Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади ду варзишгар аз дарёи Варзоб ёфт шуд ( 3 АКС)


Ҷасади ду тан аз варзишгарони наврас, ки рӯзи гузашта мошини онҳо дар Варзоб ба дарё сарозер шуда буд, ёфт шуд.

Раҳматшоҳ Камолов, сардори раёсати варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон рӯзи 24 июн ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ҷасади ду тан аз ин варзишгарон, ки рӯзи гузашта мошини онҳо дар дараи Варзоб ба дарё сарозер шуда буд, чанд лаҳза қабл аз тарафи наҷобахшон пайдо шуданд. Ӯ гуфт, ки наҷотбахшон яке аз ҷасадҳоро дар маҳали Чорбоғ ва дигареро дар обанбори Варзоб пайдо кардаанд.

Раҳматшоҳ Камолов аз ҷои ҳодиса дар шарҳи ин фоҷиа гуфт, ки "ин ҳодисаи нохуш бегоҳи 23 июн тахминан соати 5 дар дараи Варзоб баъди гузаргоҳи Майхӯра рух додааст. Мошини тамғаи Опел-Астра G", ки ронандааш Эҳромхон Исоеви 44-сола, мураббии мактаби варзишии кӯдакону наврасони захоири олимпии шаҳри Истаравшан буд, бо панҷ шогирди худ ба дарё сарозер шуданд. Ҷасади ронанда Эҳромхон Исоев ва писари ӯ Саидамир Исоевро имрӯз 24 июн наҷотбахшон аз дарё берун оварданд. Ҷасади се нафари дигар -- писари ронанда Саидусмон Исоев ва ду варзишгари навраси дигар Исмоил Ҳамдамов ва Беҳрӯз Ҳомидов то ҳанӯз пайдо нашудаанд. Аз ин шаш нафар, ки дохили мошин буданд ва аз Истаравшан ба Душанбе барои ширкат дар мусобиқаи ҷумҳуриявии наврасони солҳои таваллудашон 1999-2002 оид ба баскетбол ба Душанбе меомаданд, танҳо як нафар Ҳусейн Исоеви 13-сола ҷон ба саломат бурдааст."

Ин масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ афзуд, ки як гурӯҳ аз варзишгарон ва мутахассисони соҳаи варзиш довталабона ба наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ дар ҷустуҷуи афроди нопадидшуда кӯмак мерасонанд.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷустуҷӯи ҷасадҳои боқимонда идома дорад. Як манбаъ дар ин ниҳод ба "Озодӣ" гуфт, ки ҷустуҷӯи ҷасади се тани боқимонда ҳамоно идома дорад. Манбаъ мегӯяд, вазъи Исоев Ҳусейнхон, ки ҳангоми сарозер шудани мошин наҷот дода шудааст, хуб аст ва ӯ феълан зери муоинаи пизишкор қарор дорад.

Як шоҳиди ҳодиса шоми 23 июн ба Озодӣ гуфта буд, ки яке аз ин варзишгарон шишаи мошинро шикаста, худро халос кардааст. Шоҳиди ҳодиса хабар дод, ки мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва милиса дар маҳалли ҳодиса барои раҳо кардани ғарқшудагон амалиёти наҷотро шурӯъ кардаанд.

Вале ба гуфтаи ҳаммсӯҳбати мо маҷрои тунди дарёи Варзоб ба ғаввосон иҷозат намедод, ки ғарқшудагонро наҷот диҳанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, як мушкили наҷотдиҳандагон набуди таҷҳизоти муосири наҷотдиҳист: “Онҳо танҳо қад-қади дарё як сим кашидаанд, ки тавассути он ғаввосон ба сӯи мошинҳои ғарқшуда мераванд. Вале азбаски маҷро хеле тунд аст дар ин қисмат, то ҷое ки мошинҳо сарозер шудаанд, расида наметавонанд ва пас мегарданд.”
XS
SM
MD
LG