Пайвандҳои дастрасӣ

Поёни ҳамоиши кумитаҳои миллии олимпии ИДМ


Рӯзҳои 29-30 сентябр дар Ереван ҳамоиши роҳбарону намояндагони кумитаҳои миллии олимпии ИДМ, кишварҳои Балтик ва Гурҷистон доир шуд.

Ин ҳамоишро Кумитаи миллии олимпии Арманистон бо дастгирии барномаи "Ҳамраъйии олимпӣ" дар ҳамкорӣ бо ҳамонҳангсози ҳамоишҳои ИДМ ташкил намуд.

Дар ин ҳамоиш ҳудуди 50 нафар роҳбарону намояндагони кумитаҳои миллии олимпии 14 кишвари собиқи шӯравӣ (ба истиснои Озарбойҷон), инчунин роҳбарони кумитаҳои олимпии Лаҳистон, Черногория, Фаронса ва Сан-Марино иштирок доштанд.

Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш нахуст Гагик Сарукян, раиси Кумитаи миллии олимпии Арманистон, дар бораи фаъолияти 25-солаи Кумитаи миллии олимпӣ, дастовардҳо ва рушди ҳаракати олимпӣ дар ин кишвар иттилоъ дод.

Баъдан ҳамоҳангсози ҳамоишҳои ИДМ, кишварҳои Балтик ва Гурҷистон Юрий Юрев, ки раҳбари Раёсати ташкилии Кумитаи олимпии Русия мебошад, зимни суханрониаш иброз дошт, ки ин ҳамоиш барои ҳабдаҳумин бор баргузор шудааст ва ҳамагӣ ҳашт кишвар мизбони чунин ҳамоишҳо гардидаанд. Вай афзуд, соли гузашта ҳамоиши мазкур дар Гурҷистон барпо гардида буд. Ереван баъди панҷ сол боз макони ҳамоиши роҳбарону намояндагони кумитаҳои миллии олимпии ИДМ, кишварҳои Балтик ва Гурҷистон шуд.

Сипас, меҳмонони олимақоми ин ҳамоиш - раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, ки ҳамзамон президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) мебошад, инчунин, президенти Кумитаи олимпии Аврупо ва раиси Кумитаи миллии олимпии Ирландия Патрик Хикки - аз баргузории ҳамоиш дар сатҳи баланд изҳори хушҳолӣ намуда, ба ширкаткунандагони ҳамоиш барори кор ва комёбиҳо орзу намуданд.

Дар ҷараёни мулоқоти дурӯза ширкаткунандагони ҳамоиш дар бораи роҳҳои шавқовари рушди ҳаракати олимпӣ дар кишварҳои худ, барномаҳои миллии зидди доруҳои мамнуъ, масоили ҳалталаби инкишофи ҳаракати олимпӣ маърӯзаҳо карда, инчунин оид ба омодагии дастаҳои мунтахаб ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия табодули таҷриба намуданд.

Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, намояндагӣ кард. Вай дар мавзӯи «Саҳми хабарнигорони варзишӣ дар рушди варзиш ва ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон” маърӯза намуд.

Дар ҷараёни ин ҳамоиш рӯзи 29 сентябр ба муносибати ҷашни 25-солагии Кумитаи миллии олимпии Арманистон чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ доир шуд. Чунончи, маросими кушоиши бинои нави қароргоҳ ва Маҷмааи олимпӣ (Олимпаван) дар Давидашен барпо гардид. Шоми сешанбе дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Александр Спендиаряни шаҳри Ереван шабнишинии ботантана бахшида ба ҷашни 25-солагии таъсисёбии Кумитаи миллии олимпии Арманистон доир шуд.

Дар ин чорабиниҳо Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, Патрик Хикки, сарвазири Арманистон Овик Абраамян ва раҳбарону намояндагони кумитаҳои миллии олимпии ИДМ, кишварҳои Балтик ва Гурҷистон, инчунин дигар меҳмонони даъватшуда ширкат варзиданд.

XS
SM
MD
LG