Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) тарҳеро ба баррасӣ гирифтааст, ки тиқби он ба Тоҷикистон 100 миллион доллар қарз ҷудо хоҳад шуд. Аммо ин бонк мегӯяд, қарзи 100 миллиондолларӣ чанд шарт дорад, ки танҳо дар сурати пазируфта ва иҷро шудани он, Тоҷикистон метавонад ба дарёфти он умед бандад.

Ҳарчанд Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳоло шартҳои худро ошкор намекунад, аммо ба эҳтимоли зиёд ин шартҳо аз “беҳтар кардани менеҷменти бонк”, “шафофоияти бештар” ва ё аудити беруна ва оммавӣ кардани муҳтавои он иборат хоҳад буд.

Дар Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 4 октябр гуфтанд, ки “ин шартҳо гузарондани чанд ислоҳот дар бахши бонкдорӣ дар Тоҷикистон аст, вале ҳанӯз номгӯи пурра ва дақиқи ин пешшартҳо то ба охир таҳия нашудаанд”. Мусоҳиби мо дар ин бонк гуфт, баъди пурра таҳия шудани номгӯи ислоҳот, ки шарти ба Тоҷикистон додан ва ё надодани ин қарз ба ҳисоб меравад, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд онро ба пуррагӣ нашр хоҳад кард.

Буҳрони бонкҳо ва навбатпоии муштариён

Дар сурати ихтисос ёфтани ин 100 миллион доллар бояд барои аз вазъияти буҳронӣ берун кашидани чанд бонки Тоҷикистон равона шаванд. Вазъияти молиявии бонкҳои бузурги Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2014 ба ин сӯ рӯ ба бадшавӣ овард ва Сандуқи байналмиллалии пул (СБП) дар Тоҷикистон дар гузориши охири хеш эътироф кард, ки “ду бонк дар Тоҷикистон пардохтнопазир шудаанд”.

Бинои асосии Тоҷиксодиротбонк дар Душанбе

Бинои асосии Тоҷиксодиротбонк дар Душанбе

Ишораи СБП ба Тоҷиксодиротбонк ва Тоҷпромбонк аст, ки Бонки миллӣ ҷилави идораи ҳар ду бонкро ба дасти худ гирифта, моҳи майи соли равон дар он ҷо роҳбарони муваққат таъин кард. Ба ҷуз ин ду бонк, инчунин, Агроинвестбонк - яке аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон дар пардохти пули муштариён ва иҷрои уҳдадориҳояш дучори мушкил шуд, ки ба гуфтаи коршиносон “аз вазъи наздик ба буҳронӣ” дар ин бонк дарак медиҳад.

Мақомоти Тоҷикистон сабаби аслии гирфитори буҳрон шудани бонкҳоро дар “менеҷмент ва ё идораи нодрусти онҳо” аз сӯи роҳбаронашон унвон карда буданд. Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон, дар буҳронӣ шудани вазъияти бонкҳо роҳбарони онҳоро муқассир дониста гуфта буд, онҳо ба ҷои истифодаи оқилонаи маблағҳо ба “сохтмони биноҳо машғул шудаанд” ва дар натиҷа бонкҳоро ба ин ҳол оварданд.

Ҳарчанд Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳоло шартҳои худро ошкор намекунад, аммо ба эҳтимоли зиёд ин шартҳо аз “беҳтар кардани менеҷменти бонк”, “шафофоияти бештар” ва ё аудити беруна ва оммавӣ кардани муҳтавои он иборат хоҳад буд. Ҳоло дар Тоҷикистон ҳазорон муштарии бонкҳо, музди маош ва пасандозҳояшонро аз суратҳисобашон гирифта наметавонанд.

Навбатпоии муштариён барои гирифтани маош тариқи кортҳои Тоҷиксодиротбонк дар моҳи марти соли равон ба авҷи худ расид ва айни ин манзара ҳоло дар назди бинои Агроинвестбонк ба мушоҳида мерасад. Ин бонк ҳам ҳоло пардохти пулро аз суратҳисоби муштариёнаш то 500 сомонӣ маҳдуд кардааст.

Ба устувории бонкҳо бовар нест?

Ҳукумат аз оғози буҳрон, ки аслан бо шадидан коҳиш ёфтани пулҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон расид, талош мекард, тавваҷуҳи созмонҳои байналмилалиро ба бонкҳои заифшуда ҷалб кунад, то онҳо бо расонидани кумаки молиявӣ бонкҳоро аз вазъияти ногувор бираҳонанд. Ҳамин тариқ, бо кӯшишҳои Бонки миллӣ мулоқоти намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо масъулони Тоҷиксодиротбонк дар Тоҷикистон ва Бритониё доир шуд.

Аммо Ашраф Шарифов, таҳлилгари умури бонкӣ дар Тоҷикистон гуфт, бо вуҷуди музокироти доманадори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳозир нашуд бевосита ба бонкҳо кумак кунад. “Барои Тоҷикистон роҳи аз ҳама хубтар ин буд, ки БАТР бар ивази саҳмияҳои бонкҳо ба онҳо пул дода онҳоро аз вазъи ногувори молиявӣ берун кашад. Аммо ин бонк ба ин кор розӣ нашуд ва изҳороти кунуниаш аз он дарак медиҳад, ки танҳо ба давлат метавонад қарз диҳад ва он ҳам пас аз иҷрои чанд шарт”, - афзуд Шарифов.

Шарифов гуфт, ин амалкарди Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз он дарак медиҳад, ки ин ниҳоди байналмилалӣ ба устувории бонкҳои Тоҷикистон чандон бовар надорад ва ҳозир аст, танҳо ба давлат пул диҳад. “Чунки дар сурати зарурат метавонад, аз давлат пули худро бозпас бигирад”, - илова кард ӯ.

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон 12 дарсади саҳмияҳои Агроинвестбонкро дар ихтиёр дорад. Ин бонк яке аз сармоягузории аслии Тоҷикистон аст ва то ба ҳол дар кишвар беш аз 100 тарҳро ба қадри 606 миллион евро сармоягузорӣ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG