Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ЗАГС баъди 25 соли зиндагии муштарак


Маҳмадшариф
Маҳмадшариф

Ҷавони 16-солае дар Кӯлоб талош дорад, то падару модараш пас аз 25 соли зиндагии муштарак никоҳи расмӣ банданд.

Ин ҷавон хишт мерезад, то аз маблағи фурӯши хиштҳо барои падару модараш ангуштари никоҳӣ бихарад. Бо гузашти 25 сол набудани чунин ангуштарӣ монеъи никоҳи расмии ҳамсарон шудааст.

Маҳмадшариф, ин ҷавони сокини Кӯлоб мегӯяд, чун волидайнаш никоҳи расмӣ надоранд, ӯро бо насаби падарӣ шиноснома намедиҳанд. Ӯро ҳарфҳое, ки «ту қонунан то ҳол падар надорӣ» сахт ғамгин кардааст ва талош дорад, то падару модарашро барои бастани ақди никоҳи расмӣ ба Шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ(ЗАГС) барад.

Маҳмадшариф мегӯяд: «Гуфтам, гувоҳнома диҳед, то ба фамилияи падарам паспорт гирам, вале гуфтанд, ки коғази ЗАГС-и падару модаратро биёр. Гуфтанд, ки танҳо дар ин сурат фарзанди падарат будани ту исбот мешавад. Чун сахт рафтам, гуфтанд, ки аз нигоҳи қонун ту ҳоло падар надорӣ. Гуфтанд, ки биё, ба фамилияи модарат кунем, аммо розӣ нашудам. Ин айб аст. Ҳама рафиқон механданд, ки модарат падаратро зӯр овардааст.»

Аммо 4 моҳи талош барои бурдани падару модар ба Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба Маҳмадшариф ҳанӯз натиҷае надодааст. Баръакси садҳо хонаводаи дигар ин ҷо модари ӯ барои ақди никоҳи расмӣ розӣ нашудааст.

Ашӯр Мадалиев, падари Маҳмадшариф мегӯяд, замони ҷавонӣ ҳамсараш хеле мехост, никоҳи расмӣ дошта бошанд, аммо ӯ розӣ нашуда буд, аммо ҳоло баръакс ҳамсараш дигар розӣ намешавад.

Ӯ гуфт: «Шукри Худо зиндагии хеле хуб дорем, коғази ЗАГС ҳам лозим нест. Дар ҷавонӣ занам мегуфт, ки биё, равем, ақди никоҳи давлатӣ бандем, аммо ман шӯхӣ мекардам, ки бо ту ба ЗАГС рафтан шарм медорам. Ин гапро ҳоло ҳамсарам ҷиддӣ гирифтааст ва мегӯяд, ки барои ба ЗАГС рафтан бо ман шарм медорад. Дар оилаи мо ҷангу ҷанҷол нест, Шукри Худо, вале ҳамсарам мегӯяд, ки ормон дошт, то дар ҷавонӣ ин корро бикунем, аммо ҳоло дигар дилаш намехоҳад, зеро бе ин коғаз ҳам соҳиби набера шудаем.»

Аммо Гулчеҳра, модари ин ҷавон мегӯяд, қасам хӯрдааст, ки дар зиндагӣ бояд ангуштари никоҳӣ ба даст кунад. Ҳоло агар бе чунин ангуштарӣ ба шӯъбаи ақди никоҳ равад, қасамзада мешавад. Дар сурати ба даст кардани ангуштарӣ ӯ розӣ ҳаст, ки ақди никоҳи расмӣ бубандад. Ин аст ки писариаш Маҳмадшариф хишт мерезад, ки ҳам ин орзуи даврони ҷавонии модараш бароварда шавад ва ҳам ӯ битавонад бо исми хонаводагии падар барои худ шиноснома бигирад.

Хонаводаҳое, ки дар Тоҷикистон аслан никоҳи расмӣ надоранд, хеле зиёд аст.
Тибқи иттилоъи расмии Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии минтақаи Кӯлоб, тайи якуним соли ахир беш 2 ҳазор хонаводае, ки аз 10 то 20 сол бо ҳам зиндагӣ карда, ақди никоҳи расмӣ надоранд, барои гирифтани «хатти ЗАГС» ба ин ниҳод муроҷиат кардаанд. Масъулини ин идора мегӯянд, ин тоифаро бештар зарурати ҳуҷҷатгузорӣ, мисли гирифтани шаҳодатномаву шиноснома, баъди чандин соли зиндагии муштарак ба ин ЗАГС меорад.

Гулҷаҳон Болтаева, мудири идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, то соли 2008 шумораи чунин оилаҳо хеле зиёд буд, ки танҳо бо никоҳи исломӣ қаноат мекарданд ва никоҳи расмиро зарур намедонистанд. Ҳоло, ба гуфтаи ӯ, ин одат хеле кам шудааст, вале аз ҳисоби оилаҳои кӯхансол чунин хонаводаҳо ҳамоно зиёд аст. Болтаева мегӯяд, қаблан бидуни никоҳи расмӣ фарзанд наметавонист, насаби падарӣ дарёфт кунад, аммо ҳоло бо сода шудани бархе аз бандҳои Кодекси оила ин имконпазир шудааст.

«Муқарар кардани падарӣ ҳаст. Падар меравад, муроҷиат мекунад, ки ҳамин фарзанд дар ҳақиқат фарзанди ман ҳаст ва ӯро бо насаби ҳамон мард мегузаронанд. Ин ҳоло ҳеҷ мушкил надорад. Қонун ба он хотир инро пешбинӣ кардааст, ки фарзандҳои зиёди оилаҳои занҳои дувум бе насаби падарӣ монда буданд ва онҳо ҳаққи даъвои моликиятро надоштанд. Ҳоло ин чиз мумкин шудааст, зеро ин ҷо ҳимояи ҳуқуқи кӯдак афзалият дорад, » - мегӯяд Гулҷаҳон Болтаева.

Аммо бисёриҳо ба он хотир никоҳи расмӣ намекардаанд, ки худро оянда аз ҷанҷолҳои эҳтимолии додгоҳӣ эмин бидоранд.

Раҳмоналӣ Раҷабов, як вакили мудофеъ мегӯяд, зиёд шоҳид будааст, ки ҷавонон ба хотири рӯзи мабодо никоҳи расмӣ намекунан, зеро метарсанд, ки дар сурати ҷудо шудан ҳамсарони онҳо метавонанд даъвои тақсими молу мулк куннд. Ба гуфтаи Раҷабов, ин як бовари ғалат аст, ки ҷавононро гумроҳ мекунад: “Онҳо фикр мекунанд, ки чун никоҳи расмӣ надоранд, агар аз ҳамсарашон ҷудо шаванд, ба фарзандашон алимент намедиҳанд ва занашон ҳам ҳуқуқи даъво ба моликиятро надорад. Лекин ин хатост. Кори зан ҳангоми ҷудо шудан каме мушкил мешавад, вале бе коғази никоҳи расмӣ ҳам дар сурати вуҷуди шоҳидон мард ӯҳдадор аст, ки ба фарзандонаш алимент ва сарпаноҳ диҳад.”

Албатта, волидайни Маҳмадшариф бидуни чунин андеша никоҳи расмӣ накардаанд ва чунин никоҳеро ҳам нозарур намедонанд. Танҳо Маҳмадшариф аст, ки ба хотири доштани “падари қонунӣ” талош дорад, то волидайнашро ба ЗАГС барад ва никоҳи онҳоро баъди 25 сол расмӣ кунад.

Тибқи иттилои расмии Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии минтақаи Кӯлоб таи якуним соли ахир беш 2 ҳазор хонаводае, ки аз даҳ то 20 сол бо ҳам зиндагӣ карда, ақди никоҳи расмӣ надоранд, барои гирифтани хати «ЗАГС» ба Идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат кардаанд.

Масъулини Идораи САҲШ мегӯянд, онҳоро танҳо зарурати ҳуҷҷатгузорӣ, мисли гирифтани шаҳодатномаву шиноснома ба ин Идора меорад.
XS
SM
MD
LG