Пайвандҳои дастрасӣ

Раёсати мубориза алайҳи ҷиноёти созмонёфтаи пойтахт Сайдмурод Нозиров, узви раёсати олии ҲНИТ-ро мавриди бозпурсӣ қарор додааст.

Сайдмурод Нозиров, узви раёсати олии ҲНИТ рӯзи 10-уми феврал ба радиои «Озодӣ» бо тасдиқи ин хабар гуфт, баёноте, ки қаблан ба мақомоти интизомӣ додааст, гӯё нопадид шудааст ва бинобар ҳамин, дубора ӯро барои додани забонхат даъват кардаанд.

Вай гуфт, ки муфаттиши раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи пулиси шаҳри Душанбе Мирзошариф Муслимов рӯзи 8-уми феврал ӯро дар мавриди таҳсилаш дар Эрон бозпурсӣ карда, дар роҷеъ ба таҳсили низомӣ дидан ва ё надиданаш дар он кишвар пурсидааст.

Ба нақли ҷаноби Нозиров, ӯ соли 1995 барои таҳсили улуми исломӣ ба Эрон сафар карда, аммо пас аз 5 моҳи таҳсил аз идомаи он даст кашида, ба Афғонистон ва аз тариқи Ҳирот ба Тоҷикистон баргаштааст. Вай гуфт, ки дар Эрон ҳеҷ гуна таҳсили низомӣ надидааст.

Ба гуфтаи ин узви Раёсати олии ҲНИТ, «муфаттиши РКД феҳрасти афродеро ба ман нишон дод, ки бархе аз онҳо аз вилояти Суғд ва бархеи дигар аз маҳаллаи Себистони Данғара будаанд, ки гӯё дар Эрон таҳсили низомӣ гирифта бошанд, ки ман ҳеҷ кадоми онҳоро намешиносам ва дар бораи онҳо иттилое ҳам надорам.»

Сайдмурод Нозиров афзуд, ки дар соли 1994 масъули бахши ибтидоии ҲНИТ буд ва пас аз бозгашташ аз Эрон дар соли 1996 пинҳонӣ дар зодгоҳаш ҷамоати Симиганҷ ба сар мебурд ва бо оғози музокирот миёни ҳукумат ва Иттиҳодияи мухолифони пешини тоҷик ва имзои Созишнома дар соли 1997, аз ҷониби президент дар қатори 5 ҳазор нафар аъзои мухолифин, ӯ низ мавриди бахшиш қарор гирифт.

Вай афзуд, ки барои шомил шудан ба қарори афв номи ӯ дар ҷабҳаи Абдулло Зиёриддин, яке аз фармондеҳони собиқи мухолифин, ки ҳоло сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ дар Ромит мебошад, номнавис шуд ва бо номи вай рақами силоҳи ҷангӣ низ сабт карда шуд ва мавриди афв қарор гирифт. Тайи чаҳор сол аст, ки узви раёсати олии ҲНИТ мебошад.

Феълан, ба иттилои Нозиров, бозпурсӣ хотима наёфта, шиносномааш дар дасти масъулини раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи пулиси шаҳри Душанбе мебошад ва ӯро гуфтаанд, рӯзи душанбе бо ҳамроҳ гирифтани санади афви соли 1997 ва маълумотнома дар бораи силоҳи супоридааш ба ин идора ҳозир шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG