Пайвандҳои дастрасӣ

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Санкт-Петербург ҳамагӣ як медал ба даст овард.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ, ки дар соли таҷлили ҷашни 75-солагии самбо дар ватани ин навъи маъмули варзиш – Русия баргузор шуд, беш аз 600 варзишгар аз 75 кишвар ширкат дошт.

Гуштигирон барои 27 маҷмӯи медалҳо – 9-то дар самбои варзишӣ миёни мардон, 9-то дар самбои варзишӣ миёни занон ва 9-то дар самбои размӣ байни мардон рӯзҳои 22-24-уми ноябр дар Қасри варзиши “Юбилейний”-и Санкт-Петербург мубориза бурданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 27 медал (15 тилло, 4 нуқра ва 8 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа дар самбои варзишӣ миёни мардон ва самбои размӣ ширкат карданд. Вале мунтахаби Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистон (1тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ), Узбакистон (2 нуқра ва 1 биринҷӣ), Туркманистон (1 нуқра) ва Қирғизистон (2 биринҷӣ) дар ҷойи охирин қарор гирифт.

Комроншоҳи Устопириён.

Комроншоҳи Устопириён.

Ёдовар мешавем, ки як медалро ба Тоҷикистон Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, овард. Вай дар сабқати самбои варзишӣ байни мардон дар вазни то 90 кг барандаи медали биринҷӣ гардид. Ин нахустин медали Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи ҷаҳонии самбо миёни бузургсолон мебошад. Комроншоҳ нахуст бар рақибаш Георгий Баиндурови аз Гурҷистон пирӯз шуд. Баъдан ӯ бар Даниэл Карротт аз Олмон ва Сабуҳӣ Охундов аз Озарбойҷон ғолиб омад. Вале Комроншоҳ барои ба финал баромадан аз Иван Василчук (Украина) мағлуб гашт. Сипас ӯ барои ҷойи севум Ҳелге Молти олмониро шикаст дод.

Дарвоқеъ, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба ҳамватанаш Арсен Ханджян - ғолиби вазни то 90 кг медали тиллои ин мусобиқаро супурд.

Мутаассифона, паҳлавонони дигари тоҷик ҳам дар сабқати самбои варзишӣ ва ҳам дар сабқати самбои размӣ аз медалҳо бенасиб монданд. Ҳол он ки паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар пойтахти Беларус – Минск се медал ба даст оварда буданд. Дар сабқати самбои варзишӣ миёни мардон Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кг бо медали нуқра ва Нозимҷон Охиров дар вазни то 62 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд. Медали севуми Тоҷикистонро Айниддин Қурбонов дар сабқати самбои размӣ ба даст оварда буд. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 52 кг соҳиби медали нуқра гардид.

Бояд тазаккур дод, ки баъди пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов тирамоҳи соли 1975 дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Минск то ҳоло ягон варзишгари дигари Тоҷикистон дар риштаи самбои варзишӣ миёни бузургсолон медали тилло ба даст наовардааст.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти XXXVII қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ дар Санкт-Петербург (Русия)

Самбои варзишӣ
Мардон
Вазни то 52 кг

1. Игор БЕГЛЕРОВ (Русия)
2. Шавкат ҶӮРАЕВ (Узбакистон)
3. Тигран КИРАКОСЯН (Арманистон) ва Алмос СУЛАЙМОНОВ (Қазоқистон)
Вазни то 57 кг
1. Вахтанги ЧИДРАШВИЛИ (Гурҷистон)
2. Иван АНИСКЕВИЧ (Беларус)
3. Аймерген АТКУНОВ (Русия) ва Ислом ГАСУМОВ (Озарбойҷон)
Вазни то 62 кг
1. Иля ХЛИБОВ (Русия)
2. Андрей КАШТАНОВ (Украина)
3. Давлатҷон ХАПРОЕВ (Узбакистон) ва Ҷовидон ГАРАЕВ (Озарбойҷон)
Вазни то 68 кг
1. Леван НАХУСРИШВИЛИ (Гурҷистон)
2. Мартин ИВАНОВ (Булғористон)
3. Денис ДАВИДОВ (Русия) ва Даваадорҷ ТУМУРХУЛЕГ (Муғулистон)
Вазни то 74 кг
1. Степан ПОПОВ (Беларус)
2. Хашбаатар ТСАГААНБААТАР (Муғулистон)
3. Алӣ КУРЖЕВ (Русия) ва Каха МАМУЛАШВИЛИ (Гурҷистон)
Вазни то 82 кг
1. Ашот ДАНИЕЛЯН (Арманистон)
2. Сергей РЯБОВ (Русия)
3. Отгонбаатар УУГАНБААТАР (Муғулистон) ва Ивайло ИВАНОВ (Булғористон)
Вазни то 90 кг
1. Арсен ХАНДЖЯН (Русия)
2. Иван ВАСИЛЧУК (Украина)
3. Андрей КАЗУСЕНОК (Беларус) ва Комроншоҳи УСТОПИРИЁН оҷикистон)
Вазни то 100 кг
1. Вячеслав МИХАЙЛИН (Русия)
2. Лаша ГУРУЛИ (Гурҷистон)
3. Василий КУЗНЕТСОВ (Беларус) ва Даниэл ДИЧЕВ (Булғористон)
Вазни беш аз 100 кг
1. Евгений ИСОЕВ (Русия)
2. Александр ВАХОВЯК (Беларус)
3. Нодар МЕТРЕВЕЛИ (Гурҷистон) ва Иван ИЛИЕВ (Булғористон)


Занон
Вазни то 48 кг
1. Мария МОЛЧАНОВА (Русия)
2. Лайло АББОСОВА (Беларус)
3. Ержаник КАРАПЕТЯН (Арманистон) ва Мария ГУЭДЕС (Венесуэла)
Вазни то 52 кг
1. Анна ХАРИТОНОВА (Русия)
2. Магдалена ВАРБАНОВА (Булғористон)
3. Сосэ БАЛАСАНЯН (Арманистон) ва Марина ЖАРСКАЯ (Беларус)
Вазни то 56 кг
1. Сумия ДОРҶСУРЭН (Муғулистон)
2. Калина СТЕФАНОВА (Булғористон)
3. Анастасия АРХИПОВА (Беларус) ва Татяна ЗЕНЧЕНКО (Русия)
Вазни то 60 кг
1. Яна КОСТЕНКО (Русия)
2. Екатерина ПРОКОПЕНКО (Беларус)
3. Елена САЙКО (Украина) ва Гергана ВАТСОВА (Булғористон)
Вазни то 64 кг
1. Алис ШЛЕЗИНГЕР (Исроил)
2. Олга МЕДВЕДЕВА (УСОЛСЕВА) (Русия)
3. Баттугс ТУМЭН-ОД (Муғулистон) ва Йоханна ЮЛИНЕН (Финляндия)
Вазни то 68 кг
1. Марина МОХНАТКИНА (Русия)
2. Луиза ГАЙНУДДИНОВА (Украина)
3. Дилдаш КУРИШБОЕВА (Қазоқистон) ва Олга НАМОЗОВА (Беларус)
Вазни то 72 кг
1. Татяна САВЕНКО (Украина)
2. Рюи ТАКАХАСИ (Ҷопон)
3. Анжела МОРОЗОВА (Беларус) ва Олга ЗАХАРСОВА (Русия)
Вазни то 80 кг
1. Марина ПРИШЕПА (Украина)
2. Мария ОРЯШКОВА (Булғористон)
3. Наталя КАЗАНСЕВА (Русия) ва Светлана ТИМОШЕНКО (Беларус)
Вазни беш аз 80 кг
1. Светлана ЯРЕМКО (Украина)
2. Анна БАЛАШОВА (Русия)
3. Иринэ ЛЕОНИДЗЕ (Гурҷистон) ва Тереза ҶУРОВА (Булғористон)

Самбои размӣ
Вазни то 52 кг
1. Анатолий СТИШАК (Русия)
2. Байярсайхан МУНХБАТ (Муғулистон)
3. Ассет АЛДЕШОВ (Қазоқистон) ва Сергей ЧЕРНИЙ (Украина)
Вазни то 57 кг
1. Марко КОСЕВ (Булғористон)
2. Карим АЛЛАНУРОВ (Туркманистон)
3. Алексей ЕБЕЧЕКОВ (Русия) ва Казбек СУПИГАЛИЕВ (Қазоқистон)
Вазни то 62 кг
1. Имрон ҶАВОДОВ (Русия)
2. Игор СЕВЕРИН (Украина)
3. Дамланпурэв БААСАНХУУ (Муғулистон) ва Веселин ИВАНОВ (Булғористон)
Вазни то 68 кг
1. Ормон ОСПАНОВ (Қазоқистон)
2. Руслан ГАСАНХАНОВ (Русия)
3. Вадим ЗЕЛЕНЮК (Украина) ва Абдуназар КУПИЕВ (Қирғизистон)
Вазни то 74 кг
1. Шамил ГАСАНХАНОВ (Русия)
2. Истам ҚУДРАТОВ (Узбакистон)
3. Маврик НАСИБЯН (Арманистон) ва Рустем САЙДАЛИЕВ (Украина)
Вазни то 82 кг
1. Мурод КАРИМОВ (Русия)
2. Александр ТУРОВСКИЙ (Украина)
3. Сергей ФИЛОМЕНКО (Беларус) ва Қурмонбек ОДИЛ УУЛУ (Қирғизистон)
Вазни то 90 кг
1. Вячеслав ВАСИЛЕВСКИЙ (Русия)
2. Роман ЕРМОЛЮК (Беларус)
3. Сергей АФАНАСЕНКО (Қазоқистон) ва Себастян ЛИБЕБЕ (Фаронса)
Вазни то 100 кг
1. Павел ЛИСЕНКО (Қазоқистон)
2. Станислав КОЛБАСОВ (Беларус)
3. Вадим НЕМКОВ (Русия) ва Игор ЗАДЕРНОВСКИЙ (Украина)
Вазни беш аз 100 кг
1. Кирилл СИДЕЛНИКОВ (Русия)
2. Руслан АУШЕВ (Қазоқистон)
3. Дмитрий ГОРАШ (Молдова) ва Мартин МАРИНКОВ (Булғористон)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG