӯянд, тавре онҳо хабар доранд, дар ин миён даҳҳо кӯдакону наврасон дар шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи Тоҷикистон гум шуданд ва баъдтар ёфт шуданд ва онҳо низ ҳатман дараки пайвандони худро пайдо хоҳанд кард.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар муддати як соли ахир аз тамоми василаҳо ба манзури пайдо кардани Сабинаву Малика истифода карданд. Бар иловаи он ки барои онҳое, ки Сабинаву Маликаро пайдо мекунанд, мукофоти пулӣ таъин намуд, ҳамчунин аз Идораи иктишофӣ ё ФБР -и Амрико низ хост, то дар пайдо кардани ин ду духтари хурдсол кумак кунад.

Маҳдии Собир, коршиноси масоили амниятӣ мегӯяд, ки бо таваҷҷуҳ ба он ки вазорати корҳои дохилӣ дар амри пайдо кардани Сабина ва Малика ба натиҷае нарасид, дар ниҳоят ба ин ниҳоди амрикоӣ ру овард: «15 рӯз аз кофтукови Сабинаву Мадина гузашту ВКД натавонист маълум кунад ва бо таҷрибаҳое, ФБР дорад ба ин ниҳод ва ба созмонҳоли байналмилалӣ муроҷиат кард, фурудгоҳҳо ва роҳи оҳану баромадгоҳҳоро таҳти назорат гирифт, вале ин ҳам натиҷае надод. Чунки духтарчаҳоро дар дохили Тоҷикистон дуздидагӣ ҳастанд. Ин ба маъное нест, ки ВКД наметавонад, масъулияти худро иҷро кунад аз ҳамаи василаҳо кор гирифтааст ва тафтишоти парванда идома дорад, ҳатман дар ояндаи наздик маълум хоҳад шуд.»

Ҳамчунин худи волидайни Малика ва Сабина ба иддае аз экстрасенсҳо, аз ҷумла Турсуной Зокирова, ғолиби сабқати экстрасенсҳо дар Русия муроҷаит карданд. Ҳарчанд Турсуной Зокирова, даъвати волидайни Араловҳоро рад кард, вале иддаи дигаре аз экстрасенсҳо гуфтаанд, ки умедвор бошанд, фарзандонашон ёфт хоҳанд шуд.
Аммо дар ҳоле, ки волидайни Маликаву Сабина, гурӯҳҳои ихтиёрӣ ё волонтёрҳо ва мақомот дар ин муддат дар ҷустуҷӯ ва ё кӯмак барои пайдо кардани онҳо буданд, дар оғоз овозаҳои мухталифе ба падару модари онҳо мерасид, ки тифлаконеро дар гушае аз шаҳр дидаанд, ки ба Маликаву Сабина монанд ҳастанд ва аз қабил.

Дар ҳафт моҳи бедарак шудани Малика ва Сабина, ҳатто хабаре пахш шуд, ки гуё касе онҳоро дар маҳалли лӯлинишини Лучоб дидааст. Мақомоти интизомӣ низ ба волидайни кӯдакон кӯмак карданд ва ба ин маҳалла рафтанд, аммо боз ҳам ин хабар дурӯғ баромад.

Чизи дигаре, ки то ҷое ҳодисаи бедарак гум шудани Малика ва Сабинаро ба гушаи фаромушӣ миёни ҷомеаи пойтахти Тоҷикистон мебарад, ин аст, акси ин ду духтараки дустру, ки дар рӯзу моҳҳои аввали бедарак шуданашон дар кӯчаву хиёбонҳо ва дар бозору дохили автобусу тролейбусҳо часпонда шуда буданд, ҳоло дар ҳеҷ ҷои шаҳр ба чашм намехӯранд.

Он воҳимаи "одамрабоӣ"-е ки миёни мардум дар он шабу рӯз сар зада буд, ҳамакнун тақрибан вуҷуд надорад. Ҳарчанд дар баъзе аз истгоҳҳо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳр варақаҳое бо акси кӯдакони бедарак гашта намудор мешавад.

Зимнан, Малика ва Сабина, ки мутаносиба 4 ва 4,5 сол доштанд, фарзандони ду бародар ҳастанд, рӯзи 25 марти соли 2013 аз ҳавлии биное дар хиёбони Айнӣ, наздикии маркази тиҷоратии "Садбарг"-и пойтахти Тоҷикистон ғайб заданд, то ҳанӯз касе гуфта наметавонад, ки онҳо дар куҷоянд.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар нимаи аввали соли гузашта, 95 ноболиғ гум шуда буданд, вале кормандони милиса 81 нафари онҳоро пайдо карданд.
XS
SM
MD
LG