Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар куштори сокини ҷумҳурии Қабардину Балқор муттаҳам мешавад, бо ҳукми додгоҳи Санкт-Петербург то идомаи тафтишот ба ҳабс гирифта мешавад.

Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Санкт-Петербург ҳукм кард, ки шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар куштори як ҷавони сокини минтақаи Қафқози Шимолӣ гумонбар дониста мешавад, баъди хатми мӯҳлати боздошти муваққат ба ҳабс гирифта мешавад. Ин шахс дар як занозании дастаҷамъонае, ки дар бозори Сенний гӯё миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва сокинони Қабардину Балқор рӯй додааст, ҷароҳати вазнин гирифт ва баъдтар даргузашт.

Оламафрӯз Исмоилови 21-сола рӯзи 17 апрел дар дохили қаторе, ки дар қаламрави вилояти Новгороди Русия ҳаракат мекард, боздошт шуд. Мақомоти тафтишоти Русия мегӯянд, ки Исмоилов дар бозпурсиҳои муқаддамотӣ ба гуноҳҳои худ иқрор шудааст. Мақомот мегӯянд, ки дар ҷараёни занозание, ки рӯзи 11 апрел дар хиёбони Московскии Санкт-Петербург бо ширкати тақрибан 10 нафар сар зад, “Исмоилов бо эҳсоси нафрат ва бадбинӣ ҷабрдидаро 6 захми корд зад”. Дар натиҷа, марди 33-солаи зодаи Қабардину Балқор даргузашт.

Парвандаи ҷиноие, ки аз ҷониби Кумитаи тафтишотии Санкт-Петербург боз шудааст, аз рӯи моддаи “Куштор” таҳқиқ мешавад. Як мақоми ин кумита ба Интерфакс гуфтааст, ки сабаби аслии сар задани моҷаро бо фаъолияти тиҷоратии онҳо иртибот мегирад.
XS
SM
MD
LG