Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкатҳои “Aiva Mobile”-и Русия ва “Babilon Mobile”-и Тоҷикистон ба муштариёни худ SIM-картаи муштарак ё DualSim пешниҳод кардаанд, ки ҳам шумораи Русияро дорад ва ҳам Тоҷикистонро.

Пешниҳоди нави ширкатҳои “Aiva Mobile”-и Русия ва “Babilon Mobile”-и Тоҷикистон SIM-карта ё DualSim-ест, ки ду шумора дорад: яке аз Русия ва дувумӣ – аз Тоҷикистон. Муштариён дар Русия шумораи “Aiva Mobile”-ро истифода мебаранд ва дар Тоҷикистон шумораеро, ки аз “Babilon Mobile” доранд. Ин SIM-корд ба муштарӣ аз ҷумла имкон медиҳад, ки дар Русия низ аз тарифи “Любимый номер“-и “Babilon Mobile” истифода барад.

Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати “Babilon Mobile” рӯзи 23 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, истифодаи чунин SIM-картаи муштарак имкон медиҳад, ки муштарӣ аз Русия истода, бо наздиконаш дар Тоҷикистон бо нархи хеле арзонтар аз роуминг сӯҳбат кунад: “Нархи ин хадама назар ба роуминг тақрибан се маротиба арзонтар тамом мешавад. Дақиқаи аввали гуфтугӯ 4,5 рубл аст ва сар аз дақиқаи дуюм – ҳамагӣ 1 рубл. Барои рақамҳои дӯстдошта бошад дақиқаи аввал 2,5 ва дақиқаҳои дига 1 рубл аст.”

Холиқназар Ҷумъаев гуфт, ҳадафи аз ин хидматрасонӣ, ки дар чорчӯби барномаи “Роуминги дастрас” ба муштариён расонда мешавад, дар доираи хидматрасониҳои “Babilon Mobile” нигоҳ доштани он муштариёнест, ки бо тақозои рӯзгор ҳарсол барои муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд.

Ширкати “Aiva Mobile” дар сомонаи интернетиаш тарзи пайвастан ба ин хадамаро низ шарҳ дода навиштааст, нархи пайвастан ба тарифи Любимый номер“ 30 рубл аст ва ин тариф, чун дар Тоҷикистон 5 шумораи “дӯстдошта”-и муштариро дар бар мегирад. Ин 5 шумора ба рӯйхати шумораҳои “дӯстдошта”-и муштарӣ ройгон пайваст карда мешавнд, вале агар муштарӣ бихоҳад, ки ин рӯйхатро зиёдтар кунад, сар аз шумораи шашум барои ҳар рақами изофӣ бояд 30 рубл, чизе дар ҳудуди 50 сент ё 3 сомониву 40 дирам пардохт кунад.

“Babilon Mobile”, ки шумори умумии муштариёнашро беш аз 3,5 миллион баровард мекунад, бузургтарин ширкат дар бозори телефонҳои ҳамроҳи Тоҷикистон ба шумор меравад.

“Aiva Mobile” аз сӯи ширкати «Межрегиональный транзиттелеком» (МТТ) таъсис ёфтааст. МТТ марбут ба Леонид Додоҷонович Рейман, вазири собиқи мухобироти Русия дар солҳои 1999 - 2004 аст, ки зодаи Хуҷанди Тоҷикистон мебошад. Падари Рейман – профессор Додоҷон Тоҷиев, мудири кафедраи забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд.

“Aiva Mobile” дар баҳори имсол эълон кард, ки тиҷоратҳои камдаромадаш дар дохили Русияро батадриҷ барҳам дода, дар фаъолияташ рӯи ироаи хидматрасониҳо ба муҳоҷирон аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла ба муҳоҷирон аз Тоҷикистон, тамаркуз хоҳад кард.

Беш аз 1 миллион аз аҳолии Тоҷикистон ҳар сол барои муҳоҷирати корӣ ба хориҷ ва умдатан ба Русия мераванд. Ба ин далел, гуфтугӯҳои телефонӣ байни Русияву Тоҷикистон ва ҷалби муштарии ҳарчӣ бештар аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик ҳоло ба як самти муҳими фаъолияти ҳамаи ширкатҳои фаъол дар бозори телефонҳои мобили Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Дар ин бозор ширкатҳои русии “Мегафон” ва Beeline бо истифода аз имконоти ширкатҳои муассисашон дар Русия пешдастӣ доштанд. “Мегафон Тоҷикистон” соли гузашта аз роҳандозии тарифи вижае бо номи “Ду кишвар дар як сим-корт” хабар дода буд, ки ҳар як сим-картааш низ ду шумора дошт: яке барои Тоҷикистон ва яке барои Русия. Нархи як дақиқаи занг аз “Мегафон-Тоҷикистон” ба “Мегафон”-и Русия ҳудуди 20 дирамро ташкил медод.

Вале ширкатҳои дигар низ акнун, тавре ба назар мерасад, талош доранд, то аз ин бозор саҳми худро ба даст биоранд. ​

​Дар соли 2012 «Мегафон Тоҷикистон» ва ширкати дигари русӣ - Beeline аз сӯи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон барои нархгузории аз ҳад зиёд арзони зангҳояшон ба Русия, ки то 6 сент арзиш дошт, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Он замон мақомот бо баҳонаи "ҷилавгирӣ аз монополист шудани ширкатҳои русӣ" нархномаи зангҳо ба Русияро барои ҳама ширкатҳо на камтар аз 10 сент муайян карда буд. Дар пайи ин дастур ва боло рафтани қимати зангҳои байналмилалӣ, ки бисёриҳо онро натиҷаи «лоббӣ»-созии ширкатҳои маҳаллӣ мехонданд, ҳаҷми сӯҳбатҳои телефонии сокинони Тоҷикистон бо пайвандонашон дар Русия коҳиш ёфт.

Талоши ҷалби муштарии бештар аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар ҳолест, ки ҷои пои ширкатҳои мобилро дар ин бозор ҳарчӣ бештар шабакаҳои интернетие, чун Viber, Skype, WhatsApp, Telegram танг мекунанд. Ҳоло ба сабқати бе ин ҳам шадид барои дарёфти саҳми худ дар ин бозор шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, ки хадамаи сӯҳбатҳои телефониашро ҳам ба роҳ мондааст, ҳамроҳ шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG