Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии панҷ давлат аз тамдиди таҳримҳо алайҳи Русия


Албания, Лихтенштейн, Норвегия ва Черногория аз тамдиди таҳримҳо алайҳи Русия то 15 марти соли 2017 пуштибонӣ карданд. Изҳорот дар ин бора дар сомонаи дафтари матбуоти Федирики Могерини, раҳбари умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо нашр шуд. Дар изҳорот, инчунин, гуфта шудааст, ки Иттиҳоди Аврпуо аз ин қарор истиқбол мекунад.

Таҳримҳо алайҳи Русия тобистони соли 2014 дар посух ба ишғоли нимҷазираи Қрим ва пуштибонии Русия аз ҷудоихоҳони шарқи Украина ҷорӣ шуданд. Ин таҳримҳо бар зидди сохтори моливу энергетикиии Русия равона шуда, ҳар шаш моҳ дароз карда мешаванд.

Моҳи сентябр Шӯрои Иттиҳоди Аврупо қарор кард, ки таҳримҳо бар зидди 149 шаҳрванд ва 37 ширкати Русияро то 15 марти соли 2017 тамдид кунад. Бар иловаи ин, бар зидди Русия маҳдудиятҳои иқтисодӣ амал мекунанд, ки онҳоро Иёлоти Муттаҳида ҷорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG