Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омбудсмен: "Паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо сиёсӣ нестанд". ВИДЕО


Зариф Ализода

Зариф Ализода

Омбудсмени Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафи паноҳҷӯии шаҳрвандони кишвар дар Аврупо, бахусус Лаҳистон (Полша), "на дарёфти паноҳгоҳи сиёсӣ, балки фақат роҳ ёфтан ба ин кишварҳост".

Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, рӯзи 4 август дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, "аксари онҳое, ки аз Аврупо дархости паноҳандагӣ мекунанд, муҳоҷирони кории тоҷиканд, ки дар гузашта ё дар Русия ё Украина кор мекарданд." Ализода таъкид кард, теъдоди онҳое, ки аз Лаҳистон паноҳандагӣ хостаанд, ба 500 нафар меарсад.

"Шумо медонед, ки тибқи қоидаҳои нави муҳоҷират дар Русия агар патенти яксола надошта бошӣ, аз 3 моҳ зиёд истода наметавонӣ. Бинобар ин, аз фурсат истифода бурда бисёриҳо аз чунин механизм кор гирифта гузаштанд," – афзуд ӯ. Аммо, ба қавли омбудсмен, онҳое, ки барои кору зиндагӣ ба Аврупо мераванд, паноҳандаи сиёсӣ нестанд ва дар Тоҷикистон ҳам нисбат ба онҳо фишор ё парвандае нест.

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳоло дар Лаҳистон интизори посухи мақомоти он кишвар ба дархости паноҳандагияш ҳаст, гуфт, онҳо барои пайравӣ аз ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ дар кишвар таъқиб шуда, ночор худро ба Аврупо задаанд. Ӯ гуфт, "дар инҷо ба осонӣ ҳаққи паноҳандагиро намедиҳанд ва борҳо санаду иддаои мо дар бораи паноҳандаи сиёсӣ буданамонро тафтиш мекунанд."

Бино ба иттилои идораи кор бо хориҷиёни Вазорати корҳои дохилаи Лаҳистон (Полша), дар зарфи якуним соли охир ҳудуди 1200 шаҳрванди Тоҷикистон аз Лаҳистон (Полша) дархости паноҳандагӣ кардаанд ва аз ин шумора танҳо ба як нафар расман мақоми паноҳанда додаанд.

Якуб Дудзяк, сухангӯи раҳбари Идораи кор бо хориҷиёни Лаҳистон, рӯзи 30 июни соли ҷорӣ дар як посухи хаттӣ ба Озодӣ навишт, “аз оғози соли равон, 650 шаҳрванди Тоҷикистон барои таъмини ҳимояти байналмилалиашон ба Лаҳистон дархост додаанд. Аз ин шумор дар 4 мавриди посухи манфӣ дода шуд ва 533 қазияи дигар аз сӯи Идораи кор бо хориҷиён бекор карда шуд.”

Якуб Дудзяк дар номааш афзуд, ки дар соли 2015 низ 541 шаҳрванди Тоҷикистон аз Лаҳистон дархости паноҳандагӣ карда буданд, вале аз ин шумор “танҳо 1 нафар мақоми расмии паноҳанда гирифт ва дар 18 маврид ҷавоби манфӣ дода шуд. 498 дархости дигар бекор карда шуд, чунки ин хориҷиҳо дархостҳои худ ҷиҳати таъмини ҳимояти байналмилалиро пас гирифтанд (барои мисол, ба далели тарки қаламрави Лаҳистон).”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG