Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили Дума: Аз Путин танҳо 25 % тарафдорӣ мекунанд


Як вакили маҷлиси вилояти Курски Русия Олга Ли бо пахши муроҷиатномаи видеоие ба номи президент Путин ӯро дар бадбахтиҳои ин кишвар айбдор кардааст.

Олга Ли, сардабири нашрияи ”Народный журналист” дар вилояти Курски Русия ва ҳам вакили Думаи вилоятӣ президент Владимир Путинро дар тарафдорӣ аз мақомдорони фасодкор, таблиғи хушунат тавассути телевизионҳои давлатӣ ва ҳам суқути низоми иқтисодии Русия айбдор кард. Дар як муроҷиатномаи видеоии худ, ки аз 5:38 дақиқа иборат аст, Олга Ли мегӯяд, ки Путин охирин умеди мардумро барои беҳбудёбии вазъ дар кишвар барбод дода, мардумро аз ҳақи интихоби вакилон маҳрум кардааст. Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши русии радиои Озодӣ Олга Ли гуфт, фасоди сартосарӣ ва қонунҳои “зиндон”, ки ҷои конститутсияро гирифтаанд, ӯро водор кард, ки садо баланд кунад.

Вай гуфт, таҷрибаи чандинсолаи ӯ, ба ҳайси журналист ва вакили маҷлис, дар амри мубориза бо коррупсия дар вилояти Курск натиҷа надод. Ӯ мегӯяд, додситони вилоятӣ Александр Филимонов ҷиноятҳои марбут ба фасодкориро, ки аз ҷониби мақомоти сатҳи мухталиф, аз ҷумла зердастони додситони кулл содир мешаванд, пинҳон мекунад. Вай гуфт, вақте муроҷиати хаттии ӯ ба Путин натиҷа надод, қарор кард ба номи ӯ як муроҷиати видеоие сабт карда дар Интернет пахш кунад, то ки “Путин бидонад”, ки фикри ӯ дар бораи президент чист.

Олга Ли гуфт, ки дар номаҳояш ба унвонии президент Путин дар бораи ҳодисаҳои хариду фурӯши манзилҳои кӯҳнаву фарсуда ва муомилот бо заминро дар маркази шаҳри Курск аз ҷониби шаҳрдорӣ мавриди интиқод қарор додааст, вале таҳаввулоти ҳодисаҳо нишон додааст, ки ин ҳамарододситонӣ нодида гирифтааст. Вай мегӯяд, ки додситонӣ бо шаҳрдорӣ забон як карда, даст ба фасод мезанад.

Дар бораи мизони маҳбубият ва ё рейтинги Путин дар чашми сокинони вилояти Курск Олга Ли гуфт, натиҷаҳои пурсишҳои расмӣ ҳокист, ки президент аз маҳбубияти аксарияти ҷомеаи Русия бархурдор аст. Вай гуфт, шубҳа ба ин арқом ӯро водор кард, ки пурсиши алтернативии худро дар заминаи рейтинги аъзои маҷлиси вилоятӣ аз ҳизби “Русияи Воҳид” ва ҳам худи Путинро барпо кунад. Натиҷа ин шуд, ки Путин танҳо дар миёни 25 дар сади сокинони ин вилоят маҳбубият доштааст ва ин рақам ду баробар ва дар баъзе навоҳӣ се баробар камтар назар ба натиҷаҳои пурсиши расмии афкори умум будааст.

Бар асоси ин пурсиш Ли мӯътақид аст, ки мизони воқеии маҳбубияти Путин дар саросари Русия ҳам аз ҳад беш нишон дода мешавад. Олга Ли мегӯяд, ки мардуми маҳаллӣ аз фаъолияти додситони вилоят шадидан норозӣ аст ва азбаски ӯро худи Путин таъин кардааст, ҳама хилофкориҳои дигари додситони вилоятро ҳам ба Путин рабт медиҳанд. Ба саволи радиои Озодӣ дар бораи вокуниши додситонии вилоят ба муроҷиати танқидомези ӯ ба Путин, Олга Ли гуфт, ки нашрияи зери дасти ӯ баъди ин пайваста зери фишор қарор дорад.

Як журналисти ин нашрияро ба се рӯз ҳабс карда, худи ӯро марде бо корд таҳдид кардааст, аз ин пеш ӯро барои сабти гузорише дар пасманзари додситонии вилояти Курск ба маблағи 30 ҳазор рубл ҷарима бастанд. Вай мегӯяд, ӯро пайваста муттаҳам мекунанд, ки “ҷосуси вазорати хориҷаи Амрико” аст. Ӯ мегӯяд, вақте мақомоти дохилӣ талош мекунанд созмонҳои ҷамъиятиву фаъолони сиёсиро сиёҳ кунанд ва онҳоро душмани ҷомеа ва ҳукумат талаққӣ диҳанд, бояд бидонанд, ки дар асл худи мақомот хилофи арзишҳои қонун ва ҳам пешрафти ҷомеа амал мекунанду душмани ин кишвар ҳастанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG