Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 1 афсар ва ҷароҳати 33 сарбоз дар садамаи "Камаз" дар Варзоб


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Бар асари садамаи «Камаз»-и вобаста ба вазорати дифоъи Тоҷикистон, як афсар ба ҳалокат расида ва 33 тан маҷрӯҳ шудаанд.

Дафтари матбуоти вазорати дифоъи Тоҷикистон рӯзи 24-уми июн ба Озодӣ гуфт, «Камаз»-и вазорати дифоъ, ки сарбозон ва афсаронро аз вилояти Хатлон ба вилояти Суғд мебурд, соати 14:00-и рӯзи якшанбе дар мавзеъи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб ба дарё сарозер шудааст.

Ба гуфта ин манбаъ, дар натиҷа афсари вазорати дифоъ Баёнқул Холов ҳалок шуда, 33 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Дар "Камаз"-и вазорати дифоъ ҳамагӣ 36 сарбоз ва афсарон савор буданд.

Вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки дар рӯбарӯи "Камаз"-и ҳомили сарбозон, як худрав пайдо мешавад ва ронандаи саросема шуда идораи мошинро аз даст медиҳад ва мошин ба дарё сарозер мешавад.




Пас аз рух додани ин ҳодиса кормандони Вазорати дифоъ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷои ҳодиса расида, сарбозони маҷруҳшударо ба Бемористони вазорати дифоъ ва бемористони Қаряи Боло интиқол додаанд.

Дафтари матбуоти вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, ки имрӯз доир ба ин ҳодиса хабарнома пахш хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG