Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти қатли Бобои Ватан, як мӯсафеди 81-солаи тоҷик дар Русия


Як муҳоҷири 81-солаи тоҷик дар вилояти Калугаи Русия аз сӯи ду сокини маҳаллӣ то мурданаш латукӯб шудааст. Ҷанозаи Ватан Ғафуровро рӯзи 11 январ ба Тоҷикистон мефиристанд.

Рӯзи 11 январ ҷанозаи Ватан Ғафуров, як муҳоҷири 81-солаи тоҷикро аз вилояти Калуга ба Тоҷикистон мефиристанд. Ватан Ғафуров, ки шаби 24 ба 25 декабр дар як ферма ҳадафи ҳамлаи ду ҷавони маҳаллӣ қарор гирифта буд, рӯзи 7 январ баъди ду ҳафтаи беҳушӣ дар бемористон даргузашт.

Бозор Каримов, яке аз муҳоҷирони тоҷики фаъол дар Калуга рӯзи 11 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷанозаи ин мӯсафеди тоҷикро, ки дар байни тоҷикони Калуга бо номи “Бобои Ватан” маъруф буд, субҳи душанбе аз тариқи Калуга ба Маскав фиристодаанд, то аз онҷо бо ҳавопаймо ба Душанбе интиқол дода шавад.

Бозор Каримов мегӯяд: “Дар масҷиди Калуга овоздиҳӣ шуд, ки инҷо гӯронем ё фиристем? Қарор ин шуд, ки ба Ватанаш бифиристем. Мардум зуд 45 000 рубл (муодили 600 доллар) пули фиристодани ҷанозаи мӯсафедро ҷамъ кард ва имрӯз роҳиаш кардем. Мо, тоҷикҳо, дар Калуга ягон 50-60 нафарем, вале ин хел гап нест, ки кӣ аз куҷост? Бачаҳои бисёр баномусанд тоҷикҳои Калуга ва то ҳол ягон мурдаамон дар роҳ намондааст. Аммо ҳайфи ин мӯсафед, ки набояд дар ин синни пирӣ дар мусофирӣ хор мешуд.”

Ҳамаи онҳое, ки ин мӯсафедро мешиносанд, мегӯянд, ӯ дар ин синни пирӣ маҷбур шудааст, ки рӯ ба ғарибӣ биорад, чунки фарзандонаш - ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон - нигоҳубинаш накардаанд.

Бобои Ватан дар як фермаи чорводорӣ дар рустои Дупли дар ноҳияи Ферзиковское вилояти Калуга кор мекард ва дар ҳамонҷо ба сар мебурд. Ин ферма ба як соҳибкори чечен тааллуқ дошт ва ӯ масъулияти назорати кори чӯпонҳояшро ба ин мӯсафеди тоҷик бовар карда буд.

Шаби 24 ба 25 декабр дар ферма ду нафар будаанд – бобои Ватан ва Аҳмади 18-сола аз Душанбе, ки дар ин ферма чӯпонӣ мекард. Аҳмад дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Соат тақрибан 15 дақиқа кам дувоздаҳи шаб буд, ки ду нафар зада даромаданд. Ҳарду ҷавон буданд ва дар даст чизе монанд ба силоҳ доштанд. Пулис баъдан ба ман гуфт, ки онҳо туфангчаи травматикӣ доштаанд. Ман якеашро зада афтодандам ва гурехта рафтаму пулисро хабар кардам. Вале то расидани пулис инҳо мӯсафедро зада куштанд.”

Далели ин ҳамла ҳанӯз маълум нест ва ин ҳам рӯшан нест, ки ҳамла ва то куштан кӯфтани ин мӯсафеди 81-солаи тоҷик аз сари авбошӣ буд ё куштор дар заминаи адовати қавмӣ? Ҳарду ҳамлагар боздошт шудаанд ва алайҳи онҳо бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Фаррух Ҳусейнов, муҳандиси тоҷики як корхонаи саноатии Калуга дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ дар бораи шахсияти Ватан Ғафуров ва чигуна ба диёри ғурбат афтодани ӯ дар овони пирӣ чунин қисса кард: “Даврони ҷавонии Бобои Ватан дар Русия гузаштааст. Ӯ ибтидо ба як зани рус издивоҷ карда, аз ӯ соҳиби ду фарзанд мешавад ва зану кӯдаконашро ба зодгоҳи худ – ноҳияи Файзобод мебарад. Аммо баъд зани русаш бо кӯдакон бармегардад ва Бобои Ватан ба як зани тоҷик издивоҷ мекунад ва аз ӯ ҳам ду духтар дорад, ки дар Файзобод ба сар мебаранд. Ӯ ягон 4 сол пеш дар Калуга пайдо шуд ва дар манзили писари хурдиаш Сергей зиндагӣ дошт. Вале розӣ набуд аз шароиташ, шикоят мекард, ки дар сарой ҷояш кардаанд.”

Бобои Ватан баъди чанде манзили писарашро тарк карда, дар масҷиди Калуга ҷо мегирад. Фаррух Ҳусейнов мегӯяд: “Ӯ кӯҳансолтарин муҳоҷири тоҷик дар Калуга буд ва бачаҳо “Бобои Ватан” гуфта, хеле эҳтиромаш мекарданд. Ва нафақат бачаҳои тоҷик. Барои ҳамин вақте хабари вафоташро дар масҷид эълон карданд, ҳама пул партофт ва 45 000 рубли лозим барои фиристодани ҷанозааш дар байни чанд дақиқа ҷамъ шуд.”

Бино ба оморҳо, ҳар сол то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Ҳар сол беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Як қисми онҳо - бар асари садамаҳои нақлиётӣ ё фалокат дар ҷои кор ва қисме ҳам, мисли Бобои Ватан, кушта мешаванд.

Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик ба озодӣ гуфт, ӯ аз номи ин созмон ба мақомоти умури дохилаи вилояти Калуга номаи расмӣ навишта, таҳқиқи фарогири қатли ӯ ва ба ҷазои сазовор расондани афродеро, ки ин мӯсафеди 81-соларо куштаанд, талаб кардааст.

Онҳое, ки Бобои Ватанро мешиносанд, мегӯянд, бо вуҷуди саргардонӣ дар ғурбат, ӯ ҳамеша орзуи бозгашт ба Файзободро дошт. Ӯ билохира баргашт, вале дар тобут.

XS
SM
MD
LG