Пайвандҳои дастрасӣ

Исмоил Талбаков: Садамаи Сорбон як амри тасодуф буд


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Исмоил Талбаков садама бо ширкати писараш Сорбонро, ки дар он як марди 46-сола ҳалок шуд, амри тасодуф номид ва гуфт, тамоми корро карданд, ки он мардро аз марг наҷот диҳанд, вале...

Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва ноиби раиси ҳизби коммунист, садамаи писараш – Сорбони 25-сола ва дар пайи он ба ҳалокат расидани як пиёдагардро амри тасодуф донист. Ӯ рӯзи 14 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳеч кас аз чунин ҳодисаҳои техникӣ эмин нест. Шахсан аз ин ҳодиса сахт ғамгин ҳастам, аммо ҳарчӣ Худо хоҳад, ҳамон мешавад ва аз дасти мо коре сохта нест”.

Исмоил Талбаков мегӯяд, баъд аз шунидани хабари садама зуд ба ҷои ҳодиса омада, пиёдагарди маҷрӯҳро ба бемористон бурдаанд. “Мо шаб дар бемористон будем ва тамоми доруву дармонашро овардем. Зиёд мехостем, барояш чизе нашавад ва сиҳату саломат ба хонааш бозгардад, вале даргузашт. Ҳоло дар хонаашон ҳастем”,- афзуд ӯ.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Сорбон Талбаков рӯзи душанбе ҳангоми ҳаракат дар роҳи пойтахт бо мошинаи тамғаи “Опел-Астра” Ҷамол Ғуломови 46-соларо пахш карда, боис ба ҳалокати ӯ шудааст. Дар иттилоияи ВКД гуфта шудааст, “Сорбон Талбаков ҳангоми ҳаракат ба самти кӯчаи Федини пойтахт, дар рӯ ба рӯи истгоҳи нақлиётии мусофиркашонии байнишаҳрӣ, пиёдагард Ҷамол Ғуломови 46-ро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.”

Исмоил Талбаков

Исмоил Талбаков

Аммо ба гуфтаи Исмоил Талбаков, “ҳарчанд дар бораи нафари фавтида ҳарфе гуфтан ҷоиз нест, вале ҳаминро мегӯям, ки хато аз ӯ ҳам гузашта буд. Аввалаш ки ӯ бо асобағал буда, баъдан ба ҷои он ки аз роҳи зеризаминӣ ё гузаргоҳ гузарад, аз роҳи номуносиб ҳаракат доштааст. Бачаи ман ҳам намехост ӯро бизанад, вале ногаҳон аз пеш баромада, ба мошин бархӯрдааст.” Оқои Талбаков мегӯяд, мақомоти пулис ҷои ҳодисаро ба қайд гирифта, таҳқиқ кардаанд ва тамоми корашон бар асоси қонун сурат мегирад.

Ин нахустин мавриди садамаҳои ҳалокатбор бо ширкати фарзандони афроди шинохта ва баландпоя дар Тоҷикистон нест. Дар соли 2012 дар як чунин садама дар роҳи Ваҳдат як кӯдак зери чархҳои мошини Муҳаммад Тилозода - писари вакили порлумон ва раиси ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ монда, ҷон бохт. Муҳаммад баъди он садама як моҳро пушти панҷара ба сар бурда, баъдан бо пардохти ҷарима озод шуд.

Расули Амонуллоҳ

Расули Амонуллоҳ

Дар октябри соли 2013 садамаи пурқурбоние дар маркази Душанбе, ки дар он 3 нафар кушта ва 4 тан маҷрӯҳ шуданд, сару садои зиёд кард. Вазорати корҳои дохилӣ ибтидо хабар дод, ки пушти фармони мошини БМВ, ки сабабгори садама шуд, Расули Амонуллоҳ, писари 16-солаи раиси вақти ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ нишаста буд. Боздошт нашудан ва бар илова баъди чанд соат озодона ба Олмон рафтани Расули Амонуллоҳ мавҷи интиқодҳо дар матбуотро барангехт. Аммо баъди ним соли ин ҳодиса вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода ба хабарнигорон гуфт, бо вуҷуди 7 ташхис даст доштани Расул дар ин садама исбот нашудааст.

Охирин чунин маврид садамаи соати чори субҳи 28 сентябр буд. Фирӯз Холиқзода, ёвари додситони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба он айбдор мешавад, ки соати чори субҳи 28 сентябр дар назди меҳмонхонаи "Ҳятт Реҷенси" дар маркази пойтахт бо “Мерседес”-аш роҳрӯби 53-сола Зеварбону Пироваро пахш кард. Ин зан дар натиҷаи садама ҷон бохтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG