Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти сӯиқасд ба яке аз ёрони У.Қувватов дар Маскав


Мақсуд Иброҳимов

Мақсуд Иброҳимов

Мақсуд Иброҳимов, аз афроди наздик ба Умаралӣ Қувватов, дар як ҳамла дар шаҳри Маскав захмӣ шудааст. Бино ба хабарҳо, ӯ бо иттиҳоми ифротгароӣ аз сӯи мақомоти Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.

Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон” ва узви раёсати эътилофи нирӯҳои мухолифин “Тоҷикистони нав” шаби 26 ба 27 ноябр дар шаҳри Маскав ҳадафи сӯъиқасд қарор гирифтааст. Наздикони Иброҳимов мегӯянд, ин ҳамла дар назди манзили иқомати ӯ сурат гирифта, Мақсуд Иброҳимовро бо захмҳои сангин ба бемористон интиқол додаанд.

Хабаргузории “Балтинфо” бо такя ба манобеаш дар мақомоти интизомии Русия хабар дод, ки ҳамла ба Мақсуд Иброҳимов соати қариб 11-и шаб дар кӯчаи Боку сурат гирифтааст. Ба гуфтаи ин манобеъ, “маъмурони пулис аз ҷои ҳодиса як туфангчаи Макаров бо садохомӯшкунак (глушитель) пайдо кардаанд. Фарзияи асосӣ интиқом аст. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳамлагарон ба кунҷи дом фирор карда, ба мошини тамғаи хориҷие нишаста, аз тариқи кӯчаи Севан фирор карданд.”

Ин манбаъ афзуда, ки ҳамлагарон ба молу пули Мақсуд Иброҳимов даст нарасондаанд ва ин дар заминаи тамаъ анҷом шудани ин ҳамларо истисно ва интиқомро ба як фарзияи асосӣ табдил мекунад.

“Балтинфо” мегӯяд, Мақсуд Иброҳимови 36-сола ба сурати доим дар вилояти Ростови Русия ба сар мебурд ва аз 7 октябри соли 2014 аз сӯи мақомоти Тоҷикистон бо иттиҳоми “ифротгароӣ” таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода шуда буд. Гуфта мешавад, пулис дар бемористоне, ки Иброҳимовро интиқол додаанд, посгоҳи махсус гузоштааст ва ба муҷарради беҳтар шудани вазъаш ӯро ба далели таҳти ҷустуҷӯ қарор доштанаш ба ҳабс хоҳанд гирифт. Ба навиштаи “Балтинфо”, дар ҳоли ҳозир масъалаи кушодани парванда дар мавриди ҳамла ба ин шаҳрванди Тоҷикистон дар дасти баррасӣ қарор дорад. Аммо мақомоти пулиси Маскав дар сӯҳбат бо "Балтинфо" дар шарҳи расмии ин қазия танҳо бо тасдиқи ҷароҳат бардоштани Мақсуд Иброҳимов иктифо карда, аз ироаи ҷузъиёти дигар худдорӣ кардаанд.

Хабаргузории ахбори шаҳрии “Москва” аз қавли пулис хабар дод, ки ҳамла ба Мақсуд Иброҳимов соати 22:50 сурат гирифта, алайҳи ӯ ҳам тир кушода ва ҳам бо корд захмиаш кардаанд. Бино бар ин манбаъ, Иброҳимов ба бемористон интиқол дода шуда ва табибон вазъи ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд. Дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Русия дар сӯҳбат бо хабаргузории “Москва” хабари ҳамла ба сиёсатмадори тоҷикро тасдиқ карда гуфтааст, ки ӯро дар кӯчаи Севан (Севанская) пайдо кардаанд. Ин кӯча дар минтақаи Тсаритсино, дар наздикии шоҳроҳи Варшавское дар ҷануби пойтахти Русия воқеъ шудааст.

Дафтари матбуоти пулиси шаҳри Маскав ба хабаргузории “М24” гуфтааст, афроди ношинос бо силоҳу корд ба Иброҳимов дар кӯчаи Севан ҳамла кардаанд ва вазъи ӯ дар бемористон вазнин гуфта мешавад. Бино бар ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир пулис ба маълум кардани ҷузъиёти ин ҳодиса машғул буда, ҳамлагаронро ҷустуҷӯ дорад.

Эътилофи “Тоҷикистони нав”, ки ба ҷуз аз созмони Мақсуд Иброҳимов, боз “Гурӯҳи 24”-и Умаралӣ Қувватов ва чанд созмони дигари мухолифини бурунмарзиро муттаҳид мекунад, рӯзи 27 ноябр бо пахши як изҳорот ҳамла ба ин узви аршадашро шадидан маҳкум кард.

Дар ин изҳорот масъулияти сӯъиқасд ба ҷони Мақсуд Иброҳимов ба дӯши мақомоти вижаи Тоҷикистон бор карда мешавад. Дар изҳорот омадааст, ки Иброҳимов баъди ташкили як силсила тазоҳуроти муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои мухталифи Русия бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рӯйхати сиёҳ афтодааст ва чандин бор ӯву аъзои хонаводааш мавриди таҳдиду тарсдиҳии мақомоти тоҷик қарор гирифтаанд.

Эътилофи “Тоҷикистони нав” аз мақомоти Русия талаб кардааст, ки ба мавридҳои рабудану куштори мухолифини тоҷик дар қаламраваш нуқта гузошта, ташкилкунандагону омилони чунин амалҳоро ошкор ва муҷозот кунад.

Умаралӣ Қувватов

Умаралӣ Қувватов

Созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон” як мӯҳраи калидӣ дар сохтори эътилофи нирӯҳои мухолифин “Тоҷикистони нав” ба шумор меравад. Масъулони он мегӯянд, аксари гирдиҳамоиҳо дар шаҳрҳои Русия бо талаби истеъфои Эмомалӣ Раҳмонро ҳамин созмон ташкил дода буд. Баъди митинги баргузорношудаи рӯзи 10 октябр ин созмон аз бедарак шудани дастикам 3 узваш хабар дод. Баъдан мақомоти Тоҷикистон эътироф карданд, ки чанде аз тарафдорони Умаралӣ Қувватовро ба далели насби шиорҳои зидди ҳукумат дастгир кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба иддаои эътилофи нирӯҳои мухолифин “Тоҷикистони нав”, ки онҳоро ба даст доштан дар сӯъиқасд ба ҷони Мақсуд Иброҳимов гунаҳкор мекунад, вокунише нишон надодаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG