Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даҳҳо занони солдида дар шаҳри Кӯлоб хона ба хона гашта, духтарони ҷавонро дарси оиладорӣ меомӯзонанд, то дар зиндагӣ ба мушкилӣ гирифтор нашаванд.

Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Кӯлоб як гурӯҳи 25-нафарии занони солмандро, ки синашон аз 70 болост, ҷамъ оварда ба занону духтарони ҷавон аз таҷрибаи андӯхтаашон дарси оиладорӣ меомӯзонанд.

Саида Нуряминова, сардори шӯъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Кӯлоб чоршанбеи 4 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло онҳо корро шурӯъ кардаанд ва ҳар ҳафта як маротиба занон дар маҳалҳои худ хона ба хона гашта, ба духтарони ҷавон ва хонаводаи онҳо сӯҳбат ороста, ба онҳо дарси оиладорӣ меомӯзонанд. Хонум Нуряминова афзуд, ки ба ин кор бештар заноне ҷалб шудаанд, ки то охири ҳаёт ҳамроҳи ҳамсар ва хушдоман ба сар бурдаанд. Ӯ мегӯяд, ки ин шояд ба духтарони ҷавон як дарсе шавад ва дар оянда ҷудошавии оилаҳои ҷавон кам гардад.

Саида Нуряминова

Саида Нуряминова

"Ҳозир мо 25 занони солдидаро, ки рӯзгорашон хуш гузаштааст, ҷамъ овардем, то ба духтарони ҷавон дарси оиладорӣ омӯзонанд. Ҳоло ин занон дар маҳалҳои худ хона ба хона гашта, ба духтарон пухту паз, ҳурмату эҳтиром дар назди хусуру хушдома ва тарзи суханрониро меомӯзонанд",--гуфт Саида Нуряминова.

Ин барои аввалин бор аст, ки дар Кӯлоб як гурӯҳи вижаи занони солманд ташкил шуда, духтарони ҷавонро дарси оиладорӣ меомӯзанд. Тибқи омори расмӣ, соли гузашта дар Кӯлоб 186 оила аз ҳам пошиданд, ки ҳудуди 100 нафари онро оилаҳои ҷавон ташкил додааст.

Аслбӣ Шарифова, як зани 76-солаи Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ қисса кард, ки дар маҳаллаи Борбад даҳҳо духтарони ҷавонро аз рӯзгори гузашта худ омӯзонида ва ҳоло онҳо дар зиндагияшон муваффақанд. Хонум Шарифова афзуд, ки яке аз онҳо ҳамсояи худи ӯ буд, ки замоне куч баста ба маҳаллаи онҳо омад, равғанро ба дег андохта наметавонист. Ӯ мегӯяд, ки баъди фаҳмонидану гуфтанҳо, ҳоло он духтар яке аз ҳалвопазони моҳир дар маҳалла ба ҳисоб меравад.

Аслбӣ Шарифова

Аслбӣ Шарифова

"Пошхӯрии аксари оилаҳои ҷавон ин тайёр набудани духтарон аст. Падару модарон фақат дар ҳоле, ки духтаро барои зиндагӣ омода нест, ӯро ба шавҳар медиҳанд. Масалан, як ҳамсояи ман кӯч баста омад, равғанро ба дег андота наметавонист. Хостанд ба шавҳар диҳанд, аммо ман нагузоштам. Ба он духтар нозукиҳоро омӯхтам, ҳоло ӯ як кадбонуи хуби хона аст. Ҳамин тавр ҳар саҳар ба чанде аз хонаҳо рафта бо духтарони ҷавон дар мавриди оиладорӣ сӯҳбат мекунам",--гуфт мусоҳиби мо.

Аммо коршиносон мегӯянд, ки бештари пошхӯрии оилаҳо аз надоштани манзили зишт ва шароити танг аст, рух медиҳанд. Ба эътиқоди Лутфия Салихова, коршиноси маҳаллӣ дар минтақаи Кӯлоб, ин иқдом хуб аст, аммо беҳтар мебуд гурӯҳи дигар таъсис ёбад, то аз вазъи иҷтимоии хонаводаҳо хабардор шавад. Хонум Салихова гуфт, ки бештари занони тоҷик ҳуқуқи худро намедонанд. Ӯ мегӯяд, ки дар бархе хонаводаҳо панҷ келин ва то 30 набера ба сар мебарад ва билохира аз надошти ҷой, оилаҳо аз ҳам мепошанд.

Лутфия Салихова.

Лутфия Салихова.

"Ин гурӯҳ агар дарси оиладорӣ биомӯзад, бояд як гурӯҳи дигар ташкил кунанд, дар он низ занони солманд ҷамъ шаванд ва рафта тадқиқот гузаронанд, хонаводае, ки ду-се оила аст, пешниҳод кунанд ба ҳукумат, ҳукумат замин ҷудо карда ба ин оилаҳо диҳад. Дар ин ҳолат пошхӯрии оилаҳо низ кам мешавад. Ман чандин аз ин хел занонро аз ҳуқуқҳояшон дифоъ кардам, ки аз пушти замин, оилаи ҷавон аз ҳам пошид. Дарси оиладорӣ хуб аст, аммо аз ҳама аввал нақши доштани ҷои зист дар оилаҳо дар миён мебошад. Ҳоло аксари ҷудошавии оилаҳо низ аз пушти хона ва замин аст ", --гуфт Лутфия Салихова.

Зимнан, соли гузашта дар Тоҷикистон бештар аз 9 ҳазор хонавода расман аз ҳам пошиданд. Бар асоси иттилои расмӣ, бештар аз 4 ҳазори занони талоқгирифта, барои гирифтани алимент ва макони зист аз болои шавҳарони худ ба додгоҳҳои Тоҷикистон шикоят бурдаанд.

Аммо таъсиси гурӯҳи занони солдида ва дарси оиладорӣ, барои аввалин маротиб аст, ки аз Кӯлоб оғоз шуд. Ба гуфтаи масъулони шаҳрдории Кӯлоб, агар ин таҷриба натиҷа дод, онро ба дигар гӯшаҳои Тоҷикистон пешниҳод мекунанд, то садди ҷудошавии оилаҳо ва омода кардани духтарон дар зиндагӣ шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG