Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як донишҷӯи соли дувуми донишгоҳи Қашқадарё 4 донишҷӯи соли чоруми ин донишгоҳро корд задааст.

Як донишҷӯи соли дувуми донишгоҳи Қаршӣ 4 донишҷӯи соли чоруми ин донишгоҳро корд задааст.Бино ба гузориши бахши узбакии Радиои Озодӣ, дар натиҷаи ин кордзанӣ, ки ҳангоми пахтачинӣ дар ноҳияи Нишони вилояти Қашқадарё рух додааст, Козим Амонов билофосила ҷон бохта, дуи дигарро ба бемористон бурдаанд. Захмҳои бардоштаи донишҷӯи чорум сабуктар хонда шудааст.

Акрам Ӯролови 23-соларо бо ҷурми куштор ба ҳабс гирифтаанд.
Мақомоти вилояти Қашқадарё алайҳи ин донишҷӯ бар асоси банди 97-уми Кодекси ҷиноии Узбакистон( куштори барқасдона) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.
Гуфта мешавад, Акрамро донишҷӯёни соли чорум маҷбур кардаанд, ки пахтаи бештар бичинад ва ҳамин баҳси гӯё марбут ба масъалаи "дедовшина" дар ниҳоят сабаби занонзанӣ ва дар ниҳоят кордкашии маргбор байни онҳо шудааст.

Бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯяд, ин дувумин мавриди марги пахтачинҳо дар вилояти Қашқадарё дар ҷангуби Узбакистон дар маврсими имсола аст. Рӯзи 9 сентябр Мухлиса Раҷабова, донишҷӯи 17-солаи коллеҷи агросаноатии Қаршӣ ҳангоми пахтачинӣ дар ноҳияи Қаршӣ аз зарбаи нирӯи барқ ҳалок шуд.

Ҳарсол дар бораи даҳҳо чунин мавриди ҳалокати афрод, аз ҷумла наврасону донишҷӯён, дар ҷараёни маъракаи пахтачинӣ, ки дар Узбакистон ва дигар кишварҳои Осиёи Макарзӣ бо ҷалби амалан иҷбории мардум ба ин маърака сурат мегирад, гузориш мерасад.

Узбакистон солона беш аз 3 миллион тонна пахтаи хом ҷамъоварӣ мекунад ва панҷумин содиркунандаи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Вале созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ки ҳосили пахта дар Узбакистон бо ҷалби фаровони нирӯи кӯдакон ҷамъ оварда мешавад.

Ба ҳисоби Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи масоили Шарқу Африқо, дар ҳар мавсими пахтачинӣ дар Узбакистон то 2,8 миллион кӯдаки аз 10-сола боло ҷалб мешаванд. Мақомоти Узбакистон иҷбори кӯдакон ба пахтачиниро радд мекунанд ва мегӯянд, дар асл ин “кумаки ихтиёрии онҳо ба волидайнашон” аст. Амм дар пайи эътирози ҳомиёни ҳуқуқ, чандин ширкати маъруфи дунё, аз ҷумла Tesco, Gap, Marks & Spencer ва Wall-Mart , ҳатто маҷбур шуданд, то аз харидории нахи пахтаи Узбакистон даст бикашанд.

Мояи дигари интиқодот ин аст, ки аз фурӯши пахта асосан давлат ва чанд ширкати олигархии наздик ба мансабдорон сӯд мебаранд ва ба деҳқонони оддии узбак тақрибан чизе намерасад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Узбакистон ба сурати умум солона аз фурӯши нахи пахта чизе дар давру бари 1 миллиард доллар фоида мегирад. Фоидае ки дар баҳои азобу машаққати тақрибан ғқуломона ва хеле каммузди миллионҳо зану кӯдак ва гоҳо, чун дар мисоли ду намунаи ахир дар вилояти Қашқадарё, ҳатто дар баҳои ҷони пахтачинҳо ба даст меояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG