Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тендерҳо ҳам хусусияти коррупсионӣ пайдо кардаанд."


Дар тендери омода кардани рақами давлатии мошинҳо дар Оҷонсии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии Тоҷикистон, ширкате ғолиб омад, ки қимати аз ҳама баландро пешниҳод кард.

Дар ин тендер, ки бо супориши Раёсати бозрасии давлатии автомобилии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баргузор шуд, се ширкати омодакунандаи рақами давлатии мошинҳо - «Фароз», «Парки технологӣ» ва «Дурнамо» иштирок карданд. Аввалӣ барои омода кардани ҳар ҷуфти рақам 51, дуввумӣ -38, саввумӣ - 33 сомонӣ пешниҳод кард. Дар охир ширкати «Фароз», ки аз ҳама қимати баланд пешниҳод кард, пирӯз омад.

Ин вазъ мӯҷиби норизоиятии шадиди Абӯбакр Азизхоҷаев, сарвари ширкати «Дурнамо» шуд, ки аз ҳама қимати арзонро пешниҳод кард: «Тендер ҳамон гуна, ки тасаввур мекардам, ҳамон тавр гузашт. Гӯё сифати онҳо хуб. Ман ба инҳо мегӯям, ки нархи инҳо 51 сомониву нархи ман 33 сомонӣ. Алюминро аз Полша инҳо меоранд, яъне қолаби омодаро аз он кишвар меоранду рақам мезананд. Аммо ман алюмини худиро истифода мекунам. Фақат ширкати мо ин корро карда метавонад, патент дорад. Раисҷумҳур ҳамеша даъват мекунанд, ки ашёи хоми худиро истеҳсол кунем. Аммо дар асл чӣ мегузарад?»




Дар ҳамин ҳол, Аҳмед Амонхоҷаев, сарвари шӯъбаи сабти рақамҳои давлатии РБДА қабул нашудани пешниҳоди ширкати «Дурнамо» - ро ба қарзҳояш бастагӣ дод: «Аз андоз қарздор аст, аз Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ ҳам қарздор аст. Корхонааш фаъолият намекунад. Ман ҳайронам, ки ин ширкатро чӣ тавр ба тендер роҳ додаанд.»

Абӯбакр Азизхоҷаев иддаои мақомот дар мавриди қарздориашро эътироф мекунад, аммо мегӯяд, агар тендер ба нафъи ӯ мешуд, дар қиёс бо ширкати пирӯз, ӯ аз 30 ҳазор ҷуфт рақам ба буҷаи давлат 550 ҳазор сомонӣ фоида меовард. Вай афзуд, дар ҳоле? ки қарзи ӯ аз андоз 31 ҳазор ва аз БДА 200 ҳазор сомониро ташкил мекунад, ӯ ҳам ба буҷа 550 ҳазор сомонӣ фоида меовард, ҳам андозу қарзашро месупурд.

Равшан Каримов, муовини Оҷонсии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии Тоҷикистон гуфт, ҳанӯз иттилоъи пурра дар бораи ин тендер надорад, аммо он чӣ ба ӯ маълум аст, ин аст, ки санадҳои ширкати «Дурнамо» ба қонун мувофиқат намекард: «Тибқи моддаи 16 - Қонун «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии Тоҷикистон», нафаре, ки дар назди буҷа қарз дорад, ба тендер роҳ дода намешавад.»

Аммо чаро пешниҳоди ширкати дигар - «Парки технологӣ»-и Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ки барои омода кардани ҳар рақам 38 сомонӣ пешниҳод мекард, низ қабул нашуд? Оқои Амонхоҷаев гуфт, ин ширкат дастгоҳҳои зарурӣ барои омода кардани рақамҳои давлатиро надорад.

Аммо Баҳор Эркаев, сарвари ин ширкат мегӯяд, агар воқеан супоришгарон хоҳанд, ки барояшон моли арзон омода шавад, мушкиле барои иҷрои супориш надоранд: «Мушкили мо фақат оғози кор буд, яъне то шурӯъ як - ду ҳафта мерафт. Ростӣ, ҳоло имконияти масалан дар рақам ҷой додани рамзҳои давлатиро надорем, аммо ин кори як-дуҳафтаина барои мост. Аммо ман фаҳмидам, ки ин кори мо нест. Ҳис мекунам, ки бӯи сиёсат мекунад. Фақат ҳаминро мегӯям, ки «Парки технологӣ» ҳамчун шахси ҳуқуқӣ вуҷуд дорад ва имкониятҳояш ҳам хеле васеъ мебошад.»

Маъмулан тендерро корхонаҳои давлатӣ барои арзону босифат иҷро кардани супоришҳои худ ва ҳадафмандона истифода бурдани буҷа истифода мекунанд. Аммо чаро тендер дар Тоҷикистон ин гуна нест ва бештар музояда ё ауксионро мемонад?

Коршиносон мегӯянд, мавориди зиёде ҳастанд, ки дар тендерҳои бузург, манзур бо маболиғи калон ширкату корхонаҳое пирӯз меоянд, ки ё нав дар дохилу хориҷ сабт шуда, худ иҷрогар нестанд ва ё аз пуштибонии афроди боломақому наздиконашон бархӯрдор мебошанд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, тендерҳои Тоҷикистон зоҳирӣ буда, моҳиятан озмуне ҳастанд, ки на барои ҳадафмандона истифода шудани буҷаи кишвар, балки баръакс барои бештар аз худ кардани он роҳандозӣ мешаванд: «Мутаассифона, азбаски дар Тоҷикистон коррупсия характери сартосарӣ дорад, ҳамчунин тендерҳо ҳам хусусияти коррупсионӣ пайдо кардаанд. Ҳақиқатан, ин ҳол хандаовар аст. Хандаовар, ки ширкате, ки нархи баландро пешниҳод мекунад, баранда мешавад, аммо ширкате, ки нархи паст ва сифати баландро пешниҳод мекунад, гузашта наметавонад. Ба гумони ман, дар шароити нисбатан ноороми имрӯз, бо назардошти ҳаводиси олами араб, идомаи ин амалия аз рӯи ақли солим нест.»

Дар посух ба суоли мо, ки аз мақомот доштем, «оё дар тендер қонун муҳимтар аз манфиати буҷа аст?» мақомот посухи рӯшан надоданд. Ба қавли онҳо, нақзи қонун ҷавобгарӣ дорад ва онҳо наметавонанд аз доираи он берун шаванд. Аммо коршиносон мегӯянд, қавонини Тоҷикистон дар ин маврид бар зарари буҷа тамом мешаванд, дар ҳоле ки навоқиси онҳоро метавон ба таври истисноӣ ба манфиати буҷаи кишвар истифода кард.
XS
SM
MD
LG