Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии ҳарбии гарнизони Душанбе алайҳи як ҳамхидмати Аъзам Убайдуллоев, сокини Исфара, ки дар марги ӯ муттаҳам мешавад, бар асоси моддаи 391-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардааст.

Додситонии ҳарбии гарнизони Душанбе мегӯяд, алайҳи як афсари қисми низомии 2604-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки дар марги Аъзам Убайдуллоев, сокини Исфара муттаҳам мешавад, парванда боз кардааст. ​Полковник Мансур Ҳокимзода, муфаттиши Додситонии ҳарбии гарнизони Душанбе, 25 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ин парванда бар асоси моддаи 391, қисми 3, банди "г"-и Кодекси ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст.

Ба қавли ӯ, "Аъзам Убайдуллоев, ки дар қисми низомии 2604 адои хидмат мекард, баъд аз латту кӯб шуданаш аз сӯи ин афсар худкушӣ намудааст."

Аҳтам Убайдуллоев, сокини шаҳри Исфара ва падари Аъзам Убайдуллоев, рӯзи 24 июл аз марги фарзандаш дар қисми низомии 2604-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, воқеъ дар Душанбе, ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ӯ гуфт, Аъзам писари калонии хонавода буда, ҳамагӣ се моҳ қабл ба хидмати сарбозӣ ҷалб шудааст.

"Соати 10-и шаби 23 июл ба ман занг зад ва гуфт, ки барояш чорсад сомонӣ фиристам. Бе ягон пурсиш ба ин дархосташ розӣ шудам, аммо вақте аз аҳволаш пурсидам, гуфт, ки ба ӯ маҷбурӣ собун мехӯронанд ва бояд пулро фиристам," - нақл кард ӯ.

Ин сокини Исфара гуфт, субҳи барвақти 24 июл барои писараш чорсад сомонӣ фиристода, аммо баъд аз чанд лаҳзаи он хабари марги фарзандашро гирифтааст. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд рӯзи шанбе ҷасади фарзандашро дар ҷамоати Кӯлканд ба хок супурдаанд.

Як мақоми баландпояи Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ марги Аъзам Убайдуллоевро тасдиқ кард, аммо гуфт, ҳанӯз иллати марги ӯ рӯшан нест. Ӯ гуфт, аз масъулони қисми низомии 2604 дар ин замина дархост шудааст, ки қазияро расман шарҳ диҳанд.

Тайи ду моҳи охир ин севумин ҷасади сарбозон аст, ки аз артиш ва аз қисмҳои марзбонӣ ба волидонашон оварда мешаванд. Ин навбат ҳам қурбонӣ аз минтақаи шимоли Тоҷикистон будааст. Дар аввали моҳи ҷорӣ хонаводаи Абдуваҳҳоб Қаюмов, сокини ҳаждаҳсолаи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, иддао карданд, ки фарзандашон ҳангоми хидмат дар қисми низомии 2747 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон кушта шудааст. Ҳарчанд хабари марги Абдуваҳҳобро масъулон тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ки тафтиш дар ин замина ҷараён дорад ва аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ намуданд.

Абдуваҳҳоб Қаюмов, ки дар аввали моҳи майи соли ҷорӣ ба синни 18 расид, довталабона ба хидмати артиш рафтааст. Маркази экспертизаи судӣ-тиббии вилояти Хатлон дар маълумотномаи худ аз 5 июл навиштааст, ки "дар бадани Абдуваҳҳоб Қаюмов харошаҳои мавқеи пешона, аз чап, пушт ва қаноти бинӣ, лунҷи рӯй аз рост, ангуштони ҳарду даст, пушти панҷаи пойи рост хуномосҳои шаклашон дарозрӯя ҷойгир буда, дар қафаси сина ва пушти гардан хунпечиши мағзча ва пардаи ғафи мағзи сар ... дарёфт карда шуд."

Аз ин пеш, шаби 7 ба 8 июни соли ҷорӣ мақомот ҷасади Фирдавс Раҳматов, сокини шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯи соли чоруми бахши ғоибонаи Донишгоҳи ин шаҳрро ба волидонаш супурданд, ки дар қисми низомии 04080 дар Конибодом хидмати сарбозӣ мекард. Масъулони ин қисми низомӣ дар ибтидо гуфтанд, гӯё Фирдавс Раҳматовро офтоб задааст ва бар асари ин забонаш дарун рафтаву роҳи нафасаш гирифтааст. Вале волидони Фирдавс ба ин фарзия бовар накарда, марги мармузи ӯро аз тариқи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ расонаӣ карданд.

Ба дунбол, рӯзи 11 июн Абдулқодир Нуров, додситони низомии Суғд бо баргузории як нишасти хабарӣ тасдиқ кард, ки Фирдавс Раҳматов на бо марги табиӣ, балки бар асари латту кӯби ҳамхидматони собиқадор, ба истилоҳ "дед"-ҳо ҳалок шудааст. Ӯ гуфт, ки додситонии ҳарбӣ алайҳи сержантҳо Раббонӣ Сулаймонов, Комрон Раҳимов мутобиқи банди 391, қисми 3 - и Кодекси ҷиноӣ - "баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ" ва нисбат ба Айём Назаров мутобиқи банди 273, қисми 2 - "вайрон намудани талаботи оинномаи умумиҳарбӣ" парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Баъдан Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса се фармондеҳи қисми низомии 04080 - фармондеҳони полк, баталйон ва як ротаи ин воҳиди низомиро - ба далели хунукназарӣ то замони анҷоми тафтиши парвандаи марги Фирдавс Раҳматов аз иҷрои вазифа барканор кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG