Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулло Ҳайдар: "Хуни ноҳақро Худову Паёмбар ҳам инкор мекунанд" (2 ВИДЕО)


Мулло Ҳайдар Шарифзода

Мулло Ҳайдар Шарифзода

Гурӯҳе аз сокинони Душанбе субҳи 8 январ дар назди сафорати Фаронса дар Душанбе ба ёди қурбониёни ҳамлаи дирӯза шамъ фурӯзон кардаву гул гузоштаанд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ин ҳамларо "ғаддорона" ва “даҳшатангез” номида, маҳкум кардааст.

Ҳамлаи хунини рӯзи 7 январ ба идораи маҷаллаи ҳаҷвии “Charlie Hebdo” дар Порис, пойтахти Фаронса, ки мунҷар ба ҳалокати 12 нафар, бо шумули 8 журналист ва 2 афсари пулис шуд, дар Тоҷикистон мавҷи маҳкумиятро ба бор овард. Субҳи 8 январ гурӯҳе аз сокинони Душанбе дар назди сафорати Фаронса, ки дар ин рӯзи мотам парчами миллиашро нимапойин кардааст, гул гузоштаву ба ёду қурбониёни ҳамлаи дирӯза шамъ фурӯзон кардаанд.

Мулло Ҳайдар Шарифзода, рӯҳонии шинохта дар минтақаи Кӯлоб рӯзи 8 январ дар вокуниш ба ҳамлаи Порис ба Радиои Озодӣ гуфт: "Амали террористӣ ва хуни ғайри ҳақро кӣ ҷонибдорӣ мекунад? Худо инкор мекунад, Пайғамбараш нафрат мекунад. Дар курраи Замин агар касеро кушанд, мо хафаву зиқ ҳастем. Аммо касе, ки ба Қуръону пайғомбари мо мусулмонон мекунад мо чӣ гуна муносибат кунем? Мо ба пайравони ҳазрати Исо ва Мусо коре надорем, ба онҳо беэҳтиромӣ надорем. Чаро онҳо нисбати пайғомбари мусулмонон беэҳтиромӣ мекунад. Оё фитна аз онҳост ва ё аз мо? Агар аз таҳқирҳои онҳо чанд сол ҳам гузашта бошад, аммо дар дили онҳое, ки ба Худову Расул ва Китоби осмонӣ бовар доранд, ин беэҳтиромии онҳо боқӣ мемонад."

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба президенти Фаронса Франсуа Жерар Жорж Ҳолланд изҳори таслият кардааст. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 8 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар таслиятномаи президент зикр шудааст, ки “хабари даҳшатангез дар бораи ҳамлаи ғаддоронаи террористӣ дар Париж ба идораи ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Charlie Hebdo” мардум ва ҳукумати Тоҷикистонро бениҳоят андӯҳгин кард." Президенти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки "ин амали ғайриинсонӣ ҳамаи моро бори дигар ҳушдор медиҳад: башарият имрӯз бо душмани умумие рӯ бу рӯст, ки хориҷ аз чаҳорчӯби ҳар гуна қоидаҳои зиндагии инсонист."

Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, ки “муборизаи дастаҷамъона бар зидди ин “вабои аср” бояд ҳамаи моро муттаҳид созад ва Тоҷикистон, ки бо Фаронса дар ин ҷода ҳамеша ҳамкориҳои хубу созанда дошт, таъкидан иброз медорад, ки дар амри решакан намудани ин падидаи фалокатбор бо Фаронса хоҳад буд."

Ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон низ бо пахши як изҳорот гуфт, "ҳамлаи ваҳшиёна дар Пориси Фаронсаро шадидан маҳкум намуда, таслияти худро бо мардуми Фаронса баён медорад." Ин ҳизб ёдовар шуд, ки нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари Ислом, Муҳаммад (с)-ро "ҳамчун амали фитнаангез маҳкум карда буд, аммо, ҷинояти содиршуда, новобаста аз омилон ва аҳдофашон, наметавонад ҳеҷ далеле дошта бошад ва маҳкуму мардуд мебошад."

Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ҳам рӯзи 8 январ бо пахши як изҳорот ба наздикони хабарнигорони кушташудаи маҷаллаи ҳаҷвии “Charlie Hebdo” изҳори таслият кард. Дар ин изҳорот, ки дар торномаи расмии Иттиҳодияи журналистон ба нашр расидааст, гуфта мешавад “мо умедворем, ки омилони ин фоҷеаи мудҳиш дар натиҷаи тафтишоти ҷиддӣ пайдо карда шуда ҷазо хоҳанд гирифт. Ин гуна ҷиноятҳо набояд беҷазо монанд.”

Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо амали террористиеро, ки ба куштори инсонҳо анҷомидааст, шадидан маҳкум мекунем. Аммо дар айни замон аз журналистон даъват мекунем, ки дар мавриди инъикоси мавзӯъҳои мазҳабӣ аз эҳтиёт кор бигиранд ва ба ҳассосиятҳои динӣ даст назананд.”

Боздошти "чандин нафар" аз гумонбарони ҳамлаи Порис

Сарвазири Фаронса Мануэл Воллс гуфт, шаби гузашта дар ҷараёни амалиёти “шикор”-и гумонбарони ҳамлаи ахир ба идораи маҷаллаи ҳаҷвии “Charlie Hebdo” "чандин нафар" дастгир шудаанд. Аммо ӯ рақами мушаххасе дар мавриди боздоштшудаҳо наовард.

Ин дар ҳолест, ки бино ба хабарҳо, яке аз 3 нафари гумонбари асосӣ ба даст доштан дар ҳамлаи рӯзи 7 январ ба маҷаллаи ҳаҷвии “Charlie Hebdo” дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса худро таслим карда ва таъқиби ду гумонбари дигари асосӣ идома дорад. Ҳамид Муроди 18-сола, бино ба хабарҳо, субҳи 8 январ худро супурдааст.

2 гумонбари асосӣ дар ҳамлаи Порис – бародарон Саид(аз рост) ва Шариф Кӯчӣ

2 гумонбари асосӣ дар ҳамлаи Порис – бародарон Саид(аз рост) ва Шариф Кӯчӣ

Пулис дар манзилҳо дар шаҳри Реймс дар чорчӯби маъракаи саросарии шикори ду гумонбари дигари ин ҳамла – бародарон Саид ва Шариф Кӯчӣ, ки мутаносибан 34 ва 32 сол доранд, амалиёт доир кардааст. Амалиёти пулис ҳамчунин дар шаҳри Страссбург ва шаҳракҳои хурди атрофи Порис баргузор шудааст.

Пулис гумонбарони ҳамлаи рӯзи чоршанбе ба маҷаллаи “Charlie Hebdo”-ро, ки 12 кушта ва 11 захмӣ ба ҷо гузошт, ташхис ва аксҳои гумонбаронро нашр кардааст. Вазъи 4 тан аз захмиён сангин гуфта мешавад. Дастикам 2 нафари сиёҳпӯш бо автоматҳои Калашников рӯзи 7 январ вориди идораи маҷаллаи шуда, 8 журналист, 2 афсари пулис ва 2 нафари дигарро куштанд ва сипас савори мошин шуда, фирор карданд.

Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд ин ҳамларо “ваҳшиёна”, “амали террористӣ” ва “ҳамла ба тамоми ҷумҳурӣ” номид: “Ҷумҳурӣ ба маънои озодии баён, фарҳанг, эҷодиёт, гуногунандешӣ ва демократия аст. Ин аст чизҳое ки ин қотилон ба ҳадаф гирифтанд.” Ҳолланд гуфт, Фаронса барои он мавриди ҳамла қарор гирифт, ки кишвари озод аст. Ӯ рӯзи 8 январ дарн Фаронса рӯзи мотам эълон кард ва гуфт, парчамҳои ҷумҳурӣ барои 3 рӯз нимапойин оварда хоҳанд шуд.

Шариф Кӯчӣ дар соли 2008 низ бо иттиҳомоти марбут ба терроризм беш аз 1 солро дар зиндон сипарӣ карда буд. Пулис гумонбарони фирориро мусаллаҳ ва хатарнок қаламдод мекунад.

Бо ин ҳол, даҳҳо ҳазор нафар дар саросари Фаронса ва шаҳрҳои дигари Аврупо, бо шумули Лондон, Мадрид, Амстердам ва Берлин, ба нишони ҳимоят аз озодии баёну демократия ва ҳамраъйӣ бо қурбониёни ҳамлаи 7 январи Порис раҳпаймоиҳо барпо карданд. Аксари тазҳоургарон ба нишони пуштибонии рамзӣ аз 8 журналисти кушташуда, бо шумули 4 рассоми танзнавис, қалам ба даст доштанд.

Маҷаллаи “Charlie Hebdo” асосан ба нашри тасвирҳои танзомези сиёсатмадорон ва раҳбарони рӯҳонии мухталиф, бо шумули ҳатто попи Рум, машғул буд, дар пайи нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари Ислом Муҳаммад(с) ва шахсиятҳои дигари ҷаҳони Ислом аз сӯи исломгароёни тундрав мавриди таҳдидҳо қарор дошт.

Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд билофосила баъди ҳамла гуфт, ҷои шубҳа нест, ки ин як амали террористиест, ки “бо як ваҳшонияти ношуниданӣ” анҷом шудааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, “тайи ҳафтаҳои охир аз чандин ҳамлаи террористии дигар ҷилавгирӣ кардаанд.”

Ҳолланд гуфт, “беҳтарин силоҳи мо ваҳдати мост ва чсизе моро ҷудо карда наметавонад, чизе набояд моро дар муқобили якдигар қарор диҳад. Чизе набояд моро таҷзия кунад.”

Ҳамлагарон ҳангоми фирор

Ҳамлагарон ҳангоми фирор

Дар пайи ин ҳамла мизони омодабоши амниятӣ дар Порис ба ҳадди баландтарин, яъне таҳдиди ҳамла боло оварда шуд. Фаронса аллакай дар пайи даъватҳои ҷангиёни исломӣ ба анҷоми ҳамлаҳо алайҳи шаҳрвандон ва манфиатҳои ин кишвар барои ширкати низомиёнаш дар амалиётҳои зидди пойгоҳҳои исломгароён дар Ховари Миёна ва Африқо дар ҳолати омодағбош ба чунин ҳамлаҳо қарор дошт.

Испания низ эълон карданд, ки чораҳои амниятиро дар пиромуни иншооти калидиаш тақвият медиҳад.

Додситон Франсуа Молинс тасдиқ кард, ки ҳамлагарон ҳангоми ҳамла ба идораи маҷалла “Аллоҳу Акбар!” нидо мекарданд ва мегуфтанд, онҳо мехоҳанд “интиқоми Паёмбарро бигиранд.”

Шӯрои мусалмонони Фаронса ҳамлаи Порисро “ҳамчунин амали хеле барбарона” маҳкум кард ва аз мусалмонон хост, то аз тавтиаҳои ифротгароён канора бигиранд. Далил Бӯбакир, раҳбари ин Шӯро гуфт, “ин як амали ваҳшиёна ҳамҳунин алайҳи демократия ва озодии матбут буд” ва омилонаш набодя иддао кунанд, ки онҳо мусалмони ҳақиқиянд.

Дар ҳамлаи 7 январ сардабири “Charlie Hebdo” Стефан Шарбоне, мутахаллис ба Шарб, ҳамчунин рассомони танзнависи мутахаллис ба Кабу, Тигно ва Волински, кушта шуданд. Яке аз афсарони пулиси кушташуда нигаҳбони Шарбоне буд, ки тайи ин солҳо чандин бор таҳдиди куштан гирифта буд.

Шоҳид Бено Брингер ба як телевизиони маҳаллӣ гуфт, “ҳудуди ним соат пеш ду марди ниқоби сиёҳ дар сар бо автоматҳои Калашников вориди бино шуданд. Баъди чанд дақиқа ман садои тирҳоро шунидам.” Ӯ афзуда, ки баъдан ин ҳамлагаронро ҳангоми фирорашон дидааст.

Навори видеоие, ки телевизиони France 24.com намоиш дод, ҳамлагаронро ниқобҳои балаклаваи сиёҳ дар сар ҳангоми паррондани як нафар дар кӯча ва савор шуданашош дар як мошини хурду фирор аз ҷои ҳодиса нишон медиҳад.

Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ҳамлаи Порисро ҳамчун ҳамлаи “мудҳиш” ва “ҳамлаи мустақим ба ҷавҳари демократия, ба матбуот ва озодии баён” маҳкум кард. Шӯрои амнияти СММ низ гуфт, “ин амали террористии ғайри қобили таҳаммул алайҳи журналистон ва як расонаро маҳкум мекунад.” Кохи Сафед ва раисиҷумҳури Амрико Барак Обама “ҳамлаҳои тарсӯёнаи шайтонӣ” алайҳи журналистон ва матбуоти озодро маҳкум карда, аз Фаронса даъват карданд, ки террористҳоро дар ҳар куҷое ки пинҳон шуда бошанд, таъқиб кунад.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар як баёния гуфт, тирандозӣ дар Порис ҳамла натанҳо ба шаҳрвандони Фаронса, балки ҳамла ба “озодии баёну озодии матбуот” буд. Сарвазири Бритониё Девид Камерон низ ҳамлаи Порисро маҳкум кард ва гуфт, “куштор дар Порис нафратовар аст. Мо дар набард алайҳи террор ва дифоъ аз озодии матбуот дар канори мардуми Фаронса хоҳем истод.”

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо изҳори ҳамдардӣ гуфтааст, кишвараш “терроризмро дар ҳар навъи он қотеъона маҳкум мекунад.”

Лигаи давлатҳои арабӣ ва донишгоҳи Ал-Азҳари Қоҳира – умдатарин маркази таълимии Исломи суннӣ, низ ҳамлаи Порисро маҳкум карданд.

Ҳафтаномаи ҳаҷвии “Charlie Hebdo” дар моҳи феврали соли 2006, дар пайи бознашри як силсила тасвирҳои танзомези Паёмбари Ислом Муҳаммад(с) мавриди таваҷҷӯҳи байналмилалӣ қарор гирифт. Ин тасвирҳои танозомез ибтидо дар нашрияи “Jyllands-Posten”-и Дания нашр шуда, мавҷи эътирозҳои хушунатомез дар ҷаҳони Исломро ба бор оварда буд. Идораи пешини маҷалла дар ноябри соли 2011 дар пайи нашри боз яке тасвири танзомези Паёмбари Ислом ба коми оташ рафт ва бовар меравад, ки он вақт ин биноро қасдан сӯзондаанд.

Нашрия бар асоси қонунҳои зидди нажодпарастӣ ба додгоҳ кашонда шуд, вале бо ин вуҷуд ба нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари Ислом ва шахсиятҳои дигари исломию исломгаро идома медод. Охирин тасвире ки дуруст рӯзи 7 январ ин маҷалла дар Твиттер нашр кард, тасвири танзомези раҳбари “Давлати исломӣ” Абӯбакри Бағдодӣ буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG