Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири энержии Иморот


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири энержии Имороти Муттаҳидаи Араб Суҳайл Аз-Мазруӣ дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба миёни ду кишварро баррасӣ кардааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот, ки рӯзи 21 октябр дар "Қасри Миллат" баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон ва Суҳайл Ал-Мазруӣ масоили ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб дар бахшҳои энержӣ, тиҷорату сармоягузор ва кишоварзӣ баҳс шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин мулоқот гуфта шудааст, ки сатҳи ҳамкориҳо миёни ду кишвар "қаноатбахш" нест ва ҳамчунин бояд фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб, беҳбуд ёбад.

Ҷонибҳо ба таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маъданҳои кӯҳӣ, содироти мева ва сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Имороти Муттаҳидаи Араб таъкид карданд. Дар мулоқоти ҷаноби Раҳмон бо вазири энержии Имороти Муттаҳидаи Араб гуфта шудааст, ки то ба ҳол имкониятҳои бузурги рушди ҳамкориҳо миёни ду кишвар ба таври комил истифода нашудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Суҳал Ал-Мазруӣ ҳамчунин дар мавриди зарурати таъсиси Бунёди муштараки сармоягузорӣ, Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, инчунин таъсиси намояндагии яке аз бонкҳои тиҷоратии ин кишвар дар Тоҷикистон, гуфтугӯ карданд.

Ҳайати баландпояи ҳукумати Имороти Муттаҳида бо раҳбарии Суҳайл Ал-Мазруӣ ҷиҳати ширкат дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистону Имороти Муттаҳидаи Араб дар Душанбе қарор дорад.

XS
SM
MD
LG