Пайвандҳои дастрасӣ

Яке аз роҳзанҳо додарзодаи худи "Дости бурут" будааст


Дӯстмурод Ҳакимов, акс аз хабаргузории "Озодагон"

Дӯстмурод Ҳакимов, акс аз хабаргузории "Озодагон"

Яке аз ҳамлагарон ба манзили Дӯстмурод(Достӣ) Ҳакимов, мулаққаб ба «Дости бурут», соҳибкори маъруфи сокини Файзобод, додарзодаи худи ӯ будааст.

Ба гуфтаи пайвандонаш, Дӯстмурод Ҳакимов пас аз ҳамлаи шаби 8 ба 9 октябри гурӯҳи авбошон ба манзилаш таҳти фишори шадиди равонӣ қарор гирифта, аз по афтодааст ва феълан дар бемористони Файзобод табобат мегирад.
Нуқтаи дигари муҳими марбут ба ин қазияи пурсарусадо ин аст, ки яке аз ҳамлагарон додарзодаи худи соҳиби хона Барзу Ҳакимов будааст.

Саидмурод Раҳматов, додарзодаи Дӯстмурод Ҳакимов рӯзи 14 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт: «Шумо тасаввур кунед, ки нисфи шаб, вақте ки ҳама хоб аст, 4-5 нафари ниқобпӯш якбора дар даст пистолету корд рӯи ҷойгаҳи хоб пайдо шуда, бо ҳақорату дашном аз китфи як марди солхӯрдаи 79-сола мекашанду талаби пулу мол мекунанд, истинтоқ мекунанд, дар пеши чашмаш зани солхӯрдаашро истинтоқ мекунанд, фарзандашро латту кӯб мекунанд… Ҳоло ҳам ин мусафед ба пойҳояш рост меистад, офаринаш.»

Манзили Дӯстмурод Ҳакимов, мулаққаб ба «Дости бурут» дар рустои Туғмаи поёни ноҳияи Файзобод шаби 8 ба 9 октябр ҳадафи ҳамлаи афроди ниқобпӯш қарор гирифт, вале маъмурони пулис ва ҳамсояҳо сари вақт ҳозир шуда, ҳамлагаронро боздошт карданд. Дӯстмурод Ҳакимов аз соҳибкорони маъруфдар ноҳияи Файзобод ба шумор рафта, дар ду интихоботи охир аз ҳавзаи Файзобод фарзандони ӯ вакили парлумон интихоб шуданд. Дар соли 2005 аз ин ҳавза Акбар Ҳакимов, мудири корхонаи орди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, ва дар соли 2010 – Меҳроҷиддин Ҳакимов, ки то интихобаш ба Маҷлиси намояндагон раҳбари раёсати додситонии кулл буд, ба вакилии парлумон пазируфта шуданд. Акбар Ҳакимов дар интихобот ҳатто бар Муҳиддин Кабирӣ – раиси ҳизби назҳати исломӣ – бузургтарин ташаккули мухолифин – баранда шуда буд.

Саидмурод Раҳматов меафзояд, Дӯстмурод Ҳакимовро шояд бештар аз ҳама ин хабар аз пой афканд, ки яке аз ҳамлагарон додарзодаи худи ӯ Барзу Ҳакимов мебошад. Даст доштани Барзу Ҳакимовро мақомоти вазорати корҳои дохилӣ низ тасдиқ мекунанд. Бино ба хабари расмии ин вазорат, Барзу Ҳакимов ҳамроҳи Фирӯз Шарипов, Муҳаммад Умаров, Санчимурод Худойбердиев ва Комилҷони Сайфиддинзода шаби 9 октябр дар дохили манзили Дӯстмурод Ҳакимов боздошт шуданд. Дар ин хабар ҳамчунин омада буд, ки «Барзу Ҳакимов бо Фирӯз Шарипов, Муҳаммад Умаров ва Санчимурод Худойбердиев ҳанӯз рӯзи 9 сентябр ба шахсони дигари ҳанӯз барои гурӯҳи тафтишотӣ номаълум Маҳмад ва Абдулло занг зада, дар шаҳри Ваҳдат нақшаи ҳамла ба манзили Дӯстмурод Ҳакимовро машварат кардаанд.»

Онҳо бо ин мақсад шаби 8 ба 9 октябр таппончаи бозичагӣ ва чанд корд бо худ гирифта, бо мошини «Нексия», рақами давлатиаш 24-37 АР 02 РТ, ба самти ноҳияи Файзобод ҳаракат кардаанд. Тибқи натоиҷи таҳқиқи гурӯҳи корӣ, соати яки шаб бо дастуру пешниҳоди Барзу Ҳакимов ниқобу дастпӯшакҳои сохтмониро ба бар карда, Шарипов Фирӯзро ҳамчун назоратчӣ дар паси дар гузошта, дигарон аз дарвоза вориди манзил ва хонаи хоби Дӯстмурод Ҳакимов мешаванд.

«Онҳо бо таҳдиду зӯроварӣ ба Ҳакимов Достӣ, аз кисаи костюмаш 1700 сомониро гирифта , баъди он аз аз дастони завҷааш Ҳакимова Гулсун ду ангуштарин ва як адад дастпонаи тиллогинро тасарруф намуда, набераи 16-солаи соҳибхона Абдулҳак Ҳакимовро зери мушту лағат қарор дода, маҷбур мекунанд, ки соҳибхона калидҳои сандуқи оҳанини (сейф) дар ҳуҷра бударо ба онҳо диҳанд.Аммо дар ҳамон лаҳза кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ огоҳ шуда вориди мангзил шуда ин афроди ҳамлаварро боздошт мекунанд," - омадааст дар иттилоияи вазорати дохила.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон меафзояд, афроде ки боздошт шудаанд, бо худ таппончаву корду дигар «васоили тарсдиҳанда» доштаанд.Гурӯҳи тафтишотӣ гузориш додааст, ки аз ин афрод 1 адад ангуштарин, 1 адад корд, 1 адад бастаи скотч, 1 ҷуфт дастпӯшаки сохтмонӣ ва автомашинаи тамғаи «Нексия» ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, тафтишот идома дорад ва аз натиҷаи он матбуотро дар ҷараён хоҳанд гузошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG